Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Номаи изҳори тасаллӣ аз Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

17.02.2023 12:30, шаҳри Душанбе

Дар робита ба оқибатҳои фоҷеабори фаромадани тарма дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба унвони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Президенти Ҷумҳурии Беларус муҳтарам Александр Лукашенко номаи изҳори тасаллӣ ворид гардид, ки дар он омадааст:

«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович,

Мо дар Ҷумҳурии Беларус хабари талафоти одамон ва харобиҳои зиёдро бар асари тармафароӣ дар манотиқи мухталифи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо эҳсосоти изтироб ва ҳамдардӣ дарёфтем.

Аз номи мардуми Беларус ва шахсан аз номи худам ба Шумо ва пайвандони фавтидагон таслият ва ҳамдардии амиқ арз менамоям.

Хоҳишмандам суханони самимии ҳамдастӣ ва таманниёти шифои комили маро ба осебдидагон бирасонед.

Умед дорем, ки оқибатҳои ин офати табиӣ ҳарчи зудтар рафъ хоҳанд гардид ва манотиқи зарардида ба маҷрои муътадили зиндагӣ хоҳанд баргашт».

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520