Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сафари корӣ ба ноҳияи Ванҷ

18.07.2008 16:30, ноҳияи Ванҷ

Аз 18-ум то 20-уми июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ дар ВМКБ қарор дошт. Ҳадафи асосии сафар шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум, рафти иҷрои нақшаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят ва татбиқи муроҷиатномаи Сарвари давлат оид ба таъмини амнияти озуқаворӣ маънидод гашт.

Месазад таъкид намуд, ки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияҳои Ванҷ, Рӯшон, Ишкошим, Роштқалъа ва шаҳри Хорӯғ мавриди истиқболи самимӣ ва арҷгузории баланд ба заҳматҳои шаборӯзиаш дар роҳи пойдор гардонидани ваҳдату ягонагии миллӣ, вусъати бунёдкорию созандагӣ дар саросари кишвар ва ғамхориҳои беназири ӯ ба аҳолии деҳоти кӯҳистон қарор гирифт.

Ба андешаи шоири маҳбуби тоҷик Мӯъмин Қаноат ин муҳаббату самимият ва арҷгузории мардум нишонаи ба ҳам омадани ифтихору ғурури хоссаи тоҷикона аст, ки дар рафтору кирдори Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми кӯҳистон ба таври барҷаста мушоҳида мегардад.

Сафари кории Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо шиносоӣ бо кори хоҷагии деҳқонии ба номи Қобиламо Баротоваи ноҳияи Ванҷ дар деҳаи Рохарв оғоз ёфт.

Дар ҳамин ҷо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо истифодабарии заминҳои президентӣ дар хоҷагиҳои шахсии шаҳрвандон Салимшо Шириншоев, Шариф Боронов, Ҳамроҳҷон Ҷонов ва Ғафлат Боронова низ шинос шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти камзаминии водии Ванҷ ба масъулини вазорату идораҳои ҷумҳуриявӣ дастур дод, ки таъминоти деҳқонони ноҳияро бо тухмиҳои серҳосили зироатҳо зери назорат қарор диҳанд, то ки ҳосили фаровон рӯёндан имконпазир шавад. Деҳқонони ноҳия ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри таъмини онҳо бо тухмиҳои серҳосили ғалладона, картошка ва дигар зироатҳо изҳори миннатдорӣ карданд. Зимни сӯҳбатҳо зикр гардид, ки заминҳои водии Ванҷ кам ҳам бошанд хеле серҳосиланд. Зимни шиносоӣ бо корҳои кишоварзии ноҳия маълум шуд, ки деҳқонони он тавассути меҳнати пурсамари худ аз тамоми меваю сабзавот ҳосили фаровон рӯёнданианд.

Дар маркази ноҳия Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо зиёда аз 3 ҳазор нафар фаъолони он машварати корӣ доир намуд, ки дар он ҳамчунин аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъулини дигари сатҳи ҷумҳуриявию вилоятии соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа, пеш аз ҳама соҳаҳои кишоварзӣ, мелиоратсия, геодезия ва заминсозӣ, маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, намояндагони бонкҳои саҳҳомӣ ва ғайра низ иштирок намуданд.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар назди ҳозирин суханронӣ намуда, нахуст ба мардуми заҳматпешаи ноҳияи Ванҷ баҳри иҷрои хуби муроҷиатномаи Сарвари давлат оид ба пурсамар истифода бурдани заминҳои корам ва таъмин намудани фаровонҳосилӣ арзи сипосу миннатдорӣ кард.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳисоботи раиси ноҳия ва дигар шахсони масъулро оид ба рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва ҳолати истифодабарии заминҳои корам шунида, вазъияти мавҷударо мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дод ва оид ба пурсамар истифода бурдани заминҳои обӣ, омодагии ҷиддӣ ба зимистони пешомад ва дигар масъалаҳои муҳим вазифаҳои мушаххас гузошт.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо аҳолӣ мужда расонд, ки имрӯз ба ноҳияҳои Ванҷу Дарвоз 4-тогӣ автобус, 2 – тогӣ мошини ёрии таъҷилӣ, ва 30-тогӣ компютер тӯҳфа карда шуд. Дар давоми нимсолаи дуюми соли равон 1 миллиону 540 ҳазор сомонӣ ба ноҳияи Дарвоз ва 1 миллиону 800 ҳазор сомонӣ ба ноҳияи Ванҷ барои сохтмон ва азнавсозии иншооти соҳаҳои иҷтимоӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ ва Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо карда мешавад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор карда шуд, ки барои сохтмони варзишгоҳи марказии ноҳияи Ванҷ ва азхудкунии заминҳои нави обёришаванда маблағҳои зарурӣ ба нақша гирад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар охири сӯҳбат мардумро бори дигар ба истифодаи пурмаҳсули заминҳо, рӯёндани ҳосили фаровон ва омода намудани захираи дусолаи озуқавории худ ҳидоят намуда, таъкид дошт, ки яке аз ҳадафҳои асосии сафари кории ӯ ба ВМКБ шиносоӣ бо шароити зиндагии мардум ва бартараф кардани камбудиҳои мавҷуда аст.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520