Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев

27.08.2008 16:30, шаҳри Душанбе

Дар ҳамин ҷо Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев мулоқот намуд.

Дар вохӯрӣ оид ба маҷмӯи васеи масоили ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон, ки барои он заминаи фарохи қарордодию ҳуқуқӣ дар сатҳу зинаҳои байнидавлатӣ, байниҳукуматӣ, байнидоравӣ ва байни доираҳои соҳибкории ду кишвар муҳайё гаштааст, гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.

Сарони ду давлат омодагии худро баҳри густариши ҳамҷонибаи ҳамкориҳо, аз ҷумла ҷиҳати таъмини Тоҷикистон бо орду ғалла ва маҳсулоти нафтӣ таъкид намуданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520