Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ дар мулоқот бо сокинони вилояти Бадахшон ҳангоми кушодашавии варзишгоҳи марказии ш.Хоруғ

19.07.2008 22:00, шаҳри Хоруғ

Ҳамватанони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!

Баъди анҷоми як қатор мулоқоту вохӯриҳо бо мардуми ноҳияҳои гуногуни вилоят имрӯз бароям муяссар гардид, ки бори дигар бо сокинони шаҳри Хоруғ ва намояндагони мардуми фарҳангдӯсту меҳмоннавози ин гӯшаи ганҷбори Ватани азизамон мулоқот намоям.

Ёд дорам, ки ҳангоми сафарҳои нахустинам ба вилояти Бадахшон аз ояндаи нек ва пешомадҳои бузурги иқтисодиву иҷтимоии он сухан ронда, асри XXI-ро асри Бадахшон ва шоҳроҳҳои байналмилалии онро дарвозаи тиллоии Тоҷикистон номида будам.

Ин тавсифи воқеӣ пеш аз ҳама бо такя ба кору пайкор ва азму иродаи созандаву бунёдкоронаи мардуми Тоҷикистон, аз ҷумла сокинони бонангу номуси Бадахшон иброз шуда буд.

Ва чунон ки имрӯз мебинем, мо бо дастгирӣ ва азму иродаи созандагии мардум, инчунин ақлу заковати фитрии халқи бунёдкорамон тавонистем дар як муддати нисбатан кӯтоҳи солҳои истиқлолият корҳои зиёдеро ба анҷом расонем ва собит намоем, ки халқи офаранда ва ободгари мо метавонад аз дили кӯҳҳои осмонбӯс роҳҳои замонавӣ кушода, гузаргоҳҳои сарҳадии Бадахшонро ба дарвозаи воқеан тиллоии кишвар табдил диҳанд.

Бояд гӯям, ки баҳои дар он солҳо додаи мо ба ояндаи бузурги вилоят боиси шубҳаи баъзе афроди ноогоҳ гардида буд.

Бигзор мунаққидони дирӯза акнун дастовардҳои моро бинанд, қиёс кунанд ва аз рӯи инсофу адолат қазоват намоянд, ки нияти нек ва азму иродаи қавӣ ҳама гуна мушкиливу монеаҳоро бартараф сохта, моро ба пешрафту комёбиҳои бузург мерасонад.

Худатон шоҳиди ҳол ҳастед, ки дар як муддати кӯтоҳ сохтан ва ба истифода додани се пули замонавӣ аз болои дарёи саркаши Панҷ дар сарзамини Бадахшон воқеан дарвозаи тиллоие гардид, ки рафтуомади доимии мардуми ҳамзабону ҳамфарҳанги ду соҳили рӯдро таъмин карда, ба робитаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва фарҳангии Тоҷикистону Афғонистон густариши тоза бахшид.

Ҳамзамон бо ин, ба шарофати истиқлолият, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ мо тавонистем, ки ба эҳёи дубораи Роҳи Бузурги Абрешим рӯ оварда, шоҳроҳи байналмилалии мошингарди Кӯлоб-Хоруғ-Кулмаро ба истифода диҳем ва ин роҳи тиҷоратии қадимаро умри дубора бахшем.

Чунки якчанд хатти рафтуои Шоҳроҳи Бузурги Абрешим аз сарзамини Бадахшон гузашта, ҳанӯз аз давраи Ҳахоманишиён бо номи «роҳи лоҷувардӣ» шӯҳрат дошт, ки ба самтҳои Хатлону Қубодиён, Балху Ҳирот, Истаравшану Хуҷанд ва минтақаҳои дигар идома меёфт ва то кишварҳои дурдасти Ғарб рафта мерасид.

Беҳуда нест, ки дар яке аз катибаҳои Дорои Бузург ҳангоми сохтмони қасрҳои мӯҳташами он замон истифода шудани сангҳои гаронбаҳои лаълу лоҷуварди Бадахшон зикр шудааст.

Имрӯз Роҳи Бузурги Абрешим тавассути шоҳроҳи байналмилалии мошингард натанҳо Бадахшон, балки чаҳор самти Тоҷикистон, минтақаи Осиёи Марказӣ ва Россияро бо Чин, Покистон, Ҳиндустон, Афғонистон ва Эрон пайваста, роҳи мусоидтарин ба сӯи уқёнусу бандарҳои бузурги ҷаҳонӣ гардидааст.

