Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Номаи изҳори тасаллӣ аз Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

16.02.2023 20:10, шаҳри Душанбе

Дар робита ба оқибатҳои фоҷеабори фаромадани тарма дар Вилояти Мухтори Кӯҳистон Бадахшон ба унвони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин номаи изҳори тасаллӣ ворид гардид, ки дар он омадааст:

«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович,

ҳамдардии амиқи маро дар робита ба оқибатҳои фоҷеабори фаромадани тарма дар Вилояти Мухтори Кӯҳистон Бадахшон қабул фармоед.

Хоҳишмандам ҳамдардии амиқи маро ба наздикону пайвандони нафарони бар асари офати табиӣ халокшуда, ҳамчунин таманниёти шифои оҷилро ба ҳамаи осебдидагон расонед».

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520