Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сафари корӣ ба ноҳияи Тавилдара

04.10.2008 18:00, ноҳияи Сангвор

Аз ин ҷо Сарвари Давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Тавилдара ташриф оварда, нахуст оромгоҳи ҳазарати Бурхи Валиро зиёрат намуд. Эмомалӣ Раҳмон ва ҳайати хамроҳи ӯ дар сари манзили охирати ин азизи худованд баҳри ободию пешрафти Тоҷикистон ва таъмини зиндагии саодатманди мардуми он дуою фотиҳаи накӯ карданд.

Сипас Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба маркази ноҳия ташриф овард.

Дар фурӯдгоҳ ҳангоми шеърхонии хонандаи синфи 2-юм Шарифбеки Муродалӣ иттилоъ доданд, ки 8 сол пеш - 15 сентябри соли 2000 Сарвари давлат бо ҳамин писарбача, ки ҳамагӣ 9-моҳа буд, расми хотиравӣ гирифта буд.

Дар маркази ноҳияи Тавилдара Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нахуст бо роҳбарият ва аҳли ҷамоаи он вохӯрӣ намуда, баҳри истифодаи пурсамари заминҳои корам, баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо, васеъ намудани майдони кишти картошка ва бунёди боғҳо, вусъат додани парвариши занбӯри асал ва зиёд намудани саршумор ва хушзот кардани чорво ба масъулин дастуру супоришҳо дод.

Аз ҷумла дастур дода шуд, ки соли оянда дар 100 га боғҳои нав бунёд карда шавад. Худи ҳамин сол шумораи оилаҳои занбӯри асал ба 7,5 ҳазор ва истеҳсоли асал ба 366 тонна расонда шавад.

Сарвари Давлат Эмомали Раҳмон таъкид намуд, ки дар солҳои наздик дар ноҳия боз 2,5 ҳазор гектар заминҳои нав аз худ карда шуда, имсол ва соли оянда барои тармими роҳҳои дохилии он 2,5 миллион сомонӣ маблағҳои иловагӣ ҷудо карда мешавад.

Ба мардуми ноҳия аз ҳисоби Фонди ҷамъиятии хайрияи Тоҷикистон, ки муассисаи Эмомалӣ Раҳмон аст, 5 трактор бо 5 испор, 4 мошини ёрии таъҷилии тиббӣ, 6 автобуси мусофиркаш ва 30 компютер барои мактабҳо тӯҳфа карда шуд.

Байни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми ноҳия сӯҳбатҳои озоду ошкоро сурат гирифт, ки гувоҳӣ аз меҳру муҳаббати беандозаи онҳо ба роҳбару раҳнамои давлату миллати тоҷик аст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзии ноҳия дидан карда, эътимод пайдо намуд, ки аҳли заҳмати он сарфи назар аз оқибатҳои зимистони шадиди гузашта ва камборишии баҳори имсола аз аксари намудҳои зироат ва меваҷот ҳосили хуб ба даст овардаанд.

Сарвари Давлат Эмомалӣ Раҳмон ба мактаб-интернати ҷумҳуриявии воқеъ дар ин ноҳия ташриф оварда, бо тарбиятгирандагони он сӯҳбатҳои падарона анҷом дод. Зикр гардид, ки аз 120 мактаббача 30 касашон падару модар надоранд, боқимонда аз якеи волидони худ маҳрум гашта ё аз оилаҳои камбизоат мебошанд. Барои 38 нафари кӯдакони ятиму бепарастор ва роҳдурӣ дар хобгоҳи навбунёди он шароити хуби зист ва дарстаёркунӣ омода гашааст. Хобгоҳи онҳо катҳои нарму форами хоб, ҳаммом, ҷойи дастурӯшӯйӣ, оби гарму хунук ва тамоми шароити муосири будубошро доро мебошад.

Зикр гардид, ки ба тарбаятгарондагони он пайваста аз ҳисоби Фонди ҷамъиятии хайрияи Тоҷикистон ва дигар саховатмандон кӯмакҳои моддӣ расонда мешаванд.

Дар маркази ноҳия бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бинои нави филиали БДА «Амонатбонк» дар фазои тантанавӣ ба кор дароварда шуд.

Сарвари Давлат Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти он ва дигар бонкҳои саҳҳомии кишвар, аз ҷумла Ориёнбонк дастур дод, ки шумораи мизоҷони қарзгир ва ҳаҷми қарзҳои хурдро ба соҳибкорони деҳоти ин ноҳия зиёд намуда, ба рушду нумӯи иҷтимоию иқтисодии ин гӯшаи дурдасти кӯҳистон мусоидат намоянд.

Сафари серӯзаи президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба гурӯҳи ноҳияҳои Рашт бо натиҷаҳои пурарзиш ва аён шудани меҳру муҳаббати беандозаи мардуми минтақа ба Сарвари Давлатамон ба поён расид.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520