Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ дар мулоқот бо намояндагони зиёиёни мамлакат

19.03.2008 14:00, шаҳри Душанбе

Ҳамватанони азиз!

Зиёиёни мӯҳтарам!

Ҷашни Наврӯз барои миллати фарҳангдӯсту тамаддунсоз ва хуршедпарвари мо дар ҳамаи давру замон муқаддас буд. Аҷдоди мо ҳатто дар давраҳои мушкилтарини таърихӣ, ки аҷнабиён Наврӯзи аҷамро мамнӯъ эълон карда буданд, онро чун иди зиндагисоз ва ҷавобгӯи орзуву ормонҳои деринаашон бо ҳар роҳу восита ҳифз менамуданд ва гиромӣ медоштанд.

Пайдоиши Наврӯзро ниёгони мо ба шоҳ Ҷамшед нисбат медоданд ва ин матлаб дар осори зиёди таърихӣ, адабӣ ва фарҳангӣ баён шудааст.

Мутобиқи нақли «Шоҳнома» Ҷамшед савори тахти перостаи хеш дар як рӯз аз Дамованд ба Бобул рафт ва он рӯзи нахустини Фарвардин буд, ки унвони Ҳурмузро дошт. Мардум он рӯзро хуҷаста доштанд, шодиву хурсандӣ биоростанд ва Наврӯз номиданд.

Маъхазҳои бостонӣ Наврӯзро падидаи қудсӣ дониста, ин ҷашнро ба Фараҳаври пок мансуб медонанд. Маънии Фараҳавр рӯҳи пок ва муқаддас буда, тибқи ривоятҳои қадима дар сари сол ба замин фуруд меояд.

Дар робита ба ин бархе аз суннатҳои аҷдодии мо дар оғози таҷлили Наврӯз ба зуҳур мерасанд, ки ҳамагӣ ба тарбияи маънавии ҷомеа равона шуда, имрӯз ҳам аҳамияти худро гум накардаанд.

Ҳамин тариқ, Наврӯз яке аз ҷашнҳо ва суннатҳои қадимтарини мардуми тоҷик мебошад, ки решааш аз фарҳанги пурбори ориёӣ об мехӯрад ва меҳри он дар қалби мардум маъво дорад.

Истиқлолияти давлатӣ, ин саодати ҷовидона, ки дар масири ҳазорсолаи таърих ба насли имрӯзаи тоҷикон насиб гардид, ба таҷлили пуршукӯҳу шаҳомати хоси иди муқаддаси ниёгонамон - Наврӯзи оламафрӯз, Наврӯзи ормонҳои навин шароити мусоид фароҳам овард. Мо бояд ба қадри ин неъмати бебаҳо расем, шукрона кунем ва аз истиқлолияти давлати хеш чун бахти безаволи миллат ифтихор дошта бошем.

Мо дар арафаи Наврӯзи ҳуҷастапай боз бо шумо, аҳли зиёи кишвар, мулоқот доир менамоем.

Дар ин лаҳзаҳои фараҳбахш ман тамоми ҳамватанони азиз, ҳамаи шумо, зиёиёни арҷманд, кулли тоҷикони бурунмарзӣ, ҳамзабонони наврӯзпарвари хешро бо фарорасии иди бостонию ҳамеша ҷавони Наврӯз аз замири дил шодбош мегӯям ва хуррамию сарсабзии наврӯзиро ба ҳар хонадон, ба пирони равшандилу тифлони хандон, ба сарзамини файзбахш ва зарнисори тоҷикон орзумандам.

Зиёиёни гиромӣ!

Мурод аз ин мулоқот бо шумо, пеш аз ҳама баррасӣ ва арзёбии ҷиддӣ, амиқ ва ошкорои масоили умдаи рӯз мебошад, ки замони суръатбахш ва пуртазоди мо пешорӯи ҷомеа мегузорад.

Шумо медонед, ки соли равон дар Тоҷикистон таҷлили як қатор чорабиниҳои фаромӯшнопазири сиёсиву фарҳангӣ - 1150-солагии асосгузори назми оламгири тоҷику форс, Одам-уш-шуаро Абӯабдуллои Рӯдакӣ, мулоқоти сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай, Соли бузургдошти забони тоҷикӣ, Форуми сеюми олимон ва зиёиёни эҷодкори давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Рӯзҳои адабиёти рус дар Тоҷикистон, ҳамчунин баргузории Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар ҳафт мамлакати ҷаҳон дар назар аст.

То чи андоза бомуваффақият ва муташаккилона барпо шудани ин чорабиниҳо, ки бояд ба таҳкими нуфуз ва эътибори байналмилалии кишвари мо мусоидат намоянд, аз шумо, аҳли илм ва зиёиёни эҷодкор низ вобастагии калон дорад.

Аслан, чунонки қаблан ҳам борҳо гуфта будам, рушди ягон давлат, таҳаввулоти маънавии ҷомеа ва тарбияи наслҳои нави дорои тафаккури андархӯри асри илму технологияҳои муосир бидуни такя ба нерӯи зеҳнии кишвар, аҳли илму зиё ғайриимкон аст.

Дар лаҳзаҳои сарнавиштсози Ватан зиёиён бояд мавқеи сиёсии устуворро ишғол намоянд, аз калавандагию бетарафӣ ҳазар кунанд ва ифодагари ормонҳои миллати хеш бошанд. Дар ин маврид ба ёд овардани сухани миллатсози устод Айнӣ «Намунаи адабиёти тоҷик»-и ӯ кофист, ки мисоли барҷастаи таъсир расондани адабиёт ба равандҳои сиёсӣ ва иҷтимоии замон мебошад.

Бинобар ин, давлат ва халқ ҳақ доранд, ки аз шумо, зиёиёни мӯҳтарам, дар пешбурди илм, маориф ва фарҳанг, умуман сатҳи маърифатнокии ҷомеа ба нафъи халқу Ватан самараи бештарро умедвор бошанд.

Чунонки огоҳ ҳастед, соли 2008-ум аз ҷониби ЮНЕСКО соли забонҳо эълон гардидааст. Моро низ лозим аст, ки боз дар масъалаи вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди забони модариамон ба таври ҷиддӣ андеша намоем.

Забони миллӣ ва ташаккули пайвастаи он дар мақоми давлатӣ муҳимтарин рамз ва рукни истиқлолияти давлативу сиёсии мо мебошад. Ҳамеша дар хотир бояд дошт, ки дар тӯли гузаштаи пурфоҷиа забони мо барои бақо ва ҳастии миллат, шукӯҳу азамати давлатдорӣ хидмати бузург ва таърихӣ кардааст.

