ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи аз вазифаи муовини якуми
Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон
озод намудани Ҳикматуллозода А.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Ҳикматуллозода Абдуғаффор бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини якуми Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
11 январи соли 2023
№501