Гузашта аз ин, мардуми меҳнатқарин ва шарафманди тоҷик ҷаҳду талош дорад, ки асри XXI-ро ба асри рушди энергетикаи обӣ, дастовардҳои муҳими коммуникатсионӣ, истихроҷу коркарди боигариҳои зеризаминӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва дигар комёбиҳои тозаи иқтисодиву иҷтимоӣ табдил диҳад.

Чанде пеш агрегати дуюми нерӯгоҳи барқи обии Сангтӯда-1 ба истифода дода шуд, бунёди нерӯгоҳҳои бузурги барқии Роғун ва Сангтӯда –2 шурӯъ гардид, ки сохтмони онҳо имрӯзҳо босуръат идома дорад.

Нерӯгоҳҳои барқии зикршуда дар солҳои наздиктарин мардуми моро аз дастнигариву вобастагӣ наҷот дода, ба рушди бомароми саноат ва умуман истеҳсолоти ватанӣ, яъне пешрафти устувору бонизоми ҳамаи соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёти мамлакатамон такони ҷиддӣ хоҳанд бахшид. Дирӯз дар деҳаи Бардараи ноҳияи Рӯшон як нерӯгоҳи хурди барқи обӣ бо иқтидори 160 киловатт, ки арзиши сохтмони он 600 ҳазор сомонӣ мебошад, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Аз ҳамин хотир, дар Бадахшон низ нерӯгоҳи барқи обии Помир-1, инчунин 35 нерӯгоҳи хурди барқиро сохта, ба истифода додем. Ҳоло корҳои сохтмони як қатор нерӯгоҳҳои хурди барқӣ, аз ҷумла нерӯгоҳи «Ширг» воқеъ дар ноҳияи Дарвоз, ки 1260 киловатт иқтидор дошта, чанде пештар бо қарори Ҳукумати Тоҷикистон тасдиқ гардид, идома доранд. Ин нерӯгоҳ моҳи октябри соли ҷорӣ ба истифода дода мешавад, ки он 80 фоизи ҳудуди Дарвозро бо барқ таъмин хоҳад кард.

Вобаста ба ин, мехоҳам таъкид намоям, ки кишвари мо дар ҷараёни сохтмони иншооти зикршуда ба мутахассисони баландихтисоси техникӣ ниёзи зиёд дорад.

Дар чунин шароит вазифаи аввалиндараҷаи мову шумо аз байни ҷавонон тарбия кардани мутахассисони ба талаботи давру замона ҷавобгӯ, дорои маърифати олӣ, тафаккури созанда ва ахлоқи ҳамида мебошад. Яъне мо бояд насли созанда, офаранда ва соҳибмаърифату навоварро ба камол расонем.

Ҳоло мо дар даҳҳо мактабҳои олии кишварҳои дуру наздики хориҷӣ барои ояндаи ватанамон мутахассис тайёр карда истодаем. Танҳо дар соли хониши 2007-2008 аз Тоҷикистон 436 нафар донишҷӯён ва аспиранту докторантҳо ба хориҷи кишвар барои таҳсил ва пешбурди корҳои илмӣ фиристода шуданд, ки 34 нафари онҳо зодагони Бадахшон мебошанд.

Имрӯз дар вилоят 320 мактаби таҳсилоти умумӣ ва 18 интернати наздимактабӣ фаъолият мекунанд, ки онҳо дорои 1670 компютер мебошанд. Бояд гуфт, ки зиёда аз 1200 адади он аз ҳисоби Фонди захиравии Президент ҷудо карда шудааст.

Дар мактабҳои вилоят ҳоло ба 16 хонанда як компютер рост меояд, ки ин ҳанӯз кам аст. Мо кӯшиш дорем, ки дар оянда низ барои иҷрои барномаи компютерикунонии мактабҳои таҳсилоти умумӣ миқдори зарурии компютерҳоро ҷудо намоем.

Дар баробари ин, ҷавонони мо бояд дар хотир дошта бошанд, ки танҳо ифтихор кардан бо фарҳангу тамаддуни гузашта ҳанӯз кам аст.

Мо бояд дар асри нав бо дигаргуниҳои тафаккури илмиву техникӣ ва бозёфтҳои тозаи технологӣ ошно гардем.

Зеро асри XXI асрест, ки инсоният бо сохтани мошинҳои пуриқтидори электронӣ, техникаву технологияҳои иттилоотӣ ва кашфи сайёраҳои нав ба пешрафти бесобиқа ноил гашта истодааст.

