Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо як гурӯҳ намояндагони аҳли ҷамоатчигии шаҳри Хорӯғ

19.07.2008 21:00, шаҳри Хоруғ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо як гурӯҳ намояндагони аҳли ҷамоатчигии шаҳри Хорӯғ, аз ҷумла нафароне, ки чанде пеш ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо арзу шикоят муроҷиат карда буданд, мулоқот намуд, ки дар он ҳамчунин роҳбарияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии дар шаҳри Хорӯғ ҷойгирбуда ва шахсиятҳои обрӯманди ин диёр иштирок доштанд.

Дар вохӯрӣ нахуст ахбороти роҳбари гурӯҳи кории ҳукуматӣ оид ба омӯзиши вазъи иҷтимоию сиёсии шаҳри Хорӯғ - Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадназар Солеҳов шунида шуд.

Зикр гардид, ки имрӯз оид ба масъалаҳои ҳалталаб қарорҳои дахлдор қабул гашта, вазъият пурра зери назорат қарор гирифтааст.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии дар ҳудуди ВМКБ фаъолияткунанда таъкид дошт, ки пеш аз ҳама худашон дар таъмини волоияти қонун намунаи ибрат бошанд ва онро аз дигарон низ талаб кунанд.

Нафароне, ки бо арзу шикоят ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат карда буданд, дар назди Сарвари давлат изҳор доштанд, ки ба халқу Ватани худ ҳаргиз хиёнат намекунанд ва сулҳу ваҳдат ва оромии Тоҷикистонро ҳамеша азизу гиромӣ медоранд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520