Олимони маъруфи ҷаҳон муқаррар намудаанд, ки ареали паҳншавии халқи тоҷик ва тамаддуни он хеле фарох буда, Помирро аз се самт - шарқ, шимол ва ғарб дарбар мегирад ва ба воситаи Алатов, қаторкӯҳҳои Олой, Туркистон, Ҳисор, сипас Дарвозу Бадахшони Кӯҳӣ то қисмати шарқии Ҳиндукуш доман мекашад. Ва дар саросари ин қаламрави бузург таъсири пурфайзу баракати худро ба тамоми соҳаҳои зиндагии мардумони дигар расондааст.

Дар аҳди Сомониён забони тоҷикӣ ҳамчун забони шеъру шоирӣ, забони илму адаб бо покиву шириниаш воқеан оламгир шуд. Ва албатта ин мартабаи олиро ба забони тоҷикӣ - пеш аз ҳама соҳиби он - халқи тамаддунофари мо, адибону олимони хушкалом ва меҳанпарастамон бахшиданд.

Пас аз заволи давлати Сомониён соҳибқудратони замон ҳамоно мафтуни шеъру адаби тоҷикӣ буданд ва асрҳои аср пеши он сари таъзим фуруд меоварданд. Гузашта аз ин, дар давоми ҳазор сол забони тоҷикӣ дар саросари Хуросону Мовароуннаҳр забони дарбор ва коргузорӣ буд.

Наврӯзи оламафрӯз, ки дар пайравии ниёгони мо тамоми халқҳои Осиёи Марказӣ дар тӯли асрҳо онро ҷашн мегиранд, далели равшани ин гуфтаҳост. Инро дар мисоли ганҷинаи безаволи мусиқии суннатии тоҷик -«Шашмақом» низ метавон дид.

Зиёда аз ин, забони мо дар тӯли садсолаҳо аз баҳри Миёназамин то Ҳинду Чин ҳамчун забони муоширати байни халқҳои гуногун хизмат намуда, дар осори хаттии онҳо ҳам нақши зиёде гузоштааст. Ин ҳақиқати таърихӣ мебошад.

Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки дар ҳама ҳолат миллати тоҷик сипари боэътимод, ганҷи гаронбаҳои ниёгон - забони модариро аз даст надодааст.

Барои собит намудани ин далел овардани чунин мисол бамаврид аст. Чунонки аз сарчашмаҳо, аз ҷумла «Таърих»-и Наршахӣ бармеояд, баъд аз истилои араб дар Эрони Ғарбӣ дар давоми ду садсола забони паҳлавӣ рӯ ба таназзул овард ва ҷои онро забони арабӣ гирифт. Аммо дар қаламрави Мовароуннаҳру Хуросон забони тоҷикӣ мавқеи худро аз даст надод, балки ботадриҷ рушду нумӯъ ёфт ва билохира бо шеъри ноби Рӯдакӣ бо тамоми фасоҳату балоғаташ зуҳур кард.

Ҳамчунин лозим ба ёдоварист, ки дар аҳди Сомониён Қуръони маҷид ба забони тоҷикӣ тарҷума гардида, мардум ибодатро бо забони модарӣ анҷом медод. Ин нишони эҳтироми бепоёни мардум ба асолат ва забони модарӣ ва кӯшишҳои халқи тоҷик барои ҳифзи забон ва суннатҳои ниёгон буд.


Имрӯз маълум мешавад, ки ҳанӯз дар соли 1822 дар шаҳри Калкуттаи Ҳиндустон аввалин рӯзнома бо забони тоҷикӣ таҳти унвони «Ҷоми ҷаҳоннамо», баъдан дар шаҳрҳои Деҳливу Бомбай ва ғайра як қатор рӯзномаву ҳафтанома ва моҳномаҳои дигар, аз қабили «Ойинаи Сикандар», «Моҳи оламафрӯз», «Дирафши ковиёнӣ», «Тамаддун» ва амсоли инҳо интишор шуда, дастраси хонандагон мегардиданд.

Ин мисол боз як далели азамат ва эътибори баланди забони тоҷикӣ мебошад, ки дар зарфи ҳафтсад сол дар ин сарзамини афсонавӣ ба ҳаёти сиёсӣ, фарҳангӣ ва динӣ таъсири амиқ дошт.

Чунин афзалият то замони бо сабабҳои маълуми таърихӣ ба унвони забони расмӣ ва коргузорӣ ҷойгузини тоҷикӣ шудани забонҳои урду, ҳиндӣ ва англисӣ идома ёфта буд.

Акнун дар замони истиқлолият забони модарӣ, ки як рукни бунёдии давлату миллат, илму фарҳанги мо аст, бояд аз ҳар ҷиҳат рушду нумӯъ ёбад. Забони тоҷикӣ ҳоло бояд ҷавобгӯи ниёзҳои замон бошад ва тамоми таҳаввулоти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии ҷомеаро дар худ инъикос намояд.
Тибқи Конститутсияи Тоҷикистон ва Қонуни забон ба забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ дода шудааст. Ин чунин маъно дорад, ки тамоми умури коргузорӣ дар кишвар бояд бо ҳамин забон сурат гирад.

Мутаассифона, бо вуҷуди ин ҳама чораҷӯӣ ва тадбирҳо забони тоҷикӣ дар баъзе вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо ҳанӯз ҳам мақому манзалати ба забони давлатӣ хосро касб накардааст. Сабаби чунин вазъият, пеш аз ҳама, равшан дарк накардани моҳияти иқдоми пешгирифтаи давлату ҳукумат ва бемасъулиятии баъзе роҳбарон ва хизматчиёни давлатӣ аст.

Беэътиноӣ ва беҳурматӣ нисбат ба забони давлатӣ ҳам дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, ҳам дар коргузорӣ, ҳам дар воситаҳои ахбори умум ба назар мерасад.
Матни норавону пурғалати овеза ва шиору рекламаҳо, сӯҳбати радиоиву телевизионӣ, мақолаҳои баъзе рӯзноманигорон ва осори адибону олимони ҳаваскор беэҳтиромиро ба забони модарӣ ба миён меоранд. Ин падидаи номатлубро на фақат дар шаҳру ноҳияҳо, балки дар пойтахт низ мушоҳида кардан мумкин аст.

Аксарияти роҳбарон дар идора ва ҷойҳои ҷамъиятӣ, ҳатто дар ҷаласаҳои Ҳукумат ва парлумон, аз тариқи радио ва телевизион бо лаҳҷаи деҳа ё маҳали худ ҳарф мезананд. Кам роҳбароне ҳастанд, ки забони адабиро дуруст омӯхта, имло ва меъёрҳои онро риоя мекунанд, ибрати муоширати баланд нишон медиҳанд.

Гӯё ки онҳо аз ягон мактаб нагузаштаанд ё дар умрашон китоби бадеӣ нахондаанд. Ба ин амали носавоб ба таври қатъӣ хотима бояд гузошт. Роҳбарони тамоми шохаҳои ҳокимият, умуман хизматчиёни давлатӣ дар кадом сатҳ набошад, бояд аз ҳама ҷиҳат, аз ҷумла дар суханронӣ намунаи ибрат бошанд.