Асри нав аз шумо - ҷавонони мамлакат низ тақозо дорад, ки дастовардҳои навтарини илму техника ва технологияҳои навро азхуд намуда, барои пешрафти кишвари азизамон саҳми муносиб гузоред.

Шумо бояд донед, ки Бадахшон на танҳо дарвозаи тиллоии кишвари мо, балки сарчашмаи беохири оби тоза, захираи бузурги пиряхҳо ва сарватҳои бузурги зеризаминӣ мебошад, ки онҳоро маҳз бо ваҳдату созандагӣ, илму маърифати замонавӣ, пешрафти бомароми иқтисодиёт истифода карда, ба манфиати тараққиёти кишвари азизамон равона карда метавонем.

Ҳавзаҳои бисёр дарёву рӯдхонаҳои минтақа маҳз аз кӯҳҳои осмонбӯси Помир шодоб мегарданд ва кӯли Сарез метавонад минтақаи Осиёи Марказиро бо 50 миллион нафар аҳолии он абадӣ аз оби тозаи ошомиданӣ таъмин намояд.

Аз ин рӯ, итминон дорам, ки ҳамаи шумо - мардуми сарбаланди вилоят низ баробари тамоми халқи Тоҷикистон бо меҳнати бунёдкорона барои расидан ба ҳадафҳои стратегии давлатамон –таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва амнияти озуқавории мамлакат, инчунин аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ бахшидани кишвар саҳми арзанда ва муносиби худро мегузоред.

Имрӯз, бо вуҷуди як қатор мушкилоти мавҷуда дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 19 лоиҳаи инвеститсионӣ бо маблағи умумии 470 миллион сомонӣ амалӣ гардида истодааст, ки онҳо барои рушди соҳаи кишоварзӣ, ислоҳоти соҳаи маорифу тандурустӣ, таъмиру азнавсозии роҳҳо ва барқарор намудани шабакаҳои обёрӣ нигаронида шудаанд.

Боварӣ дорам, ки баъди татбиқи ин лоиҳаҳо, ки асосан аз ҳисоби маблағгузории қарзӣ ва ҳиссагузории мустақими Ҳукумати Тоҷикистон амалӣ шуда истодаанд, симои шаҳру ноҳияҳои Бадахшон боз ҳам зебову ҷолибтар хоҳад шуд.

Дӯстони азиз!

Яке аз бунёдгузорони илми селексия ва генетикаи растанӣ академик Николай Иванович Вавилов ҳанӯз соли 1916 ба хотири муайян кардани марказҳои пайдоиши растаниҳои парваришӣ ба водиҳои Фарғона, Зарафшон ва Рашт сафар карда, тавассути водии Панҷ аз Дарвоз, Рӯшон ва Шуғнон гузашта, то Хоруғ расид ва дар натиҷаи таҳқиқоти зиёди илмӣ қаламрави Тоҷикистон, аз ҷумла Бадахшонро қадимтарин ватани гандум, ҷавдор ва дигар навъҳои ғалладонаи парваришӣ номид.

Албатта, сарзамини Бадахшон ва дигар водиҳои ҳосилхези Тоҷикистонро чун қадимтарин макони гандум ва дигар намудҳои ғалладонагӣ эътироф кардани ин олими бузург ва муҳаққиқони дигар боиси ифтихор аст.

Вале дар баробари ин мо бояд ин сарзамини ҳосилхезу офтобӣ ва сероби хешро оқилона истифода барем, кишти такрорӣ, яъне аз як қитъаи замин ба даст овардани ду-се ҳосилро васеъ ба роҳ монем ва аз ҳар як ваҷаб замин фоида ба даст оварем.

Зеро болоравии нархи маводи озуқа ва махсусан орду гандум имрӯз ҳар яки мову шуморо водор менамояд, ки аз тамоми заминҳои киштбоб оқилонаву самаранок истифода барем ва ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзиро афзоиш диҳем.

Ин тадбирҳо барои таъмини амнияти озуқавории мамлакат мусоидат намуда, мардуми моро тадриҷан аз вобастагии маводи озуқаи воридотӣ мераҳонанд ва болоравии нархро пешгирӣ менамоянд.

Мову шумо бояд ҳар ваҷаб замини мавҷударо махсусан дар Бадахшони камзамин оқилона ва бо камоли масъулият истифода намоем, парвариши навъҳои серҳосили сабзавот, картошка ва ғалладонаро ривоҷ диҳем.

Дар баробари ин мову шумо бояд зиракии сиёсӣ, мавқеи ҳушёронаи шаҳрвандӣ, масъулияти ватандорӣ ва қарзи муқаддаси фарзандии худро дар назди Ватан ва миллат лаҳзае фаромӯш насозем.

