Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи токзори хавозавӣ дар “Боғи миллии Ваҳдат” дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

29.03.2023 12:50, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
Ифтитоҳи токзори хавозавӣ дар “Боғи миллии Ваҳдат” дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров   29.03.2023

29 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар Муассисаи давлатии “Боғи миллии Ваҳдат” ба бунёди токзори хавозавӣ, ки барои парвариши 4 намуди ангур пешбинӣ шудааст, оғоз бахшиданд.

Иттилоъ дода шуд, ки масоҳати токзори мазкур 7 гектар буда, дар он парвариши ангурҳои навъҳои гуногун бо усули исканапайванд дар танаҳои 1453 адад токи амудӣ бо истифода аз таҷрибаи токпарварони шаҳри Турсунзода ба роҳ монда мешавад. Навъҳои пайвандшаванда бошад, аз хоҷагиҳои токпарварии ноҳияи Ашт ва шаҳри Турсунзода дастрас карда шудааст.

Дар боғи миллии Ваҳдат ҳамчунин дар масоҳати 0,50 га замин анорбоғ бунёд кардаанд. Боғдорон 420 адад ниҳоли яксолаи навъи Сомғорро шинонида барои нашъунамои хуби он аз тамоми имкониятҳо самаранок истифода мебаранд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба олимону  мутахассисону соҳа ҷиҳати таъмини амнияти озуқаворӣ, зиёд намудани токзору боғҳои интенсивӣ ва суперинтенсивӣ, самаранок истифода бурдани замин ва афзун намудани ҳаҷми маҳсулоти содиротӣ дастурҳои мушаххас доданд.

Дар боғи миллии Ваҳдат дар умум 373,7 гектар боғҳои ҳосилдеҳ ва 126,3 гектар боғҳои дарахтони ҷавони ҳосилдеҳ мавҷуд аст, ки аз он ҳамасола ҳосили фаровон ҷамъоварӣ менамоянд.

Дар ҳудуди “Боғи миллии Ваҳдат” 2 сардхона яке бо се камераи захиракунӣ бо ғунҷоиши 100 метри мукааб ва сардхонаи дуюм, бо 5 камераи захиравӣ бо ғунҷоиши 1700 метри мукааб фаъолият дорад.

Дар “Боғи миллии Ваҳдат” намунаи маҳсулоти боғ, аз қабили хушкмеваҳо, меваҷот ва сабзавот ба маъраз гузошта шуд.

Зимни тамошои намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба натиҷаҳои фаъолияти аҳли заҳмат ва дастовардҳои бузурги меҳнатии онҳо баҳои баланд дода, рушди соҳаи кишоварзиро омили муҳими таъминкунандаи амнияти озуқаворӣ арзёбӣ карданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520