Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Президенти ФИФА ва Президенти Конфедератсияи футболи Осиё (АФК)

02.05.2023 10:20, шаҳри Душанбе
Мулоқот бо Президенти ФИФА ва Президенти Конфедератсияи футболи Осиё (АФК)  02.05.2023

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри миллат Президенти Федератсияи байналмилалии ассотсиатсияи футбол (ФИФА) Ҷованни Инфантино ва Президенти Конфедератсияи футболи Осиё (АФК) Салмон бин Иброҳим Ал-Халифаро, ки бо сафари корӣ ба шаҳри Душанбе ташриф оварданд, ба ҳузур пазируфтанд.

Дар рафти суҳбат ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо ин сохторҳои бонуфузи ҷаҳонӣ ва минтақавии футбол муҳокима гардиданд.

Аз ҷумла мавзӯъҳои мавқеи футбол дар ҷомеаи Тоҷикистон ва оммавигардонии ин намуди машҳури варзиш дар кишвари мо, ҳамчунин, тадбирҳои аз ҷониби Ҳукумат ва Федератсияи футболи Тоҷикистон бо мақсади рушди минбаъдаи футбол андешидашаванда мавриди гуфтугӯ қарор доштанд.

Аз сатҳ ва муҳтавои ҳамкории Федератсияи футболи Тоҷикистон бо ФИФА ва Конфедератсияи футболи Осиё изҳори қаноатмандӣ карда шуд.  

 Дар идомаи суҳбат ҷонибҳо ба масъалаҳои такмили минбаъдаи пойгоҳи зерсохтории футбол дар Тоҷикистон, дурнамои рушди футболи  кўдакону наврасон ва бонувон, инчунин бозии футбол дар толор (футзал) таваҷҷуҳи хосса зоҳир карданд.

Пешвои миллат ба  Федератсияи байналмилалии ассотсиатсияи футбол ва Конфедератсияи футболи Осиё барои мусоидат ва дастгирии доимиашон дар масъалаҳои рушди футболи Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ намуда, иброз доштанд, ки ҳамкории Тоҷикистон бо ин сохторҳои ҷаҳонӣ ва минтақавии футбол дар оянда низ дар рӯҳияи созандагӣ идома хоҳад ёфт.

Қобили зикр аст, ки ҷиҳати фароҳам овардани шароити бештар мусоид барои рушду пешрафти футбол дар кишвари мо пайваста чораҳои зарурӣ андешида мешаванд.

Тайи солҳои соҳибистоқлолии давлатӣ дар Тоҷикистон беш аз 7400 майдону майдончаҳои варзишӣ дар минтақаҳои мухталифи кишвар таъмиру таҷдид ва бунёд гардидаанд.  Танҳо дар шаҳри Душанбе тайи панҷ соли охир беш аз 300 адад майдончаҳои варзишӣ сохта, ба истифода дода шудаанд ва айни ҳол дар пойтахти мо беш аз 470 майдону майдончаҳои бозии футбол мавриди баҳрабардорӣ қарор  доранд.

Айни замон “Барномаи рушди футбол дар шаҳри Душанбе барои солҳои 2022 – 2026» ва “Барномаи махсуси Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон оид ба рушди футбол дар деҳоти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2024" мавриди иҷро қарор доранд. 

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520