Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо ятимон аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар шаҳри Гулистон

29.03.2023 09:40, шаҳри Гулистон
Мулоқот бо ятимон аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар шаҳри Гулистон  29.03.2023

29 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон бо ятимон аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд суҳбати самимӣ анҷом доданд.

Барои ин гурӯҳи наврасон хони Наврӯзӣ ва барномаи фарҳангӣ ташкил карда шуд.

Ҳамчунин дар доираи сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва идомаи ғамхориҳо нисбат ба ятимон аз ҷониби Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба 100 нафар наврасон маҷмӯи сару либос, китоб, маблағи пӯлӣ ва шириниҳо тақдим карда шуд. Ин ҳолат хушҳолию фараҳи кӯдаконро афзун намуд.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки дастгирии ятимону бепарасторон дар меҳвари сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, дар ҳар як ҷашну маросим ба онҳо кӯмак расонида мешавад. Ҳамзамон марҳила ба марҳила таҳким бахшидан ба фаъолияти муассисаҳои таълимӣ барои ятимону бепарасторон имкон дод, ки сифати нигоҳубин ва таълиму тарбия дар онҳо беҳтар гардида, кӯдакону наврасони бо амри тақдир бесаробонмонда таҳти ғамхории давлату Ҳукумати мамлакат қарор дода шавад ва дар оянда ҳамчун шахсони фаъолу комилҳуқуқи ҷомеа ба камол расанд.

Бунёду навсозии мактаб-интернатҳо ва фароҳам овардани шароити замонавии зист ва таҳсил барои ятимону бепарасторон намунаи олии дастгириҳои доимии Роҳбари давлат дониста мешавад.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520