Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар чорабинии канорӣ “Табдили институтҳои иқтисодии глобалӣ ба манфиати умум: Даъват барои бедоршавӣ аз ҷониби Комиссияи глобалӣ оид ба иқтисодиёти об”

22.03.2023 23:50, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико
Иштирок дар чорабинии канорӣ “Табдили институтҳои иқтисодии глобалӣ ба манфиати умум: Даъват барои бедоршавӣ аз ҷониби Комиссияи глобалӣ оид ба иқтисодиёти об”  22.03.2023

22 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар чорабинии канорӣ “Табдили институтҳои иқтисодии глобалӣ ба манфиати умум: Даъват барои бедоршавӣ аз ҷониби Комиссияи глобалӣ оид ба иқтисодиёти об”, ки аз ҷониби ҳамраиси конфронс – Подшоҳии Нидерланд баргузор гардида буд, иштирок карданд.

Иштирокчиён  саривақтӣ будани чорабиниро таъкид намуда, изҳор доштанд, ки вобаста ба вазъи мураккаби захираҳои об зарурати суръатбахшии амалҳо ва  тағйир додани муносибат  ба ин захираҳои бебаҳо пеш омадааст.

Таъкид карда шуд, ки захираҳои об дар рушди иқтисоди кишварҳо  нақши назаррас  доранд ва тавассути он дар  соҳаҳои иқтисодӣ, аз ҷумла обёрии кишоварзӣ, гидроэнергетика, саноат, сайёҳӣ ва дигар соҳаҳо даҳҳо ҳазор  ҷойи корӣ таъсис дода шуда,   ба шуғли аҳолӣ мусоидат карда мешавад.

Таъкид кардан ба маврид аст, ки 98 фоизи барқ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути манбаҳои барқароршаванда истеҳсол гардида, Тоҷикистон дар рушди сабзи минтақа нақши муассир мегузорад. Дар баробари омилҳои манфиатбор  офатҳои табиии марбут ба рушди иқтисодиёт таъсири ногувор мерасонад. Ба таъкиди коршиносон 70 фоизи ҳолатҳои фавқулода ва 80 фоизи талафоти иқтисодӣ ба омилҳои монанд ба офатҳои табии марбут ба об иртибот дорад.Дар солҳои гуногун зарар аз офатҳои табии марбут ба об 8-9 фоизи маҷмуи маҳсулоти дохилиро ташкил медиҳад, ки чунин ҳолат на танҳо хоси Тоҷикистон балки хоси дигар давлатҳо, хусусан давлатҳои ру ба рушд мебошад.

Дар чорабинӣ  сиёсигардонии масъалаи об ҳамчун мавзуи муҳим таъкид гардид ва бо назардошти он такмили  сиёсат ва тарҳрезии стратегияву барномаҳои рушд  тадбири муассир арзёбӣ карда шуд.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки натиҷаҳои конференсияи имрӯза доир ба масъалаҳои об ба дарки амиқи муҳимияти об ва идораи оқилонаи он мусоидат менамояд.

Иштирокчиёни чорабинӣ  муҳимияти ҷалби  таваҷҷуҳи махсусро ба  маҷмуи масъалаҳои марбут ба об таъкид намуданд.

 

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520