Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

30.07.2008 18:00, шаҳри Душанбе

Таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гашт, ки дар кори он беш аз 50 масъалаи муҳим баррасӣ шуд.

Дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҷараён дошт, нахуст масъалаи кадрҳо баррасӣ шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон кадрҳои ба вазифаҳои сатҳи роҳбарияти вазорату идораҳои ҷумҳурӣ ва роҳбарии мактабҳои олии сохторҳои қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқ таъиншударо ба кори бенуқсону содиқона ба манфиати давлату миллат ҳидоят намуд.

Сипас ҳисоботи марказҳои татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионии таҳкими системаи идоракунии давлатӣ шунида шуд.

Зикр гардид, ки айни ҳол дар соҳаи идоракунии давлатӣ, омор ва гумрук 4 лоиҳаи инвеститсионӣ бо маблағи 81 миллион сомонӣ (23,5 миллион доллари амрикоӣ) амалӣ мегардад ва як лоиҳаи дигар бо маблағи беш аз 1 миллион сомонӣ (295 ҳазор доллари амрикоӣ) ба анҷом расидааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз рафти татбиқи лоиҳаи минтақавии таҳкими гумрук ва рушди инфраструктура, ки ақибмонии зиёд дорад, изҳори норозигӣ карда, ба роҳбарону ҳамоҳангсозони марказҳои татбиқи ин ва дигар лоиҳаҳо оид ба суръат бахшидани корҳо ва бартараф кардани камбудиҳои ҷойдошта супоришҳои қатъӣ дод ва таъкид намуд, ки ҳар се моҳ аз рафти иҷрои лоиҳаҳо ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот пешниҳод намоянд.

Ба як қатор санадҳои амалкунандаи қонунгузории кишвар тағйиру иловаҳо маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд, аз ҷумла ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ», «Дар бораи раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ба Кодекси ҷиноятӣ ва Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятӣ.

Як қатор санадҳои ҳамкорӣ бо кишварҳои Украина, Ҳиндустон, Алҷазоир, Шоҳигарии Белгия, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва бо давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай тасдиқ карда шуданд.

Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсони зерин бо Ҷоизаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ дар соҳаи адабиёт, санъат ва меъморӣ дар соли 2008 сарфароз гардонда шуданд:

- Шоираи халқии Тоҷикистон Иноят Хоҷаева-маъруф бо тахаллуси Фарзона барои маҷмӯаи шеърҳои «Муҳри гули мино»;

- Шоири халқии Тоҷикистон Муҳаммад Ғойиб барои маҷмӯаи шеърҳои «Каъбаи дил»;

- Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Гулчеҳра Содиқова барои силсилаи сурудҳои «Меҳри Ватан-модар»;

- Арбоби ҳунари Тоҷикистон Раҳмат Ботуралиев барои силсилаи сангнигораҳои девории «Искандарномаи Хуҷанд»;

- нависанда Бароти Абдураҳмон барои романи таърихии «Куруши Кабир».

Бо ҳамин қарор ҳамчунин адиб ва олими эронӣ Саид Нафисӣ бо нахустин Ҷоизаи байналмилалӣ дар соҳаи адабиёти тоҷик барои пажӯҳишҳои бунёдӣ дар Рӯдакишиносии ҷаҳон сарфароз гардонда шуд.

Барномаи кафолатҳои давлатӣ оид ба таъмини аҳолии ноҳияҳои таҷрибавии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кӯмаки тиббию санитарӣ барои солҳои 2008-2009, Нақшаи миллии тадбирҳо оид ба ҳифзи модару кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2014, Барномаи рушди Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ ва Қоидаҳои ташкили низоми тайёрии касбӣ, такмили ихтисос ва бозомӯзии шаҳрвандони бекор тасдиқ карда шуданд.

