Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сафари корӣ ба шаҳри Хуҷанд

09.09.2008 14:00, шаҳри Хуҷанд

Рӯзҳои 9-ум ва 10-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баҳри иштирок дар идомаи тантанаҳои идонаи бахшида ба солгарди 17-уми истиқлоли давлатии Тоҷикистон, 1150 – солагии Абӯабдулло Рӯдакӣ ва Соли бузургдошти забони тоҷикӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд қарор дошт.

Тайи ду рӯз Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар тантанаи санаҳои фархундаи мазкур дар шаҳри Хуҷанд, ноҳияҳои Истаравшану Шаҳристон ва шаҳри Панҷакент- зодгоҳи қофиласолори шеъру адаби тоҷику форс иштирок намуда, чандин иншооти ҷашниро мавриди истифода қарор дод ва ба сохтмони як зумра иншооти дигар оғози расмӣ бахшид.

Дар фурӯдгоҳи шаҳри Хуҷанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро роҳбарият ва намояндагони аҳли ҷамоатчигии вилояти Суғд бо шукӯҳу шаҳомати идона истиқбол гирифтанд.

Намоиши рӯдакихонии устодони санъат ва ҳаваскорони навраси шаҳри Хӯҷанд, ки дар саҳни фурӯдгоҳ баргузор гашт, басо дилангезу гуворо таҳия гашта буд.

Баъди анҷоми ин намоиш Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо иштирокчиёну саҳмгузорони сершумори он расми хотиравӣ гирифта, ба онҳо баҳри заҳматҳои сидқию самимиашон, ки дар таҳияи он сарф намудаанд, арзи сипос кард. Онҳо аз ин қадршиносии Сарвари фарҳангпарвари Тоҷикистони навин басо сарфароз ва шоду фараҳманд гаштанд, хусусан ҷавонону наврасон, ки ба раҳбару раҳнамои давлатамон эҳтирому муҳаббати беандоза доранд.

Боздиди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз вилояти Суғд бо иштирок намудани ӯ дар маросими ифтитоҳи пайкараи биринҷии Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар шаҳри Хуҷанд оғоз ёфт.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар соҳили чапи Сирдарё парда аз болои лавҳаи ёдгории пайкара бардошта, онро ба сокинону меҳмонони шаҳри Хуҷанди бостонӣ баҳри арҷгузорӣ ба қофиласолори шеъру адаби тоҷик Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ боз намуд.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии табрикии худ пайкараи Шоҳ Исмоили Сомониро, ки нӯҳ сол пеш дар соҳили рости рӯди Сир қомат афрохта буд, ифодаи ҳастии миллати созандаи тоҷик ва рамзи давлату давлатдории ин халқи куҳанбунёд ва муҷассамаи устод Рӯдакиро рамзи шукӯҳи шеъру адаби оламгири тоҷик ва таҷассуми фарҳангу маънавиёти мардуми мо маънидод кард.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон изҳори умеду боварӣ намуд, ки минбаъд ин мавзеъ Боғистони устод Рӯдакӣ гашта, пояи муҷассамаи ӯ ҷойгоҳи маҳфилороӣ, баргузории шабҳои адабӣ, маҳфилҳои мусиқӣ ва барномаҳои идона мегардад ва чароғи абадии шеъру сухани волои тоҷикӣ дар зодбуми Камолу Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ ва Темурмалики диловар ҷовидон фурӯзон мемонад.

Аҳли адабу ҳунари Хуҷандшаҳри бостонӣ ба Сарвари раъиятпарвари Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон як қолинчаро бо расми дастдӯзии устод Рӯдакӣ чун армуғони идона пешкаш намуданд, ки ҳар нақшу дарзаш бо меҳру муҳаббати хосса дар зарфи се моҳ дӯхта шудааст.

Худи ҳамон рӯз дар назди пайкараи султони шоирони Аҷам Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ намоиши театрикунодашудаи муҳити кору эҷоди Рӯдакию дигар аҳли шеъру фарҳанг дар дарбори амирони сомонӣ ва маҳфили дилорои шеърусурудхонӣ баргузор гашта, барои дар оянда ба як базмҷою маҳфилгоҳи адабию фарҳангӣ табдил ёфтани ин мавзеъ оғози наку гузошта шуд.

Сипас бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сохтмони бинои нави Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оғоз ёфт.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ дар назди устодон ва шогирдони ин донишгоҳ, ки имсол 15-сола шуд, онҳоро бо санаҳои фархундаи умумимиллӣ ва солгарди 15-уми ин даргоҳи илму маърифат шодбош гуфт.

Чунонки аз суханронӣ маълум шуд, ин бинои нимсохт аз мувозанаи Бонки миллии Тоҷикистон бароварда, ба ин донишгоҳ дода шудааст, то ки минбаъд дар он барои 3000 нафар донишҷӯ шароити муосири таҳсилу илмомӯзӣ муҳайё гардад.

Дар ин бино 100 синфхонаи бузургҳаҷм, 24 синфхонаи хурд ва 1 толори маҷлисгоҳ бунёд хоҳад ёфт.

