Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Раиси иҷлоси 77-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид Чаба Короши

22.03.2023 21:30, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико
Мулоқот бо Раиси иҷлоси 77-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид Чаба Короши  22.03.2023

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи “Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид - 2023” дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо Раиси иҷлосияи 77-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид Чаба Короши мулоқот намуданд.

Дар рафти мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои он баррасӣ гардид.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маҷмаи Умумро ҳамчун ниҳоди муҳимми Созмони Милали Муттаҳид арзёбӣ карда, барои ҷонибдории амиқ аз ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон дар ҳалли мушкилоти марбут ба обу иқлим изҳори сипос намуданд.

Ташкили ҳамоиши таърихии Конфронси об, ки дар асоси қатъномаи дахлдори Маҷмаи Умумии СММ бо ташаббуси Тоҷикистон қабул шуда буд намунаи барҷастаи ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони Милали Муттаҳид арзёбӣ шуд.

Ҷонибҳо зимни мулоқот оид ба вазъи мураккаби сиёсиву иқтисодии ҷаҳон, бархӯрдҳои геосиёсӣ ва дигар хатарҳои глобалӣ, аз ҷумла тағйирёбии иқлим ва паҳншавии бемориҳои сироятӣ табодули андеша карданд.

Таъкид гардид, ки Тоҷикистон яке аз кишварҳои пешбарандаи рӯзномаи обу иқлим буда, пайваста барои ташвиқу таблиғи мудирияти дуруст ва истифодаи оқилонаи ин манбаи барои инсоният ҳаётан муҳим кӯшиш ба харҷ медиҳад.

Изҳори итминон карда шуд, ки натиҷаҳои конфронс барои ҳалли масъалаҳои вобаста ба об ва пешбурди Ҳадафи шашуми рушди устувор - “Оби тоза ва беҳдошт” мусоидат хоҳад намуд.

Дар ҳамин замина, Раиси иҷлосияи 77-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ҷонибдории худро аз ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба соли 2028 баргузор намудани конфронси навбатии СММ вобаста ба об дар шаҳри Душанбе, ки дар маросими ифтитоҳи Конференсияи СММ – ОБ 2023 пешниҳод карда шуд, таъкид намуд.

Сарвари Тоҷикистон ба Раиси иҷлосияи 77-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид, барои дар раванди он қабул гардидани қатъномаи нави Маҷмаи Умумии СММ оид ба эълон намудани соли 2025 ҳамчун “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”, аз руи ташаббуси Тоҷикистон, миннатдории худро иброз намуданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520