Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Пратибха Патил барқияи шодбошӣ фиристод, ки дар он омадааст:
Ба муносибати фаро расидани солгарди ҷашни Истиқлоли Ҷумҳурии Ҳиндустон табрикоти самимӣ ва таҳнияти моро қабул фармоед.
Дар Тоҷикистон ба густариши минбаъдаи муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳо бо Ҳиндустон дар соҳаҳои мухталиф бо таваҷҷӯҳи хоса менигаранд. Тавсеа ва таҳкими беш аз пеши ин муносибот ба манфиати мардумони ду кишвари дӯст ва сулҳу субот дар минтақа хоҳад буд.
Аз ин рӯ итминони комил дорам, ки раванди ҳамкориҳои мутақобилан судманди байни ду кишвар такони тоза касб хоҳад кард.
Бо истифода аз ин фурсати муносиб ба Шумо, Хонуми Олиҷоҳ, сиҳатмандиву муваффақият ва ба мардуми кишвари дӯсти Ҳиндустон шукуфоиву бурдбориҳо орзумандам.