ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи аз вазифаи раиси
шаҳри Бохтари вилояти Хатлон
озод намудани Саломзода С.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Саломзода Сиҷоуддин бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи раиси шаҳри Бохтари вилояти Хатлон озод карда шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
11 январи соли 2023
№502