Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар ҷаласаи навбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ

05.09.2008 22:30, Русия

Субҳи рӯзи 5 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баҳри иштирок дар ҷаласаи навбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ба шаҳри Маскави Федератсияи Россия сафар кард.

Дар шаҳри Маскав бо ин ҳадаф роҳбарони ҳамаи давлатҳои аъзои созмон ҷамъ омаданд.

Хотиррасон мекунем, ки ба Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ давлатҳои Арманистон, Белорус, Россия, Тоҷикистон, Узбекистон ва Қазоқистону Қирғизистон аъзоанд.

Дар ҷаласаи навбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ сарони давлатҳо оид ба маҷмӯи васеи масоили амнияти минтақавию ҷаҳонӣ ва густариши ҳамкориҳои ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникӣ гуфтушунидҳои судманд анҷом доданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни муҳокимарониҳо, аз ҷумла таъкид дошт, ки баланд бардоштани самарабахшии фаъолияти Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ аз вазифаҳои муҳимми рӯз аст.

Эмомалӣ Раҳмон таҳкиму густариш додани ҳамкориҳои ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникӣ, ҳамгироиҳои зиддитеррористӣ ва хусусан зидди истеҳсол ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддирро аз корҳои муҳимму саривақтӣ маънидод кард.

Сарони давлатҳо зимни нишастҳои расмӣ аз рӯйи натиҷаҳои он Эъломияи натиҷавии саммит ва якчанд санадҳои муҳимми дигарро оид ба ҳамкориҳои ҳарбӣ-сиёсӣ ва ҳарбӣ-техникӣ, амнияти иттилоотӣ, омодасозии кадрҳои сохторҳои қудратӣ ва мубориза бо хатарҳои ҷаҳони муосир, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, қабул намуданд.

Шоми ҳамон рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баъди анҷоми сафар аз шаҳри Маскав ба Ватан омад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520