Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Президенти Финландия Таря Каарина Халонен

26.09.2008 00:30, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико

Дар мулоқот бо Президенти Финландия Таря Каарина Халонен масоили густариш додани ҳамкориҳои ду кишвар баррасӣ шуд.

Байни Эмомалӣ Раҳмон ва хонум Таря Каарина Халонен ҳамчунин атрофи мавзӯъҳои чорабинии сатҳи олӣ оид ба баррасии татбиқи Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола, ки ҳарду дар он ҳамраисӣ доштанд, гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.

Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки Ҳукумати Тоҷикистон аввалин шуда, баҳри татбиқи Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола дар кишвари худ барномаю стратегияи дахлдор қабул намуда, рафти иҷрои онҳоро аллакай дар сатҳи байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор додааст.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола ба тағйироту таҳаввулоти ҷаҳони имрӯза мутобиқ гардонда мешаванд.

Аз мунтазамии робитаҳои сиёсии ду кишвар ва саҳми Финландия дар таҳияи Стратегияи Иттиҳоди Аврупо оид ба Осиёи Марказӣ изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Ба роҳ мондани робиатҳои бевоситаи байни соҳибкорони ду кишвар, вусъат додани тиҷорат, бунёди корхонаҳои муштарак дар Тоҷикистон ва иштироки Финландия дар татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионии соҳаҳои гидроэнергетика ва саноати кӯҳӣ аз самтҳои имконпазири рушди ҳамкориҳои минбаъдаи ду кишвар арзёбӣ гардид.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520