Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маҷлиси ғайринавбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

13.08.2012 11:30, шаҳри Душанбе

Имрӯз таҳти раёсати Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси ғайринавбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар маҷлис масоили омодагӣ ба тирамоҳу зимистони солҳои 2012-2013 ва дигар масоили ҳалталаб баррасӣ шуд.

Доир ба мавзӯи асосии маҷлис ахбори Сарвазири кишвар Оқил Оқилов шунида шуд. Аз ҷумла зикр гардид, ки корҳо барои омода кардани шабакаҳои барқӣ, роҳҳои мошингард ва дигар иншооти зербиноӣ ба мавсими сардмоҳ, фаровон захира кардани ангишт, гази моеъ, дигар анвои сӯзишворӣ ва маводи ғизоӣ тибқи нақшаҳои тасдиқгардида идома доранд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки тамоми нерӯгоҳҳои барқӣ ва дигар иншооти таъмини барқу гармӣ, гази моеъ, ангишт ва шабакаҳои нақлиётӣ бояд ба тирамоҳу зимистон омодагии ҷиддӣ дошта бошанд. Дастур дода шуд, ки корҳои зарурӣ, аз ҷумла захира кардани маводи сӯхту озуқаворӣ барои муассисаҳои маорифу тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ зери назорати доимӣ қарор дошта бошанд.

Зимни баррасии ахбори Муовини сарвазири кишвар Муродалӣ Алимардон доир ба ҷамъоварии ҳосили зироатҳои кишоварзӣ ва боғу токзор, аз ҷумла супориш дода шуд, ки барои ҷамъоварии пурра ва беталафи ғалладонагиҳо, ҳосили меваю сабзавот, полезиҳо ва дигар зироатҳои кишоварзӣ, иҷрои пурраи нақшаи кишти такрорӣ дар заминҳои корами обӣ ва одат кунондани мардум ба фарҳанги волои заминдорӣ чораҳои муассир амалӣ карда шаванд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520