Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Сарвазири Ҷумҳурии Корея Хан Суюнг-су

24.09.2008 23:00, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико

Дар мулоқот бо Сарвазири Ҷумҳурии Корея Хан Суюнг-су оид ба роҳҳои густариш додани ҳамкории барои ҳарду кишвар судманд гуфтугӯйи пурмӯҳтаво сурат гирифт.

«Тоҷикистон Кореяро шарики боэътимоди худ дар минтақа медонад», изҳор дошт дар оғози сӯҳбат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва ба Ҳукумати он барои дастгириҳои пайвастаи кишвари мо арзи сипос намуд.

Сарвазири Ҷумҳурии Корея Хан Суюнг-су изҳор дошт: «Тоҷикистон натанҳо кишвари зебо аст, балки дорои захираҳои фаровони табиӣ буда, дар чорсуи Шоҳроҳи таърихии Абрешим қарор дорад».

Эмомалӣ Раҳмон ва Хан Суюнг-су изҳори боварӣ намуданд, ки технологияҳои пешқадами Корея ва захираҳои фаровони табиии Тоҷикистон бо нерӯи зиёди кориаш заминаи мусоиди ҳамкорӣ барои ду кишвар фароҳам месозанд.

Гуфтугӯйи судманд оид рушди ҳамкориҳои дар бахшҳои гуногуни саноат, гидроэнергетика, электроника, телерадиокоммуникатсия, кишоварзӣ ва дигар соҳаҳо сурат гирифт.

Хан Суюнг-су аз рӯзгор ва фаъолияти кореягиҳои муқими Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ карда, таъкид дошт, ки Корея ҳамчунин баҳри густариши ҳамкориҳои илмию фарҳангӣ ва маърифатӣ бо кишвари ҳавасманд аст.

Эмомалӣ Раҳмон Хан Суюнг-суро даъват намуд, ки ба Тоҷикистон бо сафари расмӣ ташриф биёрад. Даъват бо хушнудӣ пазируфта шуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520