Фаромӯш набояд кард, ки одобу маданияти роҳбарӣ пеш аз ҳама аз фасоҳати забон ва муоширати нек шурӯъ мешавад.
Ба тавассути забон ҳуввияти миллӣ ҳифз мегардад, он воситаи муқтадири сарҷамъ намудани миллат таъмини якпорчагии сарзамини кишвар дар ҳама давру замон мебошад.

Таърих бисёр мисолҳоро медонад, ки дар баробари аз байн рафтани забон миллат низ аз байн меравад. Ба ибораи дигар, фанои забон фанои миллат аст.

Имрӯз, дар замони пуртазод ва рушдёбандаи глобализатсия ин раванд ба хатари воқеӣ табдил меёбад. Мо, дар навбати аввал, шумо, аҳли зиё, барои пешгирии чунин равандҳои номатлуб бояд омода бошем.

Фаромӯш накунем, ки ҳурмати забон ҳурмати модар аст, ҳурмати Ватан ва ифтихори давлатдории миллӣ аст. Дар ин ҷо овардани суханони шоир ва маорифпарвари тоҷик Саидаҳмадхоҷаи Аҷзӣ, ки ҳанӯз дар ибтидои асри гузашта бо дурандешии ҳайратовар ба риштаи назм кашидааст, хеле бамаврид мебошад.

Агар сесад забон донӣ, фузун нест,
Ҳама рӯзе ба кор ояд, забун нест.
Надонӣ гар забони давлати худ,
Пушаймонӣ надорад оқибат суд.

Дар марҳалаи кунунӣ ба сохторҳое, ки барои амалӣ шудани Қонуни забон ҷавобгаранд, яъне Кумитаи истилоҳоти назди Академияи илмҳо, Институти забон ва адабиёти тоҷик, Гурӯҳи кории Комиссияи татбиқи Қонуни забон дар назди Ҳукумати Тоҷикистон, вазоратҳои маориф ва фарҳанг, Кумитаи радио ва телевизион лозим аст, ки кори худро дар ин самт фаъол ва пурсамар гардонанд, вазифаи пуршарафи бар зиммаи онҳо гузошташударо бо дарки масъулияти баланд иҷро намоянд

Дар арҷгузории забони модарӣ ва тарғибу посдории он нақши аҳли зиё - олимон, шоиру нависандагон, кормандони соҳаи маориф, тандурустӣ, алалхусус воситаҳои ахбори умум бағоят бузург мебошад.

Воситаҳои ахбори умум минбари тавоно ва фарогири ҷомеа маҳсуб мегарданд, афкори ҷомеаро ташаккул медиҳанд, ҳар як суханашон бояд нишонрас ва оммафаҳм бошад.

Солҳои охир мардум ба забони рӯзномаю маҷаллаҳо, радио ва телевизион бисёр эрод мегиранд, ки ин бесабаб нест. Дар хат ва маънӣ ғалатҳои бисёр дучор меоянд. Умуман, забони воситаҳои ахбори умум ба беҳбудии ҷиддӣ ниёз дорад.

Аз ин рӯ, аҳли эҷод, аз ҷумла рӯзноманигорон аз қоидаҳои забони модарӣ, махсусан қоидаҳои имло, фасоҳат ва балоғати сухан бояд хуб огаҳӣ дошта бошанд, дар забони навиштаҳои онон ғалат роҳ наёбад, зеро имрӯз як василаи оммавият пайдо кардани ғалатҳо забони матбуоти даврӣ ва радиою телевизион аст.

Қаламкаш масъулияти азим нисбат ба забони модарӣ дорад ва як ғалати ӯ метавонад ба ҳазорон нафар асар гузорад. Соли гузашта садорати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва ҳамчунин рӯзномаи «Омӯзгор» оид ба масоили забони адабиёт ва матбуоти кишвар бо иштироки олимони забоншинос сӯҳбатҳои густурдае барпо карданд, ки иқдоми хуб ва ибратбахш аст.

Маҳз бо эҳтиром ва нияти ҳаматарафа омӯхтани забони модариамон ман соли гузашта супориш дода будам, ки то моҳи сентябри соли равон нашри фарҳанги мукаммали дуҷилдаи забони тоҷикӣ таъмин карда шавад.

Умед аст, ки ин қомуси гаронбаҳо дар ояндаи наздик интишор ёфта, китоби рӯимизии ҳар шахси фарҳангпараст ва миллатдӯст мешавад.

Дар айни замон ҳамеша дар ёд бояд дошт, ки дар замони рушди пуравҷи илму техника, технологияҳои нав, алалхусус технологияҳои иттилоотӣ ва қувват гирифтани равандҳои ҷаҳонишавӣ бе омӯзиши забонҳои хориҷӣ, алалхусус забонҳои русӣ ва англисӣ тайёр кардани мутахассисон ва коршиносони ҷавобгӯи талаботи имрӯзаи ҷаҳонӣ, афзудани сарватҳои моддию маънавӣ ва ишғол намудани мавқеи сазовор дар миёни кишварҳои пешрафтаи дунё хеле мушкил аст.

Аз ин рӯ, мо дар баробари таъмини мақому манзалати хоси забони давлатӣ бояд ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ, алалхусус дар байни ҷавонон эътибори махсус диҳем.

Фаромӯш набояд кард, ки забонҳои хориҷӣ шаҳпуле мебошанд, ки моро бо тамаддуни ҷаҳонӣ мепайванданд, маънавиёти моро ғанӣ месозанд ва ба рушди ҳамкориҳо бо кишварҳои дигар мусоидат менамоянд.

Имрӯз дар шароити қувват гирифтани равандҳои ҷаҳонишавӣ ягон давлат, ҳатто давлати абарқудрат дар танҳоӣ рушду нумӯъ карда наметавонад ва ба робитаҳои ҳаматарафаи сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ бо кишварҳои ҳамсоя ва ҷаҳон ниёз дорад.

Дар идомаи ин фикр мехоҳам таваҷҷӯҳи шуморо боз ба як масъалаи муҳим ҷалб намоям. Муддати тӯлонӣ чунин ақида вуҷуд дошт, ки Шарқу Ғарб ба мисли ду қутби мухталифанд ва ҳеҷ гоҳ бо ҳам наздик намешаванд. Аммо асри ҷаҳонишавии мо ин ақидаро рад намуд. Ман ҳам чунин мепиндорам, ки ба шарқию ғарбӣ тақсим намудани тамаддуни башарӣ фақат шартӣ аст.

Агар таърихи инсониятро як маҷрои бузурги беохир тасаввур кунем, пас Шарқу Ғарб ба мисли ду соҳили як дарёанд. Чун ба гузашта назар афканем, пас хоҳем дид, ки бе тамаддун, бе маънавиёти Шарқ, аз ҷумла осори Розӣ, Ибни Сино, Берунӣ ҳатто Ренессанси асримиёнагии Аврупо бо тамоми пуррагиаш зуҳур карда наметавонист.

Қадру манзалати ин олимони ҷаҳоншумул дар назди уламои Аврупо ба дараҷае будааст, ки ҳангоми зикри исми мубораки онҳо дар донишгоҳҳои Испания, Португалия ва кишварҳои дигар толибилмон муваззаф буданд, то ба нишони эҳтироми бепоён аз ҷой бархезанд.

Таъсири мутақобилаи пурбаракат аз ду ҷониб, алалхусус маънавиёти Шарқу технологияҳои Ғарб имрӯз беш аз пеш эҳсос мешавад. Ин раванд тақозои ҳаёт ва диалектикаи рушди инсоният аст.

Бо вуҷуди ин гоҳо дар воситаҳои ахбори умум аз ҷониби муаллифони чи хориҷӣ, чи дохилӣ сару садоҳое баланд мешаванд, ки ба тафриқаандозӣ нигаронда шудаанд ва ҷомеаи моро ба ғарбпарастӣ айбдор карданӣ мешаванд.

Фикр мекунам, ки чунин муносибат ҷанбаи солим надорад, зеро ҷудоиандозӣ ҳеҷ гоҳ бо некӣ анҷом намеёбад. Дуруст аст, ки дар замони шӯравӣ мо, тоҷикон, чун миллатҳои дигари ин давлати абарқудрат то андозае аз забони адабӣ ва асолати миллии хеш дур шуда будем.

Аз китобҳои дарсии фанни таърих мо дар бораи таърихи тамоми ҷаҳон аз замонҳои қадим то имрӯз маълумоти муфассал мегирифтем, аммо дар бораи гузаштаи миллати худ, дар бораи муҳимтарин рӯйдодҳои таърихи халқамон қариб ки огоҳие надоштем.

Вале дар айни замон фаромӯш набояд кард, ки замони шӯравӣ як давраи томи таърихи халқи мост ва сарфи назар аз ҳама шебу фарозҳо нодида гирифтани он дастовардҳо, ки дар он давра насиби халқи тоҷик шуданд, ғалати маҳз аст.

Ҳаминро ёдовар шудан кофист, ки заминаи давлатдории миллии тоҷикон баъд аз ҳазор сол маҳз дар ҳамон давра ташаккул ёфта буд. Агар ба таърих назар афканем, пас хоҳем дид, ки он давра чи сон пурфоҷиа будааст ва мухолифини ба вуҷуд омадани давлати миллии тоҷикон чи қадар фишорҳо овардаанд.

Маҳз дар ҳамин давра ҷунбиши миллие ба миён омад, ки бо номи Садриддин Айнӣ ва дигар фарзандони миллатдӯсти тоҷик алоқаманд аст, ки онро метавон ҳаракати шуубияи даврони шӯравӣ номид.

Минбаъд байрақбардорони ин ҷунбиш Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода, Сотим Улуғзода, Аловаддин Баҳоваддинов, Абдулғанӣ Мирзоев ва дигарон шуданд, ки ба раванди худшиносии миллӣ такони нав бахшиданд. Онҳо чун саромадони бузурги ҳаракати шуубия дар замони худ дар шароити нави таърихӣ барои маҳфуз доштан ва рушди фарҳанг ва суннатҳои миллӣ фидокорона талошҳо карданд.

Мақсади асосии ин ҳаракати бедорӣ ва созандагии миллӣ ҳифзи мавҷудияти миллат ва фарҳанги он баҳри оянда буд, ки ин марому мақсад дар замони муосири ҷаҳонишавӣ аҳамияти махсус касб менамояд.
Дар доираи он, аз ҷумла дар замони истиқлолият бисёр олимони забардасти Тоҷикистон дар соҳаи таҳқиқ, тарҷума ва нашри мероси гаронбаҳои илмӣ, адабӣ ва фалсафӣ хизматҳои шоиста карданд. Дар натиҷа садҳо ҳазор китобҳо чоп шуда, саҳми тоҷиконро дар рушди илму фарҳанги ҷаҳонӣ нишон доданд. Аҳли зиёи кишвар бояд анъанаҳои ватандӯстонаи ин ҳаракати эҳёи миллиро имрӯз низ идома ва густариш диҳанд.

Имрӯз ҳам илм, адабиёт ва фалсафаи тоҷик, чунонки дар гузашта буд, бояд дар ҷаҳон мавқеи ба худ хос дошта бошанд. Бояд собит сохт, ки осори илмӣ, адабӣ ва фалсафии бузургони миллати мо осори кӯҳнашудаи гузашта нест, балки он имрӯз ҳам чун сарчашмаи ҳалли мушкилоти ҷомеаи муосир хизмат карда метавонад.

Зимнан, дар замони шӯравӣ низ илми тоҷик дар чандин самт, масалан, тиб, зилзиласанҷӣ, математика, астрономия мақоми пешсафиро ишғол менамуд.
Мактабҳои илмии мо дар саросари қаламрави шӯравӣ ва берун аз он шӯҳрат ёфта буданд, бо марказҳои пешбари илми ҷаҳон дар як сатҳ қарор доштанд. Шубҳае нест, ки имрӯз ҳам нерӯи зеҳнии ҷомеаи мо барои ривоҷ додани илми тоҷик дар самтҳои муҳимтарин имкон медиҳад.

Акнун вақти он расидааст, ки проблемаҳои нави ҳаёт, чеҳраҳои одамони замони нав, замони муосир чӣ дар илм, чӣ адабиёт, чӣ театр ва кино ҷасурона ба миён гузошта шаванд ва инъикос гарданд. Равандҳои имрӯзаи зиндагӣ муносибати эҷодкорона ва таҷдиди назар мехоҳанд.

Агар аҳли илму зиё инро дарк карда натавонанд ва рисолати худро дар назди халқи хеш ва таърих амалӣ насозанд, ягон унвони баланди илмӣ ё ифтихорӣ ба онҳо мадад карда наметавонад.

Вобаста ба ин мехоҳам, ки як масъалаи дигарро ба миён гузорам. Ман аз қадамҳои аввали худ ҳамчун Роҳбари давлат худшиносии миллӣ, ҳисси ватанпарастиро ба сифати омили муҳими таҳкими давлатдории миллӣ арзёбӣ менамоям. Аслан тамоми суханрониҳоям ҷанбаи худшиносии миллӣ доранд.

