Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар маросими тантанавии ба кор даровардани агрегати дуюми нерӯгоҳи обии Сангтӯда-1

01.07.2008 18:00, ноҳияи Данғара

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баҳри иштирок дар маросими тантанавии ба кор даровардани агрегати дуюми нерӯгоҳи обии Сангтӯда-1 ба мавзеи сохтмони он сафар кард.

Дар маросими тантанавии ба кор даровардани агрегати дуюми нерӯгоҳи обии Сангтӯда-1, ки иншооти муштараки гидроэнергетикии Тоҷикистону Россия аст, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро Роҳбари Маъмурияти Президенти Федератсияи Россия Сергей Нарышкин ва ҳайъати бонуфузи ин давлат ҳамроҳӣ намуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Роҳбари Маъмурияти Президенти Федератсияи Россия Сергей Нарышкин тугмаро пахш намуда, агрегати дуюми нерӯгоҳи Сантӯда-1-ро дар фазои тантанавии рӯҳбахш ба кор дароварданд.

Сипас онҳо бо ҳайатҳои ҳамроҳи худ ба агрегат наздик шуда, рафти кори онро аз назар гузаронданд. Дар болои агрегат рост истодани танга гувоҳӣ аз он медиҳад, ки он бо риояи ҳамаи талаботи техникию технологӣ насбу васл шудааст ва бе ларзишу таппиши номатлуб чарх мезанад.

Дар майдони энергетикҳои назди нерӯгоҳ бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Роҳбари Маъмурияти Президенти Федератсияи Россия Сергей Нарышкин, ҳайатҳои расмии ду кишвар ва ҳазорон нафар кормандону мутахассисони соҳа ва ҳамчунин аҳолии деҳоти атроф ҷамъомади тантанавии хотирмон баргузор гашт.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Роҳбари Маъмурияти Президенти Федератсияи Россия Сергей Нарышкин сохтмони ин нерӯгоҳро самараи хуби ҳамкории рушдёбандаи ду кишвар ва пеш аз мӯҳлат ба кор даромадани онро як рӯйдоди фараҳбахши идона натанҳо барои Тоҷикистон, балки тамоми минтақа ва ҳатто Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил маънидод карданд.

Намояндаи ҷамъияти саҳҳоми кушодаи Интер РАО ЕЭС – и Федератсияи Россия Андрей Рапопорт низ нерӯгоҳи Сангтӯда-1 – ро дар рушди ҳамкориҳои энергетикии ду кишвар муҳим арзёбӣ намуда, ҳамагонро бо ин рӯйдоди фараҳбахш табрику таҳният гуфт.

Дар сӯҳбат бо хабарнигорон Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Роҳбари Маъмурияти Президенти Федератсияи Россия Сергей Нарышкин иброз доштанд, ки Тоҷикистону Россия дар бунёди нерӯгоҳи обии Роғун ва дигар иншооти гидроэнергетикӣ низ ҳамкорӣ хоҳанд кард, чунки ин кайҳо боз ба як анъанаи хуб табдил ёфтааст.

Бинобар иттилои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сохтмончиёни нерӯгоҳ қавл додаанд, ки то охири сол ҳарчори агрегатҳои онро пурра ба кор медароранд ва ин имкон медиҳад, ки норасоии нерӯи барқ зимистони оянда хеле кам карда шавад.

Дар воқеъ ба кор даромадани агрегати дуюми нерӯгоҳи обии Сангтӯда-1 ба як рӯйдоди муҳими хотирмон табдил ёфт. Тибқи иттилои мутахассисон айни ҳол ду агрегати нерӯгоҳ аз 130 то 150 мегават нерӯи барқ истеҳсол карда истодаанд ва аз моҳи октябри соли равон, вақте ки сарбанди нерӯгоҳ то нуқтаи охираш баланд бардошта мешавад, аз ҳисоби афзоиши фишори об ҳар як агрегат бо иқтидори пурраи лоиҳавии худ, яъне 167 мегаватӣ нерӯи барқ истеҳсол хоҳанд кард.

Мутахассисон боварӣ доранд, ки зимистони оянда норасоии нерӯйи барқ дар Тоҷикистон хеле паст шуда, эҳтиёҷот ба воридоти он аз хориҷи кишвар ҳам кам мегардад. Ба андешаи онҳо яке аз афзалиятҳои асосии ин нерӯгоҳ дар он аст, ки он дар камобии фасли зимистон низ аз ҳисоби оби нерӯгоҳҳои болооби дарёи Вахш бо иқтидори баланд кор мекунад.

Бо эътимод метавон гуфт, ки ҷаҳду талошҳои шаборӯзӣ ва беназири Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон имрӯз самараи нек ба бор меоварад ва он рӯз дур нест, ки Тоҷикистон ба истиқлоли энергетикӣ бирасад ва сатҳу сифати зиндагии мардум ба маротиб боло равад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520