Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ дар маросими ифтитоҳи литсейи Президентӣ барои кӯдакони болаёқати шаҳри Турсунзода

11.07.2008 12:00, шаҳри Турсунзода

Устодони мӯҳтарам!
Фарзандони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!

Ҳамаи шуморо ба муносибати мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани боз як маркази наву замонавии таълиму тарбия, яъне литсеи Президентӣ барои кӯдакони лаёқатманд, ки дар ҳаёти ҳар кадоматон воқеан рӯйдоди хотирмону фараҳбахш мебошад, табрик менамоям.

Ҳадафи асосии мо аз бунёди силсилаи таълимгоҳҳои Президентӣ дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат, аз ҷумла дар шаҳри овозадори Турсунзода, ин пеш аз ҳама баланд бардоштани сифати таълиму тарбияи насли наврас дар мамлакат, фароҳам овардани шароити созгору мусоид барои хонандагони лаёқатманд буда, ба ин васила мо мехоҳем истеъдодҳои наврасу ҷавонро кашф ва тарбия намоем.

Афзалияти ин таълимгоҳ аз дигар мактабҳои таҳсилоти умумӣ дар он аст, ки таҳсил баъд аз синфи 7-ум шурӯъ гардида, ба таври озмоишӣ ба омӯзиши фанҳои дақиқ, бахусус илмҳои табииву риёзӣ аҳамияти хоса дода мешавад.

Азбаски шаҳри Турсунзода яке аз шаҳрҳои бузургтарини саноатии кишвар маҳсуб ёфта, дар истеҳсоли алюминийи аълосифат дар ҷаҳон машҳур мебошад, мо бо ин роҳ мехоҳем мутахассисони маҳаллиро омода созем.

Бинобар ин, муассисаи мазкур бояд яке аз марказҳои таълимиву ҳунаромӯзии нерӯманди кишвар бошад.

Дар ин гуна мактабҳои типи нав хонандагоне, ки дорои истеъдоду маҳорати илмомӯзӣ, маърифату донишҳои замонавӣ, инчунин ахлоқи ҳамида ва рафтори шоиставу намунавӣ ҳастанд, тавассути озмун ба таҳсил ҷалб карда мешаванд.

Арзиши умумии маблағҳо барои бунёди ин муассисаи хуштарҳу зебо ва муҷаҳҳазу замонавӣ қариб 9 миллион сомониро ташкил дода, он аз ду ошёна, 18 синфхона, утоқҳои компютерӣ, толори варзишӣ ва устохонаҳои касбомӯзӣ, инчунин маҷлисгоҳ ва ошхона иборат буда, барои таълим ва тарбияи 340 нафар хонандагон пешбинӣ гардидааст.

Тавре ки шумо медонед, давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон барои рушди соҳаи маориф ҳамчун нерӯи пешбарандаи ҷомеа аҳамияти хоса медиҳад.

Бо дарназардошти ин нукта, ҳар сол маблағгузории соҳаи маориф аз ҳисоби буҷети давлат чандин маротиба зиёд карда мешавад.

Барои мисол, агар дар соли 2000-ум барои соҳаи маориф аз буҷети давлат 42 миллион сомонӣ ҷудо гардида бошад, дар айни ҳол он 13 маротиба афзуда, соли 2009 ба соҳаи маориф аз ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ беш аз 1 миллиард сомонӣ ҷудо мегардад.

Андешидани ҳамаи ин тадбирҳо шаҳодати он аст, ки давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон барои шаҳрвандони худ ҳамаи имконоти дониш омӯхтанро фароҳам овардааст.

Танҳо аз шумо-хонандагони азиз талаб карда мешавад, ки барои бомаърифат ва соҳиби илму донишҳои гуногун гардидан тамоми нерӯву қувваи худро сарф намоед ва ба қадри давлату миллати худ бирасед.

Дар айни замон дар шаҳри Турсунзода 121 мактаби таҳсилоти умумӣ, аз ҷумла 32 мактаби ибтидоӣ, 29 мактаби асосӣ, 53 мактаби миёнаи умумӣ, 4 гимназияи давлатӣ, 2 мактаби хусусӣ ва 1 мактаби миёнаи ғоибонаи касбии ҷавонон амал менамояд, ки дар онҳо беш аз 58 ҳазор нафар хонандагон ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

Бояд зикр кард, ки дар шаҳри Турсунзода таълим бо забонҳои тоҷикӣ ва ӯзбекӣ ба роҳ монда шуда, зиёда аз 3700 нафар омӯзгорон ба таълиму тарбия машғуланд.

Дар аксари муассисаҳои таълимии шаҳри Турсунзода таълиму тарбия ба таври зарурӣ ба роҳ монда шудааст.

Танҳо дар аввали соли хониши 2007-2008 барои мактабҳои таълимашон ба забони ӯзбекӣ 6 номгӯй китобҳои дарсӣ бо теъдоди 215 ҳазор нусха мунташир гардида, дастраси хонандагон карда шуд.

Махсусан дар даврони истиқлолияти кишвар мо барои такмил додани соҳаи маориф ислоҳоти соҳаро ба роҳ мондем, ки сиёсати бонизом ва босуботи таҳсилотро дар ҷомеа фароҳам овард.

