Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сафари корӣ ба ноҳияи Истаравшан

09.09.2008 16:00, шаҳри Истаравшан

Минбаъд боздиди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз вилояти Суғд дар ноҳияҳои Истаравшану Шаҳристон идома ёфт.

Мардуми фарҳангпарвару қадршиноси шаҳри Истаравшани бостонӣ сарвару раҳнамои давлати навину соҳибистиқлоли тоҷикон Эмомалӣ Раҳмонро бо шукргузорӣ аз сиёсати сулҳофарию шукуфонии кишвар дар фазои тантанавӣ истиқбол гирифтанд.

Бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон навбати дуюми корхонаи Оби зулол расман ба кор шурӯъ намуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон тугмачаро пахш намуда, дастгоҳҳои ҳозиразамону хушсифати автоматии онро ба кор даровард ва нахустин қуттиҳои афшураи зардолу, ки ба ин ҷо дар зарфҳои калонҳаҷм аз боғҳои беканори зардолупарварони ноҳияи Конибодом оварда мешавад, ба тасмачархи хатти нави технологӣ равон шуданд. Чунонки аён шуд, тамоми корҳои бастабандии афшура ба таври автоматӣ сурат мегирад.

Зимни шиносоӣ бо корхона зикр гардид, ки дар он дар ҳамкорӣ бо шарикони хориҷӣ бо харҷи зиёда аз 2,5 миллион доллари амрикоӣ хатти нави технологӣ омодаи кор гаштааст, ки дар як соат метавонад 6 ҳазор баста шарбати табиӣ истеҳсол намояд. Иқтидори солонааш бошад, ба 36 миллион литр баробар аст. Сифати шарбатҳо ва зарфҳои истифодашаванда ҷавобгӯ ба талаботи байналмилалӣ буда, рақобатпазирии маҳсулоти корхонаро дар бозори ҷаҳонӣ таъмин менамоянд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз рафти корҳо дар ин корхона изҳори хушнудӣ карда, ба масъулини дахлдор дастур дод, ки баҳри коркарди васеъи тамоми маҳсулоти кишоварзӣ дар дохили ҷумҳурӣ, муҳайё намудани ҷойҳои нави корӣ ва аз худ намудани бозори дохилӣ пайваста тадбирҳои судбахш андешанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбари корхонаи «Оби Зулол» супориш дод, ки дар Истаравшан аз хисоби даромадҳои худӣ барои 340 нафар хонанда як мактаби ҳозиразамон бо тамоми таҷҳизоту асбобҳои хонишаш бунёд карда, то оғози соли таҳсили 2009-2010 ба истифода диҳад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520