Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Машварати корӣ

15.06.2023 19:20, шаҳри Душанбе
Машварати корӣ  15.06.2023

15 июн дар бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки аъзои Ҳукумати кишвар, роҳбарони сохторҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ёрдамчиёни Президент, роҳбарони як қатор идораву кумитаҳои давлатӣ, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, раисони вилоятҳои Суғду Хатлон, Раиси шаҳри Душанбе ва роҳбарони шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ машварати корӣ доир карданд.

Дар кори машварат масъалаҳо вобаста ба рушди бахшҳои иқтисоди миллӣ, омодагии ҳамаҷониба ҷиҳати дар сатҳи баланди тадорукотӣ баргузор кардани як қатор чорабиниҳои байналмилалӣ, вусъати корҳои ободонӣ ба хотири истиқболи сазовори ҷашни умумимиллии 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва дигар тадбирҳои ободонию созандагӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Дар машварати кории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рафти корҳои омодагӣ барои баргузории Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал, ки рӯзҳои 14-15 сентябри соли 2023 дар шаҳри Душанбе доир мегардад, Сарвазири мамлакат, раиси Кумитаи тадорукот Қоҳир Расулзода гузориш дод.

Оид ба вазъи корҳои саҳроӣ, ҷамъоварии саривақтию беталафи зироатҳо, гузаронидани кишти такрорӣ, захираи кофии маводи озуқа ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ ҳисоботи муовини Сарвазири мамлакат Сулаймон Зиёзода шунида шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумати кишвар, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳои давлатӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ баргузор кардани чорабиниҳои ба нақша гирифташуда, омодабошӣ ба маъракаи зимистонгузаронӣ, захираи кофии маводи сӯзишворӣ дар муассисаҳои иҷтимоӣ ва ғайра супоришҳои мушаххас доданд.

Дастурҳои дигар ба Ҳукумати кишвар, кумитаҳои оид ба корҳои занон, кор бо ҷавонон ва варзиш, ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ ва дигар сохторҳои марбута ҷиҳати дар сатҳи баланд ташкилу гузаронидани таътили тобистона ва таъмини амнияту бехатарии кӯдакон дода шуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520