Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сафари корӣ ба ноҳияи Данғара

11.10.2008 17:00, ноҳияи Данғара

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баҳри иштирок дар машварати ҷумҳуриявӣ дар бораи гузаронидани кишти тирамоҳии зироатҳои кишоварзӣ ба ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон сафари корӣ анҷом дод.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон қабл аз оғози қисмати назарявии машварат нахуст ба заминҳои кооперативи истеҳсолии «Сомонҷон», ки дар ҳудуди ҷамоати Лолазори ноҳияи Данғара қарор дорад, ташриф оварда, бо корҳои намунавии деҳқонони ин хоҷагии пешқадам аз наздик шинос шуд.

Дар яке аз қитъаҳои замини ин хоҷагӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо дуою фотиҳаи накӯ ба кишти тирамоҳии гандуми тухмӣ дар замини обӣ оғоз бахшида, дастур дод, ки гандуми тирамоҳии тухмӣ дар 500 гектар заминҳои обии ин хоҷагӣ кишт карда шавад. Ба гуфти ӯ агар ҳар гектари он 40 сентнерӣ ҳам ҳосил диҳад, 2000 тонна гандуми тухмӣ мешавад, ки барои эҳтиёҷоти минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон басанда аст.

Зикр гардид, ки аҳли ин хоҷагӣ бо олимони Академияи кишоварзии Тоҷикистон ҳамкории босамар ба роҳ монда, ба натиҷаҳои баланд сазовор гаштаанд.

Дар хоҷагӣ бо 180 нафар аъзои худ, ки бо маош ва шароити хуби меҳнатӣ таъмин гаштаанд, дар майдони 300 гектар боғу токзори нав, дар 17 гектар картошка, 3 гектар пиёз ва дар заминҳои боқӣ навъҳои дигари сабзавот кишт карда шудааст.

Кишти такрории заминҳо дар ин хоҷагӣ хеле хуб ба роҳ монда шудааст, ки намунаи ибратбахши иҷрои муроҷиатномаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баҳри истифодаи пурсамар аз ҳар ваҷаб замини корам ва зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар дохили кишвар аст. Замини байни қаторҳои боғи навбунёд низ дар ин ҷо босамар истифода мешавад. Аз ҳар гектари қитъаи 17 гектараи он деҳқонон 120 сентнерӣ картошкаи барвақтӣ ба даст овардаанд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар бошишгоҳи саҳроии ҳамин хоҷагӣ бо роҳбарият ва масъулони соҳаи кишоварзии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон доир ба ташкили дурусти кишти тирамоҳии зироатҳо машварати корӣ доир намуд, ки дар он ҳамчунин масъулини Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарони вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳуриявӣ низ иштирок намуданд.

Ба онҳо баҳри вусъат додани кишти тирамоҳии ғаладона ва сабзавоти барвақтӣ барои баҳори соли оянда, истифодаи пурсамар аз заминҳои корам, риояи дурусти қоидаҳои агротехникии коркарди замин ва дар маҷмӯъ афзоиш додани истеҳсоли маводи ғизоии ватанӣ ва таъмин намудани амнияти озуқавории кишвар дастуру супоришҳои қатъӣ дода шуд.

Дар машварат ҳамчунин ҳисоботи раиси вилояти Хатлон Ғайбулло Авзал ва раисони як қатор ноҳияҳои вилоят шунида шуд.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз қонуншиканиҳои зиёд дар тақсимоти замин дар ноҳияи Восеъи вилояти Хатлон изҳори нигаронӣ карда, ба роҳбарияти вилояту ноҳия ва мақомоти дахлдори ҳифзи ҳуқуқ дастур дод, ки баҳри ислоҳи вазъи бамиёномада чораҳои қатъӣ андешанд.

Маслиҳату ҳидоятҳои судманди худро дар машварат ҳамчунин директори институти Зироаткории Академияи кишоварзии Тоҷикистон Саидҷамол Саидов, директори институти Боғпарвари ин Академия Турсунбой Ахмедов, олими соҳа Анвар Ҷалилов ва роҳбарони чанд хоҷагии намунавии ноҳияҳои Данғара, Восеъ ва Бохтар баён намуданд.

Таҷрибаи кишоварзии роҳбари хоҷагии инфиродии ноҳияи Бохтар Ҳоҷиюнусалӣ Қӯшоқов басо ибратбахш маънидод гардид.

Дар охир Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар назди иштирокчиёни машварат суханронӣ намуда, оид ба бӯҳрони иқтисодию молиявии ҷаҳонӣ ва коста гаштани амнияти глобалии озуқаворӣ, роҳҳои пешгирӣ аз таъсири бади он ба бозори истеъмолии Тоҷикистон андешаҳои ҷолиб баён намуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъиян дастур дод, ки майдони кишти такрорӣ дар соли оянда ба 160 ҳазор гектар расонда шавад ва изҳор дошт, ки ин нисбат ба соли равон 60 ҳазор гектар зиёд аст.

Изҳори қаноатмандӣ карда шуд, ки имсол тавассути истифодаи босамари заминҳо ва зиёд намудани истеҳсоли ғалладона қиматшавии босуръати орду гандум натанҳо боздошта шуд, балки нархи он то андозае паст гардид.

Ба олимону мутахассисони соҳаи кишоварзӣ дастур дода шуд, ки баҳри дар амал татбиқ намудани таҷрибаҳои пешқадами илму техника дар истифодаи босамари заминҳои корам ва ба даст овардани ҳосили фаровон бо деҳқонону хоҷагидорон дар алоқаи доимӣ бошанд ва ба мардум тарзи дурусти корро ҳамчунин аз тариқи телевизион ва дигар воситаҳои ахбори умум фаҳмонанд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520