Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба истифода додани бинои Муассисаи таълимии миёнаи умумии №5 дар ноҳияи Деваштич

14.11.2022 11:32, ноҳияи Деваштич
Ба истифода додани бинои Муассисаи таълимии миёнаи умумии №5 дар ