Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ

02.09.2008 15:00, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи 17-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва 1150-солагии қофиласолори шеъру адаби тоҷик Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ дар бинои хукумати мамлакат ба шумораи зиёди шахсоне, ки дар сохахои гуногуни хаёти ҷомеа хизматхои шоёни таҳсин кардаанд, мукофотҳои давлатӣ супурд.

Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи сарфарозгардонӣ бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хизматҳои шоиста дар рушди иқтисод, энергетика, соҳаи иҷтимоӣ, илм, фарҳанг ва маориф, ҳифзи тандурустии аҳолӣ, ташкили хизмати аълои ҳарбӣ, таҳкими қонуният ва адолати судӣ, хизмати намунавии давлатию ҷамъиятӣ ва фаъолияти босамар ҷиҳати таҳкими дӯстӣ ва ҳамкории байни халқҳо 6 кас бо ордени Дӯстӣ, як нафар бо ордени Спитамен дараҷаи 1, 2 кас бо ордени Спитамен дараҷаи 2, 10 нафар бо ордени Шараф дараҷаи 1, 19 кас бо ордени Шараф дараҷаи 2, 6 кас бо медали ҷасорат, 52 нафар бо медали Хизмати шоиста ва 2 кас бо медали Шафкат сарфароз гаштанд.

Ба Хушқадам Қурбонмамадов, ки бо тахаллуси Ширин Бунёд маъруф аст ва Мирзо Файзалӣ - Сармуҳаррири рӯзномаи Шаҳриёр унвони Шоири халқии Тоҷикистон дода шуд.

Ҳунармандони шинохтаи зерин ҳунарпешагони халқии Тоҷикистон дониста шуданд:

Марат Арипов – режиссер-таҳиягари киностудияи Тоҷикфилм;

Аслибегим Саодатова – ҳунарманди театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон;

Абдулло Султонов – ҳунарманди ансамбли Дарё;

Қиёмиддин Чақалов - ҳунарманди театри ба номи Абулқосим Лоҳутӣ;

Афзалшо Шодиев – ҳунарманди филармонияи давлатии Тоҷикистон;

Ду нафар бо унвонии фахрии «Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон» ва се кас бо унвони фахрии «Арбоби ҳунари Тоҷикистон» сарфароз гаштанд.
7 нафар ҳунармандони маъруф бо унвони фахрии ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон қадр карда шуданд.

12 нафар ба унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон сазовор дониста шуданд.

Ба 29 нафар ифтихорномаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим карда шуд.

Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсони зерин бо Ҷоизаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯбдуллоҳ Рӯдакӣ дар соҳаи адабиёт, санъат ва меъморӣ дар соли 2008 сарфароз гардонда шуданд:

- Шоираи халқии Тоҷикистон Иноят Хоҷаева-маъруф бо тахаллуси Фарзона барои маҷмӯаи шеърҳои «Му?ри гули мино»;
- Шоири халқии Тоҷикистон Муҳаммад Ғойиб барои маҷмӯаи шеър?ои «Каъбаи дил»;

- ?унарпешаи шоистаи Тоҷикистон Гулчеҳра Содиқова барои силсилаи сурудҳои «Меҳри Ватан-модар»;

- Арбоби ҳунари Тоҷикистон Раҳмат Ботуралиев барои силсилаи сангнигораҳои девории «Искандарномаи Хуҷанд»;

- нависанда Бароти Абдураҳмон барои романи таърихии «Куруши Кабир».

6 Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Исмоили Сомонӣ ба олимони ҷавон дар бахшҳои илм?ои тиб, иқтисод, гуманитарӣ, табиатшиносӣ ва бунёдӣ супурда шуд.

Як кас бо рутбаи генерал-лейтенант, ду нафар бо рутбаҳои генерал майор ва ду каси дигар бо рутбаҳои генерал майори адлия сарфароз карда шуданд.

Ба варзишгарони номбардори Тоҷикистон Расул Боқиев ва Юсуф Абдусаломов, ки дар Бозиҳои Олимпии Тобистонаи Пекин сазовори медалҳои биринҷӣ ва нуқраи ин мусобиқоти ҷаҳонӣ гаштанд, супурдани ордени Шараф дараҷаи 1 як навъ нуқтаи авҷи ин чорабинии идона гашт, ки мавриди кафкӯбиҳои бардавоми аҳли толор қарор гирифт.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон чанд лаҳза бо ҳозирин сӯ?бати озоду ошкоро ва самимӣ анҷом дода, зимни он ҳамаи онҳоро бори дигар бо гирифтани мукофот?ои давлатӣ табрику та?ният гуфт. Сарвари давлат Эмомалӣ Ра?мон ҷамъи мукофотгирифтагонро, ки намояндагони ?ариб тамоми со?а?ои хоҷагии хал?и кишваранд, ба хизмати софдилона ва садо?атмандона ба нафъи давлату миллати худ ва ба?ри таъмини пешрафту шукуфоии Ватани азиз ?идоят намуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон тарбияи ҳисси ватандӯстию ватанпарастӣ, худшиносию худогоҳии миллӣ, ифтихору сарфарозӣ аз таъриху фарҳанги бостонӣ ва аз давлатдории миллии худро аз вазифаҳои пуршарафи ҳар як шаҳрванди баору номуси кишвар маънидод кард.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520