Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар базми фалакхонӣ дар кохи Тоҷикистони пойтахт

18.10.2008 15:00, шаҳри Душанбе

Дар бинои собиқ кинотеатри Тоҷикистони пойтахт, ки баъди таъмиру тармим ва азнавсозӣ номи кохи Тоҷикистонро гирифтааст, бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон базми бошукӯҳи фалакхонӣ баргузор гашт.

Месазад таъкид намуд, ки маҳз бо ташаббус ва дастгирии бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон санъати фалакхонӣ ба қатори ҳунарҳои касбии овозхонӣ шомил гашта, ансамбли «Фалак» мақоми давлатӣ гирифт ва баҳри ривоҷу равнақи он ки аз қаъри асрҳо аз шебу фароз ва таъкибу тазйиқҳои бешумор гузашта ба рӯзҳои мо расидааст, ҳар сол 10 октябр рӯзи санъати фалак расман таҷлил мегардад.

Дар базми имрӯзаи фалакхонӣ ҳунармандони шинохтаи ансамбли давлатии «Фалак» ва ҳунарпешагони касбию ҳаваскор аз минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон ва ҳамчунин кишварҳои Афғонистону Эрон иштирок намуда, бори дагир собит намуданд, ки фалак як навъ санъати воло ва дорои таърихи рангину кӯҳани миллати фарҳангпарвару бостонии тоҷик аст.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон иштироки ҳунармандони афғону эронро, ки маҳорати баланди фалаксароӣ нишон доданд, бо хушнудӣ мушоҳида карда, ба масъулини соҳа дастур дод, ки соли оянда дар Тоҷикистон озмуни байналмилалии фалаксароӣ ба роҳ монда шавад ва натиҷаҳои он дар рӯзи фалак 10 октябр ҷамъабаст гардад.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчуни ба маҳорати баланд ва истеъдоди нотакрори духтараки нобинои фалаксаро Матлуба Раҳимова, ки аз ноҳияи Ёвон омадааст, баҳои баланд дода, ба роҳбарияти Вазорати фарҳанг ва Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастур дод, ки ӯро таҳти сарпарастӣ ва таълиму тарбияи худ қарор бидиҳанд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520