Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи шодбошӣ ба Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Парвиз Мушарраф

14.08.2008 15:00

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Парвиз Мушарраф барқияи шодбошӣ фиристод, ки дар он омадааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Табрикоти самимии маро ба муносибати иди миллӣ – солгарди истиқлоли Ҷумҳурии Исломии Покистон қабул фармоед.

Ҷониби Тоҷикистон ба густариши муносибатҳои деринаи дӯстона ва ҳамкориҳо бо кишвари Покистон аҳамияти хоса дода, таъкиди омодагӣ менамояд, ки аз тамоми имкониятҳои мавҷуда дар ин самт истифодаи муассир ба амал хоҳад овард. Итминон дорам, ки равобити байни кишварҳои мо, ки омили муҳими сулҳу субот дар минтақа мебошанд, минбаъд низ густариш хоҳанд ёфт.

Ба Ҷаноби Олӣ саломативу бурдбориҳо ва ба халқи дӯсти Покистон сулҳу шукуфоӣ таманно дорам”.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520