Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шиносоӣ бо мавзеъҳои аз заминларза зарардида дар ноҳияи Тавилдара

16.05.2012 17:00, ноҳияи Сангвор

Аз ин ҷо Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Тавилдара ташриф овард.

Зимни боздид аз мавзеъҳои аз заминларза осебдидаи ин ноҳия, аз ҷумла аён гардид, ки дар ин ҷо асосан хонаҳои деҳоти хурд-хурди кӯҳистон, ки аз сангу лой бе истифода аз сементу дигар масолеҳи сохтмонии устуворкунанда ва қоидаҳои бехатарӣ сохта шудаанд, қисман ва ё пурра хароб гаштаанд.

Ин деҳоти кӯҳистон, аз ҷумла Руботнол ва Ғарибон дур аз ободӣ қарор дошта, аксари хонаҳои онҳо дар роҳи селгузар ва ё мавзеъҳои фурӯд омадани ярчу тарма ҷойгир шуда, барои зист басо пурхатаранд. Аз ин хотир худи сокинони ин деҳот хоҳиш доранд, ки онҳо ба ҷойҳои бехавф, аз ҷумла ба ноҳияҳои вилояти Хатлон кӯчонда шаванд.

Дар деҳаи Ғарибони ноҳияи Тавилдара ба истиқболи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар баробари даҳҳо нафар сокинони он модари куҳансол Сайрам Мирзоева баромад, ки ба синни мубораки 116 расида будааст.

Ин пири ботадбир ба Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дуою фотиҳаи наку дода, ба ӯ ва мардуми заҳматкаши Тоҷикистон комгорию бурдбориҳо таманно кард.

Ба андешаи Сайрам Мирзоеваи 116-сола, сирри асосии дарозумрии ӯ кору заҳмати фаъол дар миёни ҷамъият, нафърасонӣ ба мардум ва баҳрабардорӣ аз табиати биҳиштосои Тоҷикистони кӯҳистон аст.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин дастур дод, ки дар муҳлати 5 рӯзи оянда ҳаҷми зарари расида ва шумораи оилаҳои бесарпаноҳмондаро дақиқ намуда, рӯйхати оилаҳои ба ноҳияи Қумсангир хоҳиши кӯчидан доштаро тартиб диҳанд.

Таъкид гардид, ки ба ҳамаи оилаҳое, ки хонаҳояшон осеби ҷиддӣ дидаанд, барои сохтмони хонаҳои нав дар мавзеъҳои бехавфи зодгоҳашон ва ё дар ноҳияи Қумсангир замини наздиҳавлигӣ ва масолеҳи сохтмонӣ ҷудо карда мешавад.

Дастур дода шуд, ки маҳаллаҳои нави аҳолинишин бо тамоми инфрасохтори зарурӣ, аз ҷумла мактаб, бунгоҳи тиббӣ, хатҳои барқу об ва ғайра ба нақша гирифта шаванд.

Тибқи супоришҳои Сарвари давлат дар ҷойи мактаби харобгардидаи деҳаи Руботноли ноҳияи Тавилдара, ки ҳамчунин бе риояи қоидаҳои бехатарӣ бунёд ёфта будааст, як мактаби нави замонавӣ аз ҳисоби Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта ва таҷҳизонида хоҳад шуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520