Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи изҳори тасаллӣ ба Президенти Ҷумҳурии Федеративии Демократии Непал Бидхя Деви Бхандари

16.01.2023 11:00, шаҳри Душанбе

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Федеративии Демократии Непал муҳтарам Бидхя Деви Бхандари барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Хонуми Олиҷоҳ,

Хабари талафоти зиёди ҷонӣ бар асари суқути ҳавопаймои мусофирбари ширкати ҳавопаймоии Непал боиси андӯҳи амиқи мо гардид.

Дар иртибот ба пайомадҳои вазнини ин фоҷеаи фалокатбор ба Шумо ва ба ҳамаи наздикону пайвандони фавтидагон ҳамдардӣ ва таслияти самимии ин ҷонибро иброз менамоям».

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520