Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи коргоҳи нав дар назди ширкати «Қолинҳои Қайроққум дар шаҳри Гулистон

29.03.2023 09:35, шаҳри Гулистон
Ифтитоҳи коргоҳи нав дар назди ширкати «Қолинҳои Қайроққум дар шаҳри Гулистон  29.03.2023

29 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон коргоҳи истеҳсоли қолинҳои рӯифаршии тафтингии нақшзадашударо дар ширкати “Қолинҳои Қайроққум” ифтитоҳ карданд.

Иншооти нав дар масоҳати 20 ҳазор метри мураббаъ бо харҷи 66 миллион сомонӣ мавриди истифода қарор дода шуд.

Фаъолияти корхона ба истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот равона карда шуда, иқтидори солонаи он 2 миллион метри мураббаъ рӯйпӯшҳои рӯифаршии тафтингии нақшзадашударо дар бар мегирад.

Васеъ шудани имконияти истеҳсолӣ натанҳо барои афзоиши истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот, балки барои таъмини афзоиши содироти маҳсулот имконият фароҳам овард.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёди иншооти истеҳсолиро намунаи асосии татбиқи ҳадафи чоруми стратегии давлат арзёбӣ карда, тадриҷан амалишавии иқдомҳоро дар ин самт барои зиёдшавии истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот ва ба содирот нигаронидашуда муҳиму саривақтӣ арзёбӣ карданд.

Баъди мавриди истифода қарор гирифтани коргоҳи нави истеҳсолӣ 100 нафар сокини маҳаллӣ ба ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд. Дар ин ҷо аз ашёи хом баъди 4 марҳилаи коркард маҳсулоти дорои сифати баланд мутобиқ ба дархости муштариён истеҳсол карда мешавад.

То ин вақт дар як сол ба Тоҷикистон 1,5 миллион метри мураббаъ қолинҳои рӯифаршӣ ворид карда мешуд. Ба кор андохтани хатти нави технологӣ дар ширкати “Қолинҳои Қайроққум” имкон медиҳад, ки талаботи бозори дохилӣ пурра қонеъ гардонида шавад ва ҳамзамон содироти ин намуди маҳсулот ба роҳ монда шавад. Технология барои истеҳсоли маҳсулот аз Астрия ворид карда шудааст ва дар Осиёи Марказӣ назир надорад. Акнун иқтидори ширкат ба истеҳсоли 3,5 миллион метри мураббаъ қолин дар як сол расонида шуд.

Ба фаъолият оғоз намудани хатти нави технологӣ дар ширкати “Қолинҳои Қайроққум” барои афзоиши истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот, васеъ шудани имконияти содиротӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, зиёд шудани пардохтҳо ба буҷети давлатӣ ва таҳкими нақши бахши хусусӣ дар рушди иқтисодиёт мусоидат мекунад.

Мавриди истифода қарор гирифтани коргоҳи истеҳсоли рӯйпӯшҳои рӯифаршии тафтингӣ дар доираи амалишавии Барномаи рушди қолинбофӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 ба беҳтар шудани дастрасӣ ба маҳсулоти босифати ватанӣ замина мегузорад.

Ҳамчунин дар ҳамин рӯз маҳсулоте, ки дар корхонаи “Қолинҳои Қайроққум” истеҳсол карда мешавад, муаррифӣ карда шуд.

Айни замон дар корхона қолин ва рӯйпӯшҳои рӯифаршӣ бо дизайн, нақшу нигор ва андозаҳои гуногун истеҳсол карда мешавад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти корхонаи “Қолинҳои Қайроққум”-ро намунаи асосии татбиқи нишондодҳои Барномаи давлатии рушди содироти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 арзёбӣ карданд.

 

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520