Аз ҷумла, бунёд, таъмиру тармими мактабҳо, таҷҳизонидани онҳо бо маводи зарурии хониш, нашри китобҳои дарсӣ, таъсиси таълимгоҳҳои типи нав, ҷорӣ намудани усулҳои муосир ва пешрафтаи таълим татбиқ шуданд.

Зеро ташкили раванди бонизом ва босифати таҳсилот ба инкишофу тараққиёти босубот ва устувори ҳаёти ҷомеа мусоидат менамояд ва нақши илму маориф барои таълиму тарбияи насли солим, шахси фаъолу созанда ва эҷодкор бисёр бузург мебошад.

Сиришти мардуми мо аз қадимулайём бо илму дониш ва қаламу китоб ҳамеша пайванди ногусастанӣ дошта, китоб ҷузъи ҷудоинопазири зиндагии аҷдодони мо будааст.

Китоб бузургтарин ганҷинаи ҳастӣ ва мураббиву роҳнамои инсон барои зиндагии оқилонаву фаъолияти босамар мебошад.
Дар навбати худ мактабу дабистон хазинаи ин ганҷинаи муқаддас ва нодир буда, бо раҳнамоӣ ва таълими мураббиёну омӯзгорон чароғи донишро метавон дар қалбҳо фурӯзон кард.

Аз ин рӯ, дар урфу одоби ниёгони мо омӯхтани донишу ҳунар яке аз рукнҳои асосии маънавият ва фарҳанг ба шумор меравад.

Ҳоло дар мактабҳои мо хонандагони зиёде таҳсил менамоянд, ки дорои қобилияти баланди зеҳниву илмӣ мебошанд.

Танҳо дар нимсолаи аввали соли равон зиёда аз 35 нафар хонандагони болаёқати гимназияву литсейҳо ва мактабҳои таҳсилоти умумӣ дар озмунҳои байналмилалӣ ширкат варзида, соҳиби ҷойҳои аввал ва медалу ҷоизаҳо гардиданд, ки ин боиси ифтихори мо мебошад.

Итминон дорам, ки мактаббачагони тоҷик дар оянда низ дар олимпиадаҳои байналмилалӣ ширкат намуда, аз дастовардҳои илму техникаи муосир баҳравар мегарданд ва бо дониши такмилёфта, андешаву афкори созандаву мустақил, ахлоқи ҳамида, рафтори шоиставу намунавӣ ҳамчун фарзандони сазовори Ватан барои ободиву шукуфоии Тоҷикистон саҳми арзандаи худро мегузоранд.

Ҳозирини гиромӣ!

Шумо бояд ифтихор намоед, ки дар зодгоҳи Мирзо Турсунзода зиндагӣ карда, таълиму тарбия мегиред.

Зеро устод Мирзо Турсунзода ҳамчун арбоби барҷастаи сиёсиву фарҳангӣ ва шоири машҳури миллати тоҷик ба халқу Ватан хизматҳои арзанда карда, аз худ мероси адабии зиёде боқӣ гузоштааст.

Шоир дар ашъори худ ҳамеша тарғибгари сулҳу субот, дӯстиву бародарӣ ва зебоиҳои диёри домани гардуни худ-Тоҷикистон буда, инсонҳоро ба роҳи рост даъват мекард.

Махсусан бо ташаббуси устод Турсунзода дар кишвари мо чорабиниҳои зиёди илмиву фарҳангӣ баргузор гардидаанд ва ӯ ҳамчун меросдори фарҳанги куҳанбунёди миллати тоҷик барои зинда кардани кору пайкори шахсиятҳои бузурги адабиву илмӣ корҳои зиёдеро анҷом додааст.

Мо низ ба хотири бузургдошти шахсиятҳои маъруфи илмиву фарҳангӣ солҳои охир ба хотири баланд бардоштани сатҳи худогоҳиву худшиносӣ, эҳсоси гарми ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳувияти миллӣ як силсила чорабиниҳои илмиву фарҳангиро дар сатҳи давлатӣ доир намудем.

Хушбахтона, имсол низ дар кишварамон чорабиниҳои муҳими давлативу сиёсӣ, аз ҷумла 17-солагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, 1150 солагии зодрӯзи қофиласолори шеъри Аҷам устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва бузургдошти забони тоҷикӣ баргузор мешаванд.

Зеро шинохти бузургон ва арҷ гузоштан ба мероси илмиву фарҳангии онҳо мардуми моро ба бедорӣ ва равшанфикрӣ ҳидоят менамояд.

Аз ин рӯ, фарзандони мо бояд донанд, ки аҷдодонашон чӣ корномаҳое кардаанд ва онҳо ҳамчун вориси ин шахсиятҳои фарзонаву донишманд бояд донишҳои гуногуни муосир, дастовардҳои техника ва технологияи замонавӣ ва забонҳои хориҷиро азхуд намуда, дар рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ тарбия ёбанд.

Дар охир, бори дигар ҳамаи шуморо ба муносибати ин воқеаи фараҳбахш табрик гуфта, ҳамзамон ба масъулон ва сохтмончиёне, ки дар бунёди ин бинои мӯҳташам саҳми арзанда гузоштанд, миннатдории худро иброз медорам.

Саломату сарбаланд бошед!

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520