Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи бозгашт ба шаҳри Душанбе ҳамчунин шоҳиди кори пурҷӯшу хурӯши аҳли заҳмати хоҷагии Файзбахш-2-и ноҳияи Ҳисор шуд, ки муроҷиатномаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба вусъат додани кишти такрорӣ, афзоиши истеҳсолоти ватании маҳсулоти кишоварзӣ ва фаровон гардондани бозори истеъмолӣ бо маводи ғизоии худӣ дастури кори хеш қарор додаанд.
Зимни сӯҳбат бо раиси он Саидҷон Саидаҳмадов маълум шуд, ки хоҷагӣ дорои 357 гектар буда, аз заминҳои обӣ ба ҳисоби миёна 40-50 сентнерӣ гандум ҷамъоварӣ намудаанд.
Имрӯз дар тамоми заминҳои аз ғалладона ва сабзавоту макадони барвақтӣ холишуда кишти тарорӣ гузаронда истодаанд. Дар 16 гектари ин замин худи ҳамин рӯз кишти картошкаи тирамоҳӣ оғоз ёфт. Аз заминҳои макадон аҳли хоҷагӣ аз тухмиҳои серҳосили хориҷӣ истифода намуда, ҳосили фаровони дони ҷуворимака барои тухмӣ ва хӯроки чорво рӯёнданианд.
Аз ҳамаи ин хулоса кардан мумкин аст, ки дар ноҳияҳои водии зархези Ҳисор муроҷиатномаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини амнияти озуқаворӣ мавриди дастгирию ҳамовозии васеъ қарор гирифтааст ва кишоварзони заҳматпешаи ин ва дигар минтақаҳои кишвар фаровонии неъматҳои моддии худиро дар бозори истеъмолӣ таъмин мекунанд.