Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Раиси Маҷлиси Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон Ерлан Кошанов

04.05.2023 15:09, Қазоқистон
Мулоқот бо Раиси Маҷлиси Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон Ерлан Кошанов  04.05.2023

4 май дар шаҳри Остона Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари давлатӣ бо Раиси Маҷлиси Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон Ерлан Кошанов мулоқот карданд.

Дар рафти мулоқот маҷмуи васеи масоили ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон, аз ҷумла заминаи ҳуқуқии байни кишварҳо ва робитаҳои байнипарлумонии ду кишвар баррасӣ гардид.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки Қазоқистон шарики боэътимоди стратегии Тоҷикистон аст ва дар сиёсати хориҷии давлати мо мақоми хосса дорад.

Зимни вохӯрӣ аз сатҳи баланди муносибатҳои гуногунҷанба, ки аз анъанаҳои деринаи дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, эътимод ва дастгирии ҳамдигар асос ёфтаанд, изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Таъкид гардид, ки робитаҳои байнипарлумонӣ ҷузъи муҳими муносибатҳои мост, зеро онҳо дар пешбурди афзояндаи тамоми масъалаҳои рӯзномаи муносибатҳои Тоҷикистону Қазоқистон ва дар таҳкими заминаи ҳуқуқии ҳамкориҳои ду кишвар нақши муҳим доранд.

Дар рафти мулоқот ҷонибҳо оид ба ҳамкории зичи кишварҳо тавассути парлумони ду кишвар дар сатҳҳои гуногуни байналмилалӣ, аз ҷумла ассамблеяҳои парлумонии ИДМ, СААД, САҲА, сафарҳои мутақобилаи ҳайатҳои парлумонӣ ва таъсиси Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории байнипарлумони табодули андеша карданд.

Ҷонибҳо дар рафти мулоқот ҳамчунин оид ба дигар масоили мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯйи судманд анҷом доданд.

 

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520