Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи шодбошӣ ба Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев

21.11.2022 10:25, шаҳри Душанбе

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев барқияи шодбошӣ ирсол намуданд, ки дар он гуфта мешавад:

«Муҳтарам Қосим-Жомарт Кемелевич,

Шуморо ба муносибати пирӯзии қатъӣ дар интихоботи президентӣ самимона шодбош мегӯям. Ба ин муносибат самимонатарин ва беҳтарин таманниёти маро қабул фармоед.

Бори дигар ба маснади олии давлатии Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон интихоб гардиданатон далели равшани нуфузи баланди сиёсии Шумо ва дастгирии мардум аз роҳи пешгирифтаатон, ки ба рушди афзоишёбандаи иҷтимоию иқтисодии кишвар ва таҳкими мавқеи он дар арсаи байналмилалӣ нигаронида шудааст, мебошад.

Бовар дорам, ки дар давраи ояндаи роҳбарии Шумо Қазоқистони бародар дар ин роҳ ба қуллаҳои нав мерасад.

Мо талошҳои пайвастаи Шуморо барои ҳамаҷониба тавсеа ва таъмиқ бахшидани муносибатҳои дӯстӣ ва шарикии стратегии Тоҷикистон ва Қазоқистон баланд арзёбӣ менамоем.

Итминон дорам, ки бо амалҳои муштарак мо минбаъд низ ҳамкории созандаи байнидавлатии Тоҷикистон ва Қазоқистонро пеш бурда, онро бо намунаҳои нави амалии мутобиқ ба манфиатҳои бунёдии халқҳоямон ғанӣ мегардонем.

Ба Шумо аз самими қалб саломатии бардавом, саодатмандӣ ва фаъолияти самараноки минбаъдаи давлатӣ ба нафъи рушди устувори кишваратон ва ба мардуми бародари Қазоқистон сулҳу субот ва шукуфоии устувор таманно дорам».

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520