Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ дар маросими таҷлили 1150-солагии Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ

10.09.2008 20:00, шаҳри Панҷакент

Ҳамватанони азиз!
Меҳмонони гиромӣ!

Имрӯз мо аз баракати истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар диёри қофиласолори шеъри Аҷам - устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ барои таҷлили 1150-солагии зодрӯзи ин абармарди фарзона ва пос доштани арзишҳои милливу таърихӣ ва фарҳангу забони ғановатмандамон гирди ҳам омадаем.

Воқеан, шинохти ҳақиқии асолати таърихӣ моро водор месозад, ки барои рушду пешрафти кишварамон аз осори гаронбаҳои аҷдодамон сабақ гирем ва роҳи минбаъдаи давлатдории навини тоҷиконро муайян созем. Ва танҳо дар шароити соҳибистиқлолӣ ва соҳибихтиёрии Тоҷикистон мо имкон пайдо кардем, ки ба кору пайкори абармардони илму адаб, таъриху фарҳанги оламшумули гузаштаи худ арҷ гузошта, номашонро зинда нигоҳ дорем, ки дар садри онҳо устод Рӯдакӣ қарор дорад.

Зеро устод Рӯдакӣ натанҳо поягузори адабиёти тоҷику форс, одамушшуаро, султони шоирон, қофиласолори шеър ва соҳибқирони шоирӣ, балки рамзи бедориву худшиносӣ ва истиқлохоҳӣ, инчунин рамзи ҷовидонаи адаб ва фарҳанги миллати куҳанбунёди тоҷик мебошад.

Дар саросари ҷаҳони мутамаддин имрӯзҳо ба муносибати 1150-умин солгарди нахустустоди шоирони Аҷам, ки бо қарори ЮНЕСКО тасдиқ шудааст, конфронсу семинарҳо ва чорабиниҳои фарҳангӣ баргузор шуда истодаанд.

Ман имрӯз аз он ифтихор ва шукрона дорам, ки дар шаҳри бостонии Панҷакент - зодгоҳи устод Рӯдакӣ ҷашни зодрӯзи ин шоири мутафаккир ва фарзанди фарзонаи миллати тоҷикро баъд аз панҷоҳ соли ҷашни гузаштаи ӯ ва дар шароити давлати озоду соҳибистиқлол ҳамроҳи шумо таҷлил менамоям.

Дар ин лаҳзаҳои пур аз шодиву фараҳи идона тамоми мардуми фарҳангдӯсту сарбаланди тоҷик, ҳамаи шумо – ширкаткунандагони тантанаи имрӯзаро бори дигар ба ифтихори ҷашнҳои бузурги милливу давлатӣ, яъне солгарди навбатии истиқлолият, зодрӯзи устод Рӯдакӣ ва бузургдошти Соли забони тоҷикӣ, ки ҷашнҳои бедории воқеии миллати тоҷик мебошанд, бо як ҷаҳон ифтихору самимият табрик мегӯям.

Ҳамзамон бо ин, фаро расидани моҳи шарифи рамазонро, ки барои мо – мусулмонон моҳи муқаддас ва айёми поксозии рӯҳу ҷисм маҳсуб меёбад, ба ҳамаи шумо муборакбод гуфта, аз даргоҳи Худованд мағфирату омурзиши гуноҳҳои бандагонашро таманно менамоям.

Фаъолияти эҷодии Рӯдакии ҷавон аз зодгоҳаш Панҷрӯд ибтидо гирифта, баъдан дар муҳити мусоиди илму адабпарвари Сомониён вусъат ва шӯҳрат ёфтааст.

Тибқи ахбори сарчашмаҳои таърихӣ, ки аз ҷониби садҳо нафар муҳаққиқону муаррихон тасдиқ ва таъкид шудааст, аз асри сеи пеш аз мелод сокинони бумии ин сарзамин суғдиҳо буда, ниёгони мо дар ин паҳно бо номи Суғд давлатдории мустақил доштаанд, ки ҳудуди Панҷакенти имрӯза яке аз марказҳои он ба ҳисоб мерафт. Инчунин дар доираи адабии асри ҳафтуми мелодӣ шоири тавоное бо номи Абӯҳафси Суғдӣ зиндагӣ ва эҷод кардааст, ки аз офарандагони нахустини шеъри тоҷикӣ мебошад.

Доир ба қаламрави Суғд ва суғдиён ҳанӯз дар матнҳои форсии бостон-катибаҳои шоҳони ҳахоманишӣ ва дар китоби Геродот - таърихшиноси юнонии асри панҷуми пеш аз мелод сухан рафтааст. Дар катибаҳои форсии қадим, аз ҷумла катибаи Дориюш ҳудуди Суғд байни сарзаминҳои Хоразм ва Бохтар муайян шудааст.