Гузашта аз ин, мо раванди худшиносии миллиро, ки ҳанӯз аз давраи Сомониён ибтидо мегирад, ба шарофати истиқлолият ба сатҳи сиёсати давлатӣ бардоштем. Таҷлили 1100-солагии Давлати Сомониён, Соли бузургдошти тамаддуни ориёӣ, гиромидошти бузургони миллат ба хотири он буд, ки мо асли худро донем, аз таърихи миллатамон ва хизмати аҷдоди хеш дар рушди тамаддуни ҷаҳонӣ огаҳ бошем.

Агар мо ба гузашта назар афканем, пас итминон ҳосил хоҳем кард, ки халқи мо дар ягон давру замон амале содир накардааст, то боиси хиҷолати наслҳои оянда гардад.

Тоҷикон дар давраҳои гуногун ҷаҳониёнро бо илм, бо ҳунар ва фарҳанги волои хеш тасхир карда буданд. Ин, албатта, боиси ифтихору сарфарозии мост.

Вале дар баробари ин мо бояд ба як иштибоҳи азим роҳ надиҳем, яъне ифтихори миллиро аз ғуруру манмании миллӣ фарқ кунем.

Худшиносии миллӣ, ифтихори миллӣ ҳаргиз маънои онро надорад, ки мо худро ба дигар халқҳо муқобил гузорем, зеро ҳар халқ дар таърих мақому манзалати хос дорад, мувофиқи шароити ҷуғрофию таърихии хеш дар тамаддуни башарӣ саҳм гирифтааст.

Бинобар ин, иддаои бартарӣ аз дигарон, паст задани ин ё он инсон аз рӯи нишонаҳои миллию нажодӣ кори шахсони маҳдуд ва ҷаҳолатпеша аст. Мо бо тамоми ҳастӣ аъмоли зишти фашистони навбаромадро, ки дар рӯҳияи нажодпарастию шовинизм даст ба ҷиноятҳои вазнин мезананд, маҳкум менамоем.
Мавқеи мо нисбат ба ин падидаи зишт дигар хел буда ҳам наметавонад. Мо, тоҷикон, ки таъриху фарҳанги оламгир ва дорои ғояҳои башардӯстона дорем, ҳеҷ гоҳ чунин муносибатро ба ягон қавму миллат бояд раво набинем.

Чунонки аллакай зикр намудам, ягон давлат, ягон халқ танҳо ба сари худ вуҷуд дошта наметавонад. Аз қадимулайём илму фарҳанги кишварҳои гуногун ба ҳамдигар ворид шуда, яке дигареро ғанӣ ва пурра мегардонанд.

Ин як раванди табиист. Шоҳкории безаволи санъати меъмории ҷаҳон - Тоҷмаҳалро дар Ҳиндустон устоҳои мумтози тоҷик дар ҳамдастӣ бо меъморону устоҳои ҳиндӣ ва дигарон бунёд кардаанд. Тамоми мардуми ҷаҳон хотираи шоир ва орифи бузург Мавлоно Ҷалолиддини Балхии моро, ки соли гузашта 800-солагии ӯ дар сатҳи байналмилалӣ таҷлил гардид, пос медоранд.

Мо имрӯз бо номи адибону ҳунармандони забардасти тоҷик Темур Зулфиқоров, Фаррух Рӯзиматову Фирӯз Баҳор, Адҳам Холиқову Рустам Дуллоев, Бахтиёр Худойназарову Оқил Ҳомидов, Амрӣ Аминову Ҷамшед Усмонов ва дигарон ифтихор мекунем, ки чун байрақбардорони фарҳанги тоҷик дар кишварҳои аврупоӣ маъруф гардидаанд.

Ҳанӯз соли 1929 олими ҷавони рус Вячеслав Красичков аввалин донаҳои пунбаро дар водии Вахш кишта, минбаъд мактаби шӯҳратёри селексионерҳои тоҷикро ба вуҷуд овард ва худ то ба дараҷаи унвони академикӣ ва Қаҳрамони меҳнат расид.

Ин гуна мисолҳо кам нестанд. Чунончи, муаррихон ва шарқшиносони забардасти рус Семёнов, Бартолд, Андреев, Шишов ва дигарон дар омӯзиши таърих, адабиёт, фолклор ва этнографияи тоҷикон хизматҳои ниҳоят шоён кардаанд. Олими дигар - академик Евгений Павловский дар ташаккули Академияи илмҳои Тоҷикистон саҳми босазо гузоштааст.

Дар яке аз сафарҳои расмии худ ба Ҷумҳурии Арманистон ман бо ифтихор номи Сергей Баласанянро ба забон оварда будам, ки ӯ муаллифи операи аввалини тоҷик - «Шӯриши Восеъ» мебошад.

Имрӯз дар тамоми қаламрави собиқ шӯравӣ суруди «Ман бо духтаре вохӯрдам» машҳур аст, ки матну оҳанги он ба қалами шоири шаҳири тоҷик Мирзо Турсунзода ва бастакори озарӣ Андрей Бобоев тааллуқ доранд. Ин мисолҳо намунаи барҷастаи ҳамкориҳои илмию эҷодӣ мебошанд ва ин бурди ҳамаи мост.

Вале агар ба ин раванд аз диди маҳдуди миллатгароӣ ва мавқеи ватандӯстии дурӯғин назар кунем, пас аз ҳамаи ин дастовардҳои муштарак бояд даст кашем.

Ба фаъолияти арбобони илму фарҳанг бархилофи ҳама андешаи солим аз рӯи нишонаҳои миллию нажодӣ баҳо додан ва дастовардҳоеро, ки ба номи онҳо марбутанд, ботил сохтан, ғалати маҳз аст.

Магар метавон аз баҳри филмҳои нотакрори Борис Кимёгаров, ки аз рӯи достонҳои «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ таълиф ёфтаанду ба фонди тиллоии «Тоҷикфилм» ворид гардидаанд ва дар солҳои 70-уми асри гузашта ба раванди худшиносии миллии як насли том мусоидат намудаанд, бидуни ягон андеша баромад!

Ё саҳми бисёр ашхоси дигарро, сарфи назар аз мансубияти миллиашон, дар рушди илму фарҳанги тоҷик ва соҳаҳои дигар метавон фаромӯш кард! Албатта, не. Ин як пораи таърихи мост, як ҳалқаи занҷираи тиллоиест, ки дар сурати аз байн бурдани он гусаста шудани занҷира ва пайванди наслҳо ногузир аст.

Аз ин рӯ, бори дигар таъкид месозам, ки мо бояд ифтихори миллиро аз ғурури кӯркӯронаи миллӣ фарқ кунем ва дар ин замина ба муқобилгузории миллатҳо роҳ надиҳем. Мо имрӯз оқибатҳои харобиовари ин тарзи муносибатро дар нуқтаҳои мухталифи дунё мебинем.

Дар асри мо, ки зарурати гуфтугӯи динҳо ва тамаддунҳо аз ҳарвақта бештар аён аст, мо бояд ба афкори фалсафӣ, адабӣ ва ҷамъиятию сиёсии халқи хеш аз мавқеи имрӯза ва манфиатҳои ҳаётии миллат ва Ватан назар кунем.

