Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи шодбошӣ ба Раиси ҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай

19.08.2008 16:00

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси ҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай барқияи шодбошӣ фиристод, ки дар он омадааст:

Шумо, Ҷалолатмаоб ва кулли мардуми бародари Афғонистонро бо ҷашни миллӣ – солгарди истиқлоли кишвар аз номи худ ва тамоми мардуми Тоҷикистон самимона табрик менамоям.

Тағйирот ва таҳаввулоти хеле ҷолибе, ки солҳои ахир дар муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистон ва Афғонистон рух доданд, далели равшани саъю эҳтимом ва кӯшишҳои муштараки мардумони мо барои эҳё ва рушди равобити ҳасана байни ду кишвари ҳаммарз дар тамоми сатҳҳо ва заминаҳост.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдори густариш ва тавсеаи ин равобити дӯстона ва ҳамкории мутақобилан судманди байни ду кишвар мебошад. Умедворам, ки ҳамкории созанда ба нафъи ҳарду кишвар ва амнияту суботи минтақа рушди пайгир ва рузафзун хоҳад ёфт.

Ба Ҷалолатмаоб хушбахтиву сиҳатмандӣ ва ба мардуми дӯсти Афғонистон хушрӯзӣ ва саодат таманно дорам.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520