Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маросими гузоштани санги асоси бунёди Муассисаи таҳсилоти умумӣ ба номи Махтумқулӣ дар ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон

10.05.2023 13:30, шаҳри Душанбе
Маросими гузоштани санги асоси бунёди Муассисаи таҳсилоти умумӣ ба номи Махтумқулӣ дар ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон  10.05.2023

Дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Туркманистон муҳтарам Сердар Бердимухаммедов дар маросими оғоз бахшидан ба бунёди мактаби нав дар ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон иштирок карданд.

Дар маҳалли бунёди мактаб бо 1080 ҷойи нишаст дар ду баст аҳли маориф ва фаъолони ноҳия ҷамъ омаданд.

Нахуст собиқадорони соҳаи маориф як нафарӣ аз ҳар ду ҷониб бунёди мактабро нишони дӯстии абадӣ миёни кишварҳои дӯст ва бародар арзёбӣ карда, бо орзуву ниятҳои нек баҳри густариши минбаъдаи муносибатҳои дӯстонаи  Тоҷикистону Туркманистон аз Сарони давлатҳо барои оғоз бахшидан ба корҳои бунёди Муассисаи таҳсилоти умумӣ ба номи Махтумқулӣ дар ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон изҳори хоҳиш намуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Туркманистон муҳтарам Сердар Бердимухаммедов бо эътимоди баланд ҷиҳати саҳм гузоштан дар рушди соҳаи маориф дар доираи муносибатҳои дӯстию бародарии мардумони Тоҷикистону Туркманистон бо суханҳои “Иҷозат дода мешавад, ба Шумо муваффақият ва барори кор мехоҳем” ба корҳои сохтмонӣ барои бунёди Муассисаи таҳсилоти умумии ба номи Махтумқулӣ дар хоҷагии деҳқонии “Эргаш Султонов”-и ноҳияи Дӯстӣ асос гузоштанд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520