Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи изҳори тасаллӣ ба Пешвои миллии мардуми Туркманистон, Раиси Халқ Маслахати Туркманистон Гурбангулӣ Бердимуҳамедов

07.04.2023 19:40, шаҳри Душанбе

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Пешвои миллии мардуми Туркманистон, Раиси Халқ Маслахати Туркманистон муҳтарам Гурбангулӣ Бердимуҳамедов барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Муҳтарам Гурбангулӣ Мяликгулиевич,

Хабари даргузашти модари соҳибэҳтироми Шумо – Огулабад эдже боиси андӯҳи амиқи мо гардид.

Дар иртибот ба ин талафоти гарон хоҳишмандам изҳори тасаллии самимӣ ва таъзияи амиқи ин ҷонибро қабул фармоед. Дар ин рӯзҳои вазнин ба Шумо ва пайвандону наздикони Шумо матонати рӯҳӣ ва сабри ҷамил хоҳонам».

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520