Ғояҳои баланди инсондӯстӣ ҳанӯз аз китоби муқаддаси мардумони ориёӣ - Авасто сарчашма гирифта, минбаъд дар осори классикони мо, бахусус эҷодиёти аҳли тасаввуф, китобҳои динӣ ва ғайра сайқали тоза ёфтанд.

Бубинед, бузургони миллати мо чун Саъдии Шерозию Ҷалолиддини Балхӣ дар эҷодиёти пурмӯҳтавои худ моҳиятан тафаккури умумисайёравиро рӯи кор оварданд ва ғояи башардӯстию ваҳдати халқҳои ҷаҳонро ба миён гузоштанд.

Шарқшиноси маъруфи рус академик Николай Конрад дар асари маъруфи худ «Ғарб ва Шарқ» маҳз ба ҳамин масъала ишора намуда, чунин таъкид сохтааст: «Гуманизм ё худ одамият аз лиҳози мазмуни ҷамъиятӣ бузургтарин ғояест, ки инсоният дар масири ҳазорҳо соли таърихи хеш эҷод намудааст».

Фикр мекунам, ки кору пайкори аҳли илму зиё бояд зери ҳамин ғояи меҳварии ҳамаи давру замонҳо - башардӯстӣ ва ваҳдати халқҳои ҷаҳон ҳамвора пеш равад.

Ҳозирини мӯҳтарам!

Аз қадимулайём шиносномаи миллати тоҷик меваи илму адабиёт - китоб буд. Хушбахтона, дар тӯли асрҳо, ҳатто дар замони ҷангҳои харобиовар ва ҳамлаи душманони фарҳангсӯз фарзандони боистеъдод ва баору нангамон хомаро аз даст нагузоштанд ва шоҳкориҳо ба ёдгор монданд.

Ҳукумати Тоҷикистон имрӯз сиёсати густариши адабиёт ва илму фарҳанг ва дастгирии олимону адибони боистеъдодро идома медиҳад. Соли гузашта барои чопи китобҳои адибон аз ҳисоби Фонди захиравии Президент аз пешина маблағи зиёдтар ҷудо карда будем ва имсол низ ин тадбир идома хоҳад ёфт.

Бо саъю кӯшиши олимону ноширон чун армуғони наврӯзӣ ҷилди аввалин китоби силсилаи «Ахтарони адаб», ки маҷмӯан 50 ҷилд хоҳад буд, Девони Рӯдакӣ ва ҷилди дуюм - осори ҳамасрони Одам-уш-шуаро аз чоп баромад ва дастраси хонандагон гардид.

Ман чун дар сӯҳбати соли гузашта боз таъкид мекунам, ки дар интихоби адибони номвар, осори пурарзиши онҳо ва беғалат баргардонидани матнҳо, ҳамчунин хушсифату бобақо чоп шудани ин китобҳо бояд масъулияти баланд дошта бошем.

Бисёр мехоҳам, ки силсилаи «Ахтарони адаб» солҳои сол ба мардум хизмат кунад ва ба адабиёти мо шӯҳрати тоза бахшад. Бояд корро тарзе ба роҳ монд, ки китобҳои чопшуда дар анборҳо беҳуда нахобанд, ба ниёзмандон чи дар шаҳрҳо, чи дар ноҳияҳо дастрас гарданд, ба марказҳои тоҷикону форсизабонони дунё роҳ ёбанд ва таблиғ шаванд.

Китобҳое бояд ба нашр расонд, ки рисолати таърихии миллатро рӯшан намоянд, нерӯи зеҳниро бедор кунанд, моро ба донишандӯзию ҷаҳоншиносӣ бихонанд, оташи муҳаббатро ба Ватан, обу хоки поки он, рамзҳои муқаддаси миллӣ дар дили мардум барафрӯзанд.

Ба андешидан водор созанд, ки мо кистем, аз куҷоем ва дар пайи чистем, моро бедории милливу фарҳангӣ ва ҳушёрии сиёсӣ бахшанд, то бидонем, ки дӯст ва душмани мо кист, чӣ касе ба сарзамини мо аз дари дӯстӣ даромада, чӣ касе бо ғаразҳо ва ҳадафҳои нопок.

Он гоҳ метавон гуфт, ки мо вазифаи муқаддаси худро дар назди миллату Ватан анҷом додаем.

Ба наздикӣ дар рӯзномае чашмам ба як шеъри шодравон Ғаффор Мирзо афтод, ки бори нахуст ҳанӯз соли 1974 бо унвони «Тоҷикам» чоп шудааст. Шеър дар рӯҳияи ниҳоят баланди миллатдӯстӣ ва ифтихори ватандорӣ иншо гардидааст, ки дар он давра ҷасорати калонро тақозо менамуд. Бисёр мехостам, ки дар замони мо низ ҳамин гуна асарҳои меҳанпарастона ва саршори ифтихор аз миллати куҳанбунёди мо бештар эҷод гарданд.

Хонандаи мо имрӯз зиёдтар ба асарҳое ниёз дорад, ки дастовардҳои даврони истиқлолият, кору пайкори қаҳрамонони сохтмонҳои бузурги кишварамонро бо ҳақиқатнигорӣ ва завқи баланди бадеӣ инъикос менамоянд.

Ба хотири он, ки наслҳои оянда аз корномаи падарону бобоёни шуҷои худ ба нафъи Тоҷикистони соҳибистиқлол огоҳ бошанд, асарҳои арзанда ва мондагор бояд офарид. Дар ин ҷода бояд ҳам адибон, ҳам ходимони кино ва театр, ҳам рассомону оҳангсозон фаъолона саҳм гиранд. Ин қарзи муқаддаси шаҳрвандӣ ва рисолати эҷодии онҳост.

Дар айни замон тарҷумаи бадеӣ омили муҳими таҳкими робитаҳои адабист. Бояд беҳтарин осори адабиёти ҷаҳонӣ ба тоҷикӣ тарҷума шавад ва асарҳои беҳтарини адабиёти мо ба забонҳои дигар баргардонда шаванд.

Аз ҳамин хотир мо дар номгӯи ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ як мукофотро барои тарҷума ва густариши робитаҳои адабӣ пешбинӣ кардаем.


Ҳамчунин барои нишон додани дигаргунию пешравиҳое, ки дар мамлакати мо солҳои охир дар соҳаи сиёсӣ, иқтисодӣ, илму маориф, тандурустӣ ва ғайра ба вуҷуд омадаанд, мураттаб сохтани Атласи нави миллии Тоҷикистон бисёр зарур аст.