Водии зебоманзари Зарафшон дар маҷмӯъ яке аз қисматҳои асосии сарзамини Суғд ба шумор мерафт, ки ин гуфтаҳоро таърихи шашҳазорсолаи Саразм ва Панҷакенти қадим собит месозад. Ва беҳуда нест, ки дар асоси мероси бузурги таърихиву фарҳангӣ ва меъмориву шаҳрсозии суғдиёни қадим як қатор муҳаққиқони сатҳи ҷаҳонӣ Панҷакентро Помпеи Шарқ ва Флоренсияи хурд номидаанд, ки ин бешубҳа боиси ифтихори мардуми тоҷик аст.

Наслҳои минбаъда ва ворисони мардуме, ки чунин тамаддуни олии моддиву маънавиро офаридааст, дар тӯли ҳазорсолаҳои баъдӣ низ кӯшишу талошҳои пайваста ба харҷ додаанд, то забону фарҳанг ва истиқлолу ҳувияти миллии мо - тоҷикон пойдору устувор боқӣ монад. Намунаи барҷастаи чунин кӯшишу муборизаҳо фаъолияти эҷодӣ ва мероси барои ояндагон боқимондаи устод Рӯдакӣ мебошад.

Устод Рӯдакӣ нахустин шоири дар ҳақиқат миллии тоҷик буда, бо эҷоди ашъори олӣ, таблиғи арзишҳои бузурги ахлоқиву фалсафӣ ва корбасти калимаву таркибҳои соддаву равони тоҷикӣ шеъри моро ба маснади шоҳӣ бардошт ва кохи пурҷалолу бегазанди адабиёти тоҷику форсро бунёд гузошт.
Ҳанӯз ҳазору сад сол пеш ин шоири мутафаккири халқи тоҷик бо каломи ҳикматбори худ дили мардуми форсигӯро тасхир карда буд, ки ин муҳаббату самимияти гарм дар қалбҳои мардуми мо ва халқҳои гуногуни олам то ҳанӯз зинда аст.

Забони шеъри Рӯдакӣ забони меъёр ва забони адабии мост, ки онро бо гузашти қариб дувоздаҳ аср мо имрӯз низ истифода мебарем ва бо шеъри Рӯдакӣ ҳар рӯз сухан мегӯем. Яъне забони Рӯдакӣ забони зиндаи халқи тоҷик аст ва бузургиву ҳашамати шоири мутафаккир низ дар ҳамин нукта баён мегардад, ки гӯё шеъри Рӯдакӣ дар замони мо суруда шуда бошад.

Худи шоир дар ин маврид мефармояд:

Чу дурпош гардад ба маънӣ забонам,
Расад марҳабо аз замину замонам.

Муҳаққиқон ва донишмандон устод Рӯдакиро барҳақ «офтоби гавҳари Сосон» ва «фурӯғи дудаи Сомон» гуфтаанд. Зеро маҳз ба воситаи осори Рӯдакӣ асри нӯҳ - асри тиллои адабиёти мо ба ҳисоб рафта, бо мусоидати амирону вазирони хирадманди сомонӣ Рӯдакӣ шӯҳраи офоқ гардид.

Муҳити фарҳангӣ ва адабии он давра бо ашъору осори Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абӯшакури Балхӣ, Шаҳиди Балхӣ, Муродӣ, Робиаи Балхӣ, Хусравонӣ ва дигарон мустаҳкам гардида, шукӯҳу азамати давлати Сомониёнро таҷассум менамояд.

Хизмати таърихии устод Рӯдакӣ боз дар он аст, ки қадри суханро ба арши аъло расонида, мустақилияти адабиётро фароҳам овард ва адабиёти моро ба ҷаҳониён муаррифӣ кард.

Шеъри Рӯдакӣ бо мазмуну мӯҳтавои олӣ ва арзишҳои башардӯстонаи худ аҳли башарро ба сулҳу рафоқат, дӯстиву адолат, рӯзгори босаодат, озодандешӣ ва ҳамгироӣ даъват сохта, ҳамчун рамзи ваҳдати фарҳангӣ ба мардуми олам то кунун хизмат мерасонад.

Шеъри Рӯдакӣ дар таърихи мардуми куҳанбунёди мо ба монанди гулбуни ҳамешабаҳорест, ки бо накҳати атрбораш зиндагии моро доим муаттару зебо месозад.

