Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Номаи изҳори тасаллӣ аз Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим–Жомарт Токаев ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

17.02.2023 18:24, шаҳри Душанбе

Дар робита ба оқибатҳои фоҷеабори фаромадани тарма дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба унвони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим–Жомарт Токаев номаи изҳори тасаллӣ ворид гардид, ки дар он омадааст:

«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович!

Хабари фоҷиабори ба ҳалокат расидани одамон бар асари тармафароӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон боиси андӯҳи зиёди мо гардид.

 Дар робита ба ин талафоти ҷуброннопазир зимни изҳори ғамшарикӣ хоҳишмандам аз номи мардуми Қазоқистон ва шахсан аз номи ман ҳамдардии амиқ ва суханони тасаллиомези моро ба пайвандон ва наздикони фавтидагон, инчунин таманниёти ҳарчи зудтар шифо ёфтанро ба зарардидагон расонед».

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520