Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар тантанаҳои идонаи бахшида ба 1150 – солагии Абӯабдулло Рӯдакӣ

10.09.2008 20:00, шаҳри Панҷакент

Субҳи рӯзи 10 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баҳри иштирок дар тантанаҳои идонаи бахшида ба 1150 – солагии Абӯабдулло Рӯдакӣ ба шаҳри Панҷакент ташриф овард.

Боздиди Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Панҷакент дар деҳаи Панҷрӯд-зодгоҳи поягузори шеъру адаби тоҷику форс Абӯабдулло Рӯдакӣ оғоз ёфт.

Мардуми шеърдӯсту меҳанпарасти деҳаи Панҷрӯд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро бо эҳтирому муҳаббати хосса ва арҷгузорӣ ба сиёсати бобарору пурмаҳсули давлатдории миллӣ самимона истиқбол гирифтанд.

Дар деҳаи Панҷрӯд Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар маросими ифтитоҳи маҷмӯъи иншооти мақбара ва нимпайкараи устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ иштирок ва дар назди меҳмонони сершумори дохилию хориҷӣ суханронӣ намуд.

Дар маҳфили адабие, ки дар назди маҷмӯъи мақбара ва осорхонаи Рӯдакӣ баргузор гашт, баъди суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин Раиси Бунёди фарҳангии Рӯдакии Фаронса Масъуди Миршоҳӣ ва чанде аз пирони барнодили деҳаи Панҷрӯд низ суханронию шеърхонӣ карданд. Шеърхонию шеърдонии мусафедони ҳамдеҳаи Рӯдакӣ, ки ба устод монандии зиёд доранд, ҳамагонро мафтун намуд.

Сипас Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва ҷамъи меҳмонони сершумор бо иншооти ин маҷмаи ба тозагӣ таҷдидшуда аз наздик шинос шуданд.

Онҳо дар назди оромгоҳи Абӯабдулло Рӯдакӣ бо қироати чанд оят аз Қуръони карим барои ободию пешрафти минбаъдаи Тоҷикистони азиз ва некуаҳволии мардуми шарафманди он ба даргоҳи офаридгори олам дуою фотиҳа карданд.

Чунонки дар рафти шиносоӣ бо ин мавзеъ маълум шуд, бо дастгирию ғамхориҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва ҷудо гаштани беш аз шаш миллион сомонӣ оромгоҳи устод мувофиқи тарҳи меъмории биноҳои асри даҳи мелодӣ ва тақозои истиқлолу давлатдории миллӣ мувофиқ карда шуда, осорхонаю чойхонаи ҳудуди оромгоҳ тармиму бозсозӣ гардидаанд ва дар рӯ ба рӯи он нимпайкараи устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ гузошта шудааст, ки худи ҳамон рӯз парда аз болои он бо дастони пурфайзи Сарвари давлатамон бардошта шуд. Тибқи нақшаҳои оянда дар ин ҷо боғи наве ҳам бунёд карда мешавад.

Чунонки аз сӯҳбатҳо аён шуд, зиёрати оромгоҳи одамушшуаро, султони шоирони Аҷам Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва иштирок дар ифтитоҳи иншооти нави атрофи он боиси шодию сарфарозии меҳмонони огоҳу қадршиноси дохилию хориҷӣ гаштааст.

Мардуми сипосгузори деҳаи Панҷрӯди шаҳри Панҷакент аз корҳои ободонию созандагие, ки бо супоришҳои бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ин ҷо анҷом ёфтаанд ва умуман аз сиёсати давлатдорию давлатсозии ин фарзанди сарсупурдаи миллати тоҷик изҳори шодию сарфарозӣ мекунанд.

Баъди иштирок дар тантанаҳои идонаи деҳаи Панҷрӯд Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба маркази шаҳри Панҷакент ташриф овард ва дар маросими ифтитоҳи осорхонаи ҷумҳуриявии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ иштирок намуд.

Зимни шиносоӣ зикр гардид, ки осорхона дар доираи омодагӣ ба ҷашни Рӯдакӣ ва баъди бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷудо гаштани 880 ҳазор сомонӣ пурра мавриди азнавсозӣ қарор гирифт. Ҳоло осорхона аз 8 толори калон иборат буда, дар он осори шаҳри бостонии Саразм, Панҷакенти қадим, давлати Сомониён, ёдгориҳои Рӯдакӣ, экспонатҳои этнографӣ, осори Тоҷикистони Шӯравӣ ва давлати навини Тоҷикистони соҳибистиқлол ба тамошои ҳаводорону дӯстдорони таъриху фарҳанги пурғановати миллати куҳанбунёди тоҷик пешкаш гаштаанд.

Дар кӯчаҳои шаҳри Панҷакент Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва меҳмонони сершумори ҷашнҳои фархундаи миллӣ шоҳиди намоиши бошукӯҳи маҳсули ҳунарҳои мардумии ҳунармандони ин шаҳри куҳанбунёд гашта, аз самараи завқу салиқаи баланди онҳо як ҷаҳон таассуроти дилоро бардоштанд.

Дар чаҳорчӯби нақшаю барномаҳои омодагӣ ба ҷашни 1150 – солагии Абӯабдулло Рӯдакӣ дар шаҳри Панҷакент ва ҳамаи гӯшаю канори он дар зарфи чанд соли охир корҳои зиёди ободонию созандагӣ анҷом ёфтаанд.

Аз соли гузашта ин ҷониб дар шаҳри Панҷакент зиёда аз 30 иншооти хурду бузурги нав бунёд ёфтаанд, ки барои сохтмони 13 иншооти бузурги он қариб 25 миллион сомонӣ маблағҳои ҷумҳуриявӣ бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷудо карда шудааст.

Аксари вазорату идораҳои ҷумҳуриявӣ низ кӯшиш намудаанд, биноҳои идораҳои маҳаллии худро дар доираи ин ҷашнвора ободу зебо ва муҷаҳҳаз гардонанд.

Шоми ҳамон рӯз дар варзишгоҳи марказии шаҳри Панҷакент чорабинии бошукӯҳи идона баргузор гашт, ки бо суханронии шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оғоз ёфт.

Мардуми шукргузори Панҷакенти бостонӣ дар ин ҷо сарвару раҳнамои давлату миллати тоҷик Эмомалӣ Раҳмонро бо ифодаи олии эҳтирому самимият ва меҳру муҳаббат истиқбол гирифтанд.

Ҳунармандони маъруфи театру кино ва устодони рақсу сурудҳои миллӣ намоиши бошукӯҳи театрикунондашуда ва консерти рангоранги идона барпо намуда, хотири ҳазорон нафар меҳмонону сокинони Панҷакенти бостониро болида карданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520