Атласи миллӣ оинаи халқ ва кишвар гардида, ба ҷаҳониён гузаштаю ҳозира ва ояндаи тараққиёти иқтисодию фарҳангӣ, муҳити зисти кишвар ва сарватҳои бои сарзамини моро муаррифӣ хоҳад намуд. Ин барои ҷалби сармояи хориҷӣ ва пешрафти туризм мусоидат хоҳад кард.

Аз ин рӯ, барои дар сатҳи баланд ва мувофиқи талаботи замон тайёр кардани он таъсис додани Сарредаксияи Атласи Миллии Тоҷикистон ба мақсад мувофиқ аст.

Ҳамватанони азиз!

Аксарияти кулли мардуми Тоҷикистон пайравони мазҳаби ҳанафия, яъне Имоми Аъзаманд ва мо ба он чун яке аз омилҳои муттаҳидкунандаи миллатамон арҷ мегузорем.

Чанде пеш, бо ҳуруфи кириллӣ Қуръони маҷид ва Тафсири дуҷилдаи Табарӣ, ки пайравони тамоми мазҳабҳои дини мубини ислом бар он мӯътақиданд, аз чоп баромад.

Мо ба ин восита хостем, ки мардум китоби муқаддаси худро мутолиа карда битавонад, аз мазмуну ҳидояти сураву оятҳои он амиқ огоҳ шавад, онҳоро гиромӣ дорад ва дар зиндагии хеш мувофиқи фармудаи Яздони пок амал бикунад. Дар ин сурат, ба фикри ман, ба унсурҳои хатарноки терроризм, экстремизм, радикализм, сепаратизм, ки дар асл исломро бадном месозанд, дар ҷомеаи мо ҷой нахоҳад монд.

Дар асри XXI, ки асри иттилоот маҳсуб мешавад, мо наметавонем ба тавсеаи фазои иттилоотӣ ва рушди фаъолияти воситаҳои ахбори умум бетафовут бошем.

Мутаассифона, забони тоҷикӣ аз бузургтарин майдони иттилоотӣ - Интернет амалан дар канор мондааст. Сомонаҳо ба забони тоҷикӣ хеле каманд. Аз ин рӯ, ба мақомоти дахлдори давлатӣ лозим аст, ки ба хотири таъмини бехатарии иттилоотӣ, ҳимояи манфиатҳои миллӣ дар ин бахш ба таври ҷиддӣ чораҷӯӣ намоянд.

Солҳои охир теъдоди расонаҳои хабарии мустақил беш аз пеш меафзояд. Ин хуб аст, зеро фаъолияти озоди воситаҳои ахбори умум яке аз нишонаҳои асосӣ ва рушди ҷомеаи демократӣ мебошад.

Воситаҳои ахбори умуми мустақил вақтҳои охир ба як минбар, маркази таҳлилу баррасии мушкилоти рӯз табдил мегарданд, ки инро, мутаассифона, на ҳамеша дар бораи расонаҳои хабарии расмӣ гуфтан ҷоиз аст.

Рӯзномаҳои мустақил бо ташаббуси хеш ба баҳси мавзӯъҳое мепардозанд, ки ҳалли онҳо бояд аз ҷониби сохторҳои гуногуни давлатӣ дар доираи ваколатҳои онҳо сурат гирад.

Боз мегӯям, ки ин падидаи хуб аст, зеро озодии андеша ва назари интиқодӣ ба рӯйдодҳо бисёр камбудиҳоро ошкор менамоянд ва боиси пешравӣ мегарданд.

Вале дар айни замон расонаҳои хабарӣ набояд тамоюли низоъангезӣ, маҳалгароӣ, тафриқаандозӣ, таҳқири шахсиятҳои хизматнишондодаро пеш гиранд, аз чопи маводҳое худдорӣ намоянд, ки боиси рӯҳафтодагӣ ва навмедии мардум гардида, вазъи ҷомеаро ноором месозанд.

Ҳақиқатро гуфтан зарур аст, вале танқид бояд дар заминаи таҳлили ҷиддӣ ва далелҳои боэътимод сурат гирад. Боз мегӯям, ки мардуми Тоҷикистон аз аҳли қалам танҳо сухани созандаро интизор аст. Чунонки файласуфи бузурги Чин Конфутсий мефармояд: «То ҳазор бор «зулмат» гуфтан, беҳтараш як маротиба шамъ барафрӯз».

Мутаассифона, гоҳо дар воситаҳои ахбори умум маводҳое интишор мешаванд, ки аз бемасъулиятӣ, кӯтоҳназарӣ ва беандешагии муаллифон ва ноширон шаҳодат медиҳанд.

Онҳо ба мероси гузаштагони худ беэҳтиромӣ зоҳир намуда, ба номи бузургони миллат, ҳатто устод Рӯдакӣ, ки 1150-солагии ӯро имсол тамоми олами мутамаддин ҷашн мегирад, иснод меоранд.

Муаллифони чунин навиштаҷоти таҳқиромез нисбат ба асосгузори адабиёти ҳазорсолаи тоҷику форс, алалхусус дар соли бузургдошти ин нобиғаи миллат, ба осиёби кӣ об мерехта бошанд?

Оё зиёии миллатдӯсти англис чунин беҳурматиро дар ҳаққи Шекспир, рус дар ҳаққи Пушкин, гурҷӣ дар ҳаққи Шота Руставели ва ё туркман дар ҳаққи Махдумқулӣ раво мебинад?

Бубинед, ки Мирзо Турсунзода ба муносибати 1100-солагии устод Рӯдакӣ ба шахсияти ӯ чи гуна баҳои сазовор додааст: «Дар давоми ҳазору сад сол ҳазорон-ҳазор чашмаҳо хушк шуданду чашмаҳои нав ба вуҷуд омаданд, ҳазорҳо дарё ҷараёни худро дигар карданд, миллион-миллион одамҳо дар зери шиканҷаву зулму асорат нобуд гардиданд, вале мисраҳои абадзиндаи Рӯдакӣ аз насл ба насл гузашта, то давраи мо қимати худро гум накардаанд».
Мо бояд меҳру муҳаббати устод Рӯдакиро дар қалби насли наврас маҳз дар ҳамин рӯҳия, рӯҳияи чунин асарҳои пурмазмун, ба монанди драмаи таърихии «Рӯдакӣ» ва киноповести «Қисмати шоир»-и Сотим Улуғзода барафрӯзем, дониши ҷавононро дар бораи осору аҳволи поягузори адабиётамон тавассути тадқиқоти пурарзиши ховаршиносони маъруф афзун намоем.

Имрӯз дар замони истиқлолият бояд эҳёи маънавии миллат ва рушди илму маорифро дар ҷои аввал гузорем. Зеро бе ин ҷомеаи мо мустаҳкам ва пешрав нахоҳад шуд.

Агар мо ба вазъи соҳаи маориф дар ҷаҳони имрӯза назар афканем, пас хоҳем дид, ки он хеле ташвишовар аст.