Зимни суханронии худ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти зарурати зиёд ба омодасозии кадрҳои соҳаҳои бизнес, сиёсат ва ҳуқуқи байналмилалӣ ба ҳозирин мужда расонд, ки дар зарфи се соли оянда барои дастгирии бевоситаи сохтмону таҷҳизи ин бино аз ҳисоби Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол як миллионӣ сомонӣ маблағҳои иловагӣ ҷудо мекунад.

Баҳри мусоидати фаъол ба болобарии ҳисси худшиносӣ ва ифтихор аз давлатдории миллӣ ба Вазорати маорифи кишвар дастур дода шуд, ки китоби «Андешаи миллӣ ва истиқлоли давлатӣ» таҳия, нашр ва ҳамчун фанни алоҳида ба барномаи таълимии мактабҳо ворид карда шавад.

Дар шаҳри Хуҷанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин ба мавзеи бунёди фабрикаи ресандагии Хуҷанд-Нику, ки аз ҷониби ширкати тоҷикистонии Хуҷандинвесткоттон ва ширкати эронии Нику бунёд меёбад, ташриф оварда, бо рафти корҳои сохтмону васлгарии он аз наздик шинос шуд.

Зимни шиносоӣ зикр гардид, ки сохтмону таҷҳизи ин бинои нимсохт тибқи супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баҳри коркарди ҳарчи бештари нахи пахта дар дохили кишвар моҳи майи соли равон оғоз ёфт ва то имрӯз аксари корҳои он анҷом ёфта, техникаю таҷҳизоти бо технологияи ҷопонӣ дар кишвари Австрия сохташуда ба ин ҷо ворид гардидааст.

Корхона аз се коргоҳи асосӣ иборат буда, дар он корҳои пахтасафедкунӣ ва истеҳсоли ришта, дастмол, сачоқ ва либосҳои бемористонӣ ба тариқи истеҳсолоти бепартов ба роҳ монда мешавад.

Тибқи нақшаи роҳбарият навбати аввали корхона то охири моҳи ноябри соли равон бояд ба истифода дода шавад ва 250 нафарро бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин намояд. Баъди ба кор даромадани се навбати корхона дар он барои 600 нафар ҷойи кор омода мегардад.

Мувофиқи маълумоти технологӣ навбати аввали корхона метавонад дар як сол аз 3000 тонна нахи пахта 2500 тонна риштаи хушсифат истеҳсол намояд. Корхона дар оянда бо иқтидори пуррааш дар як сол метавонад 9000 тонна нахи пахтарро коркард кунад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин дастур дод, ки оянда ҳамчунин корхонаҳои бофандагӣ, рангубор ва дӯзандагӣ низ бунёд карда шаванд, то коркарди пурраи нахи пахта дар дохили кишвар таъмин гардад.

Дар боғи навбунёди Ваҳдати миллии шаҳри Хуҷанд Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар фазои тантанавӣ бинои маъмурияти онро ифтитоҳ намуда, нашъунамои дарахтони навруста ва истифодабарии пурсамари заминҳои байни қаторҳои онҳоро аз назар гузаронд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз истифодаи самарабахши ин заминҳо, ки саршор аз маҳсулоти кишти такрории дуюм ва сеюманд, хушнуду сипосгузор шуд ва ҳамзамон ба масъулин дастур дод, ки нигоҳубини ниҳолҳои боғро мувофиқи талаботи агротехникӣ ба роҳ монанд, то ки он ба як боғи намунавии кишвар табдил ёбад.

Роҳбари Давлат Эмомали Раҳмон ва ҳамроҳони ӯ дар ин ҷо шоҳиди истифодаи пурсамари заминҳои обии байни дарахтон шуданд. Деҳқонон ният доранд, ки аз ин заминҳо се- чор ҳосили сабзавот ва зироатҳои лӯбиёгию полезӣ ба даст оранд.

Боздиди Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва маҳсули сиёсати раъиятпарваронаи ӯ боиси сипосгузорӣ ва мавриди дуою фотиҳаи неки пирони кор қарор гирифтааст.

Мавриди зикр аст, ки бунёди ин боғ дар масоҳати 120 гектар 20 марти соли равон бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва намояндагони сершумори зиёиёни кишвар чун армуғони наврӯзии онҳо оғоз ёфта буд. Дар боғ 14 намуд дарахтони мевадиҳандаю сояафкан аз ҷониби деҳқонону боғпарварони тамоми шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд шинонда шудааст, ки шумораи умумии ниҳолҳо 44 ҳазор бехро ташкил медиҳад.

Дар боғи навбунёди Ваҳдати миллии шаҳри Хуҷанд Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин ба сохтмони чойхонаи нави миллӣ, бо гузоштани санги асос ва нома ба наслҳои оянда, оғози расмӣ бахшида, ба масъулин дастур дод, ки дар ин ҷо як ҳавзи хуб ҳам бунёд карда шавад ва изҳори боварӣ намуд, ки ин мавзеъ ба як гӯшаи биҳиштосои вилояти Суғд табдил меёбад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520