Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Боздид аз ҷараёни кишти такрории шолӣ ва ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ дар хоҷагии деҳқонии “Муродҷон”-и шаҳри Турсунзода

24.05.2023 07:47, шаҳри Турсунзода
Боздид аз ҷараёни кишти такрории шолӣ ва ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ дар хоҷагии деҳқонии “Муродҷон”-и шаҳри Турсунзода   24.05.2023

Дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Турсунзода Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Хоҷагии деҳқонии “Муродҷон” ташриф оварда, бо ҷараёни кишти такрории шолӣ ва ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ шинос шуданд.

Хоҷагии деҳқонии “Муродҷон” серсоҳа буда, дар деҳоти Турсун Тӯйчиев ҷойгир аст ва он соли 2018 аз ҷониби оилаи Мадраҳимовҳо таъсис дода шудааст. Дар тавозуни хоҷагӣ 64 гектар замин мавҷуд буда, аз ин ҳисоб дар масоҳати 1,2 гектар пиёзи барвақтӣ ва дар як гектар гандум кишт карда шудааст.

Айни замон дар ҳоҷагӣ 54 нафар ба кори доимӣ ҷалб гардидаанд, ки аксари онҳо сокинони маҳаллаҳои атроф буда, бо маоши хуб таъмин мебошанд. Ҳоҷагидорон умед доранд, ки аз пиёзи барвақтӣ беш аз 100 тонна ҳосил ҷамъоварӣ кунанд.

Яке аз самтҳои асосии фаъолияти хоҷагии деҳқонии “Муродҷон” шолипарварӣ мебошад ва соли ҷорӣ дар як гектар ин навъи зироати кишоварзӣ  кишт карда мешавад. Бояд гуфт, ки дар заминҳои хоҷагӣ шолӣ кишти такрорӣ буда, қабл аз ин аҳли заҳмат дар кишти асосӣ карам корида, ҳосили хуб ба даст оварда буданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни биздид аз рафти ҷамъоварии ҳосили пиёзи барвақтӣ ва кишти шолӣ бо деҳқонон суҳбати самимӣ ороста, ба онҳо дар самти истифодаи босамару оқилонаи замин, истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва ҷонибдорӣ аз сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  изҳори  сипос  карданд.

 Ба гуфтаи хоҷагидорон фаровонии оби полезӣ, таъмини саривақтии нуриҳои минералӣ ва обу ҳавои мусоиди минтқа ба кишту парвариш ва истеҳсоли маҳсулоти гуногуни кишоварзӣ, хусусан шолӣ мусоидат мекунад. Хоҷагидорон соли сипаришуда аз 1 гектар шолӣ беш аз 3,5 тонна биринҷи аълосифати навъи “лазер” ҳосил рӯёнида, имсол низ ният доранд, ки ҳосили баланд ҷамъоварӣ кунанд.

 Иқлими шаҳри Турсунзода барои кишту парвариши шолӣ ва истеҳсоли биринҷи хушсифат мувофиқ буда, дар ин самт хоҷагидорон таҷрибаи баланд доранд. Ин шабу рӯзҳо заҳматкашон бо мақсади кишти саривақтии шолӣ дар саҳро саргарми кор ҳастанд.

Дар ҳамин ҷо ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби масъулони Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии “Тоҷикагролизинг”-и Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон техникаи нави кишоварзӣ, ки барои шинонидани парвардаи шолӣ пешбинӣ гардидааст, муаррифӣ карда шуд.

Таҷрибаи мазкур дар миқёси мамлакат бори нахуст амалӣ шуда, қаблан деҳқонон парвардаи шолиро дастӣ мешинониданд. Тавре мутахассисон иброз медоранд, техникаи мазкур каммасраф буда, бо истифода аз сӯзишвории дизелӣ дар як соат метавонанд, аз 0,30 то 0,50 гектар замин парвардаи шолиро шинонад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти хоҷагиии деҳқонии “Муродҷон” барои бунёди боғҳои намунавии серҳосил ва сарсабзу хуррам намудани ин мавзеи қаблан бекорхобида изҳори сипос намуда, иқдоми мазкурро шоистаи таҳсин арзёбӣ карданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520