Мутобиқи Барномаи кафолатҳои давлатӣ оид ба таъмини аҳолии ноҳияҳои таҷрибавии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кӯмаки тиббию санитарӣ барои солҳои 2008-2009 аз 1-уми августи соли 2008 дар шаҳру ноҳияҳои таҷрибавии Норак, Турсунзода, Данғара, Сарбанд, Спитамен, Рашт, Шаҳринав ва Варзоб ба Қаҳрамонони Ҷумҳурии Тоҷикистон, дорандагони се дараҷаи Ордени Шараф, Қаҳрамонони меҳнати сотсиалистӣ, ҷанговарони интернатсионалист, зарардидагони садамаи Чернобил, маъюбони ҳарбӣ, кӯдакони маъюби то 16-сола, кӯдакони ятими дар муассисаҳои махсус тарбиятгиранда, кӯдакони то яксола, шаҳрвандони синни 80 ва болотар аз он, пирони дар хона-интернатҳои пиронсолон қарордошта ва монанди инҳо бо як зумра кӯмакҳои тиббию санитарии ройгон таъмин карда мешаванд.

Матни пурраи барномаи мазкур дар матбуоти даврӣ чоп мешавад.

Дар маҷлис Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд барои солҳои 2008-2015 тасдиқ карда шуд, ки баъди боздиди порсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои иҷро намудани супоришҳои он вақт баёнгашта таҳия гаштааст.

Ба иттилои раиси ноҳия татбиқи барномаи мазкур афзоиши истеҳсол ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳои корам, азхудкунии заминҳои боқимондаи дашти Дилварзин, бунёди корхонаҳои нави саноатӣ ва васеъ кардани иқтидори корхонаҳои мавҷуда, истихроҷи канданиҳои фоиданок, рушди соҳибкории хурду миёна ва ғайраро дар назар дошта, ба муҳайё намудани ҷойҳои нави корӣ ва баланд бардоштани сатҳи зинадагии мардум мусоидат хоҳад кард.

Лоиҳаи Низомномаи Минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ» бо назардошти таклифу пешниҳодҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд.

Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин нақшаи чорабиниҳои рушди минбаъдаи иҷтимоию иқтисодии ВМКБ тасдиқ карда шуд. Нақшаи мазкур ба таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳангоми сафари кории ӯ ба шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Ванҷ, Рӯшон, Ишкошим ва Роштқалъа дар вохӯрӣ бо роҳбарон ва фаъолони ВМКБ доир ба вазъи иқтисодиву иҷтимоии вилоят ва вазифаҳо барои солҳои оянда баён гашта буданд, равона шудааст.

Мутобиқи он тамоми вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳои дахлдори ҷумҳуриявӣ вазифадор шудаанд, ки то ҷашни Ваҳдати миллии соли 2010, ки дар шаҳру ноҳияҳои ВМКБ давоми як ҳафта таҷлил мегардад, баҳри омода намудани нақшаҳои генералии бунёди марказҳои маъмурии шаҳру ноҳияҳои вилоят, сохтмони иншооти сершумори соҳаҳои маорифу тандурустӣ, фарҳанг, варзишгоҳҳо, нерӯгоҳи обии «Санобод», нерӯгоҳҳои хурди обӣ, аз худ намудани заминҳои бекорхобида, ду баробар зиёд кардани қарзҳои хурди бонкӣ ба соҳибкорон, рушди кишоварзӣ ва ғайра чораҳои таъхирнопазир андешида, аз рафти иҷрои онҳо ҳар моҳ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ахборот пешниҳод намоянд.

Дар фароварди маҷлис Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷӯҳи ҳозиринро ба масоили омодагӣ ба ҷаласаи навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, таҷлили ҷашни 1150-солагии Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ, ба зимистони пешомад, аз ҷумла баҳри фаровон захира намудани озуқаворӣ, маводи сӯхт аз қабили ангишт ва гази моеъ, барқароркунии шабакаи гармидиҳӣ ба биноҳои баландошёнаи истиқоматии пойтахт ва ҳамчунин ба вусъат додани корҳо дар бунёди нақбҳои мошингарди Шаҳристону Шаршар ва Чормағзак, роҳҳои мошингарди Душанбе-Рашт-Ҷиргатол-Саритош, Қурғонтеппа-Дӯстӣ-Панҷи поён, Кӯлоб-Қалъаи Хумб, роҳи оҳани Ваҳдат-Ёвон ва ғайра ҷалб намуда, ба масъулин дастуру супоришҳои қатъӣ дод.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2018
Тел/Факс.: (+992 37)2212520