Дар ҷаҳони пурҳаводиси имрӯза нерӯҳое ҳастанд, ки намехоҳанд Тоҷикистон орому осуда, муттаҳиду пешрафта ва ободу тараққикарда бошад.

Маҳз натиҷаи нақшаҳои шуми душманони миллати мо буд, ки ҳанӯз дар оғози даврони истиқлолият боиси сар задани мухолифатҳои фоҷиабор гардида, ба харобии Ватан, зарари бузурги иқтисодӣ ва авҷ гирифтани худсариву қонуншиканиҳо оварда расонд.

Бар асари ин қонуншиканиҳо нашъамандӣ ва нашъаҷаллобӣ ба як фоҷиаи бузурги миллӣ табдил ёфта, имрӯз он натанҳо ба саломативу тақдири ҷавонон, балки ҳатто ба генофонди миллат ва амнияти кишвар таҳдид менамояд.

Бинобар ин, мову шумо бояд бар зидди нашъамандӣ ва нашъаҷаллобӣ муборизаи беамон бурда, барои насли солим ва тақдири ояндаи фарзандони худ масъулият эҳсос намоем.

Миллати моро дар дунё бо номи фарзандони бузургаш мешиносанд. Мову шумо ифтихор аз он дорем, ки дар қатори дигар бузургони миллат зодагони Бадахшон, аз қабили ходимони намоёни сиёсиву фарҳангӣ Шириншо Шотемур, Назаршо Додхудоев, Моёншо Назаршоев, Баҳодур Искандаров, Ғуломҳайдар Ғуломалиев, Мирсаид Миршакар, Акашариф Ҷӯраев, Абдулло Назрӣ, Раҳим Масов, Мӯъмин Қаноат, Гурминҷ Завқибеков ва бисёр дигарон номбардори миллати мо дар арсаи ҷаҳон гардида, бо кору фаъолияти ватанхоҳона ва асарҳои пурмазмуну баландғояашон чандин наслҳоро бо роҳи рост ҳидоят намудаанд.

Онҳо ҳангоми ҷавонӣ дар кору пайкори созандагӣ ширкат варзида, ҳам бо қалам ва ҳам бо обилаи кафи дастонашон барои ободии Ватан ва ояндаи дурахшони кишвари азизамон ҳисса гузоштаанд.

Аз ин хотир, мову шумо ҳам бояд дар ҳама самтҳои ҳаёт - роҳсозиву сохтмон, бунёди иншооти бузурги саноатӣ ва гидроэнергетикӣ, кишоварзӣ ва боғдорӣ, инчунин рушди илму маориф ва фарҳанги миллӣ қудрату нерӯи худро дареғ надорем.

Гузашта аз ин, мо набояд фаромӯш созем, ки ҳеҷ кас ба ҷои мову шумо ватани аҷдодиамонро обод намекунад.

Мо танҳо бо ваҳдату якдилӣ, меҳнати ҳалолу бунёдкорона ва саъю талошҳои пайгирона метавонем ҳамаи мушкилоти мавҷударо бартараф созем, рӯзгорамонро обод намоем, дастархонамонро пур аз файзу баракат ва хонадонамонро осудаву саодатманд гардонем.

Эътимоди комил дорам, ки мардуми шарифу сарбаланд ва бонангу номуси Бадахшон чун тамоми халқи Тоҷикистони азизамон сиёсати бунёдкорӣ ва созандагии давлатро минбаъд низ дастгирӣ намуда, ободу шукуфо намудани сарзамини аҷдодиро ба мақсаду мароми ҳаррӯзаашон табдил медиҳанд.
Бинобар ин, ки мулоқоти мо дар арафаи ҷашнҳои бузурги милливу давлатӣ, аз ҷумла 17-умин солгарди истиқлолият, 1150-солагии султони шоирони Аҷам – устод Рӯдакӣ ва Соли бузургдошти забони тоҷикӣ, инчунин дар остонаи Рӯзи забон гузашта истодааст, ҳамаи шумо – ҳозирини гиромӣ ва мардуми сарбаланди вилоятро ба ин муносибат табрик мегӯям.

Ба ҳамаи шумо – ҳамватанони азиз, эҳсоси баланди ватандӯстӣ, азму иродаи қавӣ, дастовардҳои тозаи бунёдкорӣ ва осудагию ободии рӯзгор орзу менамоям.

Саломату сарбаланд ва номбардори Ватану миллати хеш бошед!

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520