Шеъри Рӯдакӣ пайвандгари наслҳои гузашта, имрӯза ва ояндаи миллати тоҷик буда, бо арзишҳои бузурги ахлоқиву фалсафӣ, илмиву фарҳангӣ ва таърихӣ оинаи босафои зиндагии ҳар кадоми мову шумо мебошад.

Мо ворисони тамаддуни куҳанбунёд ва фарҳанги солори тоҷикон имрӯз бо ифтихор гуфта метавонем, ки шеъри ҷовидонаи Рӯдакӣ омили ҳастӣ ва бақои забони тоҷикӣ буда, саҳми он дар баланд бардоштани сатҳи худогоҳиву худшиносӣ, ватандориву ватанпарастӣ, таҳкими ваҳдату ягонагии миллӣ ва густариши фарҳангу тамаддуни мо бениҳоят барҷаста аст.

Имрӯзҳо ба истиқболи ҷашни устод Рӯдакӣ бунёд ва таъмиру азнавсозии шаҳри Панҷакент, як қатор иншооти фарҳангиву иҷтимоӣ, аз ҷумла таҷдиди бинои Осорхонаи ҷумҳуриявии таъриху кишваршиносӣ, сохтмони панҷара дар атрофи ёдгории Саразм, мақбараи устод Рӯдакӣ бо дарназардошти услуби таърихиву меъмории замони Сомониён ва меъёрҳои замонавӣ, боғи нав дар ҳудуди он, осорхона ва чойхона дар зодгоҳи устод-деҳаи Панҷрӯд, варзишгоҳи шаҳр, таъмири роҳҳои дохили шаҳр, сохтмони пули Ғезани поён, корҳои соҳилмустаҳкамкунии дарёи Рӯдак ва каналҳои Марғедару Халифа Ҳасан ба истифода дода шуданд, ки бо ин мақсад аз ҳисоби буҷети давлатӣ 18 миллион сомонӣ ҷудо гардид ва корҳои ободониву созандагӣ минбаъд низ идома дода мешаванд.

Аслан ба шарофати ҳама гуна ҷашну чорабиниҳои давлатӣ дар ҳаёти сиёсӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоии кишварамон дигаргуниҳои куллӣ ба вуҷуд омада, тавассути онҳо гӯшаву канори гуногуни Тоҷикистон ободу зебо гардонида мешавад, ки ҳамаи ин, албатта, дар натиҷаи заҳмати ҳалоли мардуми мамлакат ба даст меояд.

Аз ин рӯ, ба ҳар кадоми мову шумо зарур аст, ки бо дасту дили гарм ва нияти пок заҳмат кашем, садоқати худро ба Ватан на бо сухан, балки бо фаъолияти шабонарӯзиву софдилона нишон диҳем ва барои ободу шукуфоии Тоҷикистон саҳми арзанда ва шоистаи худро гузорем. Дар он сурат мо метавонем мушкилоти мавҷударо зина ба зина аз байн бурда, барои торафт баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии шоистаи мардуми мамлакат заминаи мусоидро фароҳам оварем.

Яъне агар мо воқеан худро ворисону меросхӯрони мардони бузурги миллат, аз қабили устод Рӯдакӣ ва дигар абармардони халқамон шуморем, бояд андеша, амал ва зиндагии мо бояд арзанда ва мувофиқи номи неки гузаштагонамон бошад.

Итминони комил дорам, ки мардуми ободгари тоҷик, аз ҷумла сокинони заҳматдӯст, меҳмоннавоз, бонангу номус ва сарбаланди Панҷакент ҳамеша сазовори кору номи ҷовидонаи гузаштагони фарзонаи миллатамон зиндагиву фаъолият хоҳанд кард.

Бо ҳамин ният бори дигар ҳамаи шумо-ҳозирини гиромӣ ва тамоми мардуми сарбаланди кишвар, инчунин меҳмонони азизу арҷманди Тоҷикистонро бо ҷашнҳои 17-умин солгарди истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, 1150-солагии зодрӯзи устод Рӯдакӣ ва Соли забони тоҷикӣ муборакбод мегӯям ва бароятон пеш аз ҳама тандурустӣ, рӯзгори босаодат ва барори кор орзумандам!

Бигзор, дар ҳар иқдоми хайри мо рӯҳи Рӯдакии бузургвор ёру мададгори мо бошад!

Бигзор, кохи шеъри пайафкандаи Рӯдакӣ то абад бегазанд бошад!

Бигзор, шеъри ҷовидонаи Рӯдакӣ ҳамчун сарҳалқаи заррини назми оламгири тоҷику форс раҳнамои зиндагии босаодати мардуми мо гардад!

Ташаккур!

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520