Аҳолӣ дар кураи замин торафт меафзояд, вале дар айни замон мутаносибан теъдоди мардуми бесавод низ зиёд мешавад ва ҳоло ин нишондиҳанда қариб ба як миллиард нафар расидааст.

Тақрибан 60 миллион кӯдакони синни мактабӣ аз таҳсил берун мондаанд. Сифати таълим низ боиси нигаронӣ гардидааст. Ин барои пешрафти аксарияти кишварҳо, ҳатто Аврупо, вале аз ҳама беш кишварҳои ҷаҳони сеюм монеаи ҷиддӣ мегардад.

Бо назардошти ин падидаи номатлуб аз ҷониби ЮНЕСКО 10 соли маҳви бесаводӣ эълон шудааст. Пӯшида нест, ки соҳаи маориф дар кишвари мо низ дучори мушкилоти зиёд гардидааст, камбудиҳо ҳалли ҳамаҷонибаи худро мехоҳанд. Албатта, ислоҳот дар соҳаи маориф ба маблағгузории калон ниёзманд аст. Аз ин хотир мо ҳар сол барои рушди сохтмон, соҳаҳои иҷтимоӣ тақрибан нисфи буҷаи давлатиро ҷудо мекунем.
Тармим ва азнавсозии мактабҳо дар шаҳру деҳот низ хеле ҷоннок шудааст. Пайваста маош ва имтиёзи омӯзгорон меафзояд. Чопи китобу маҷаллаҳо барои кӯдакон то андозае беҳтар гардидааст.

Аммо дар баробари пешравиҳои муайян, чӣ хеле ки гуфтам, камбудиҳо низ дар ин соҳа ҳанӯз бисёранд. Омӯзгорони соҳибмаълумот ва ботаҷриба намерасанд, китобҳои дарсӣ на ҳамеша ҷавобгӯи талаботи давру замонанд. Сифати таълиму тарбия аз мактабҳои миёна сар карда то мактабҳои олӣ дар сатҳи паст қарор дорад.

Яке аз масъалаҳои дигари ташвишовар сол ба сол таназзул ёфтани муассисаҳои томактабӣ, аз мутолиа ва китобхонӣ дур мондани хурдсолону наврасон мебошад.
Ман бори дигар таъкид мекунам, ки барои чун инсони комилу бомаърифат ба воя расидани наврасон маҳз мутолиаи пайвастаи китобҳои бадеӣ, азхуд кардани донишҳои муосир, технологияҳои замонавӣ, шиносоӣ бо дастовардҳои фарҳангӣ муосидат мекунад.

Аммо, мутаассифона, бисёр дӯконҳои фурӯши китоб, рӯзномаву маҷаллаҳо аз байн рафтаанд. Ҳанӯз ҳам масъалаи дар шаҳру ноҳияҳо ва марказҳои сераҳолӣ кушодани дӯкону мағозаҳои китоб ва аз пойтахт ба вилояту шаҳрҳо бурдани асарҳои тозанашр пурра ҳал нашудааст.

Бинобар ин, вазоратҳои фарҳанг, маориф ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барои боз ҳам зиёд кардани теъдод ва фаъол гардонидани мағозаҳои савдои китоб, таъмини пайвастаи онҳо бо китобу маҷаллаҳои тозанашр бояд тадбирҳо андешида, дар банди алоҳидаи буҷети маҳаллӣ барои мукаммалгардонии фонди китобхонаҳо маблағҳои махсусро ҷудо намояд.

Дӯстони азиз!

Вазифаи аввалиндараҷаи мо имрӯз иборат аз он аст, ки истиқлолияти давлати хешро чун неъмати аз ҳама гаронбаҳои миллат ҳифз намоем ва ҳамвора таҳким бахшем, чунонки аҷдоди ба оинҳои қудсии худ садоқатманд, дар маром устувор ва хирадманди мо Наврӯзро аз қаъри асрҳо то ба имрӯз поянда доштанд ва чун машъали фурӯзон аз насл ба насл таҳвил намуданд.

Бигзор умри тӯлонӣ ва бегазанди Наврӯзи аҳуроӣ ба давлати соҳибистиқлоли тоҷикон насиб кунад ва он ба бахти миллати мо ҷовидон пойдор монад!
Ин ҳадафи волотарини мост ва барои расидан ба он заминаи мустаҳкам, яъне таҳкурсӣ ва пояҳои давлатдорӣ гузошта шуданд, роҳу равишамон муайян аст.

Акнун мебояд, ки бо заҳмату талоши ҳамарӯза, бо кору пайкори созанда дастовардҳои истиқлолиятро афзун намоем, ба рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар бо истифода аз ҳамаи захираҳои мавҷуда ва нерӯи зеҳнии халқамон такони нав бахшем.

Мо бояд ба он муваффақ гардем, ки насли наврас дар рӯҳияи замони муосир, дар рӯҳияи масъулиятшиносӣ барои имрӯзу фардои Ватан ва миллат ба воя расад.

Танҳо дар ҳамин сурат мо рисолати худро дар назди таърих, дар назди оянда, ки ба фаъолияти мо баҳои ҳақбинона хоҳад дод, бо сарбаландӣ ба сомон расонда метавонем. Танҳо дар ҳамин сурат мо номбардори сазовори давлатдории миллии қадимаамон ва Тоҷикистони соҳибистиқлоли имрӯза мегардем.
Итминони комил дорам, ки бо такя ба халқи бузургворамон ҳамаи мушкилотро паси сар намуда, ба қуллаҳои мурод хоҳем расид. Дар айёми гулшукуфти наврӯзӣ орзу кардан худ нишони нек аст, муждаи бахт ва пайки пирӯзиҳост.

Даст ба дуо мебардорам, ки Худованди мутаъол сарзамини офтобии Тоҷикистон ва халқи азизи моро аз марҳамати худ бенасиб нагардонад, марзу буми Ватанамонро аз офатҳои харобиовар эмин нигоҳ дорад, сулҳу амониву ваҳдати миллӣ ҷовидон монад ва файзу баракати худро барои ҳамаи бандаҳояш арзонӣ дорад.

Бигузор дар ақсои олам аз қудуми неки Наврӯз ҷаҳониён баҳравар гарданд, ройи адолату додгустарӣ, маниши неку банданавозӣ ва башардӯстиву инсонгароӣ ҳамеша пояндаву бегазанд бошад.

Бори дигар шумо, ҳамватанони азиз, тамоми зиёиён ва тоҷикони бурунмарзӣ, кулли мардуми наврӯзпарварро бо фарорасии Иди Наврӯз шодбош мегӯям ва ба ҳар кадом хонаободӣ, тинҷию амонӣ, умри бобаракат, сиҳатмандӣ ва дастовардҳои нав орзумандам.

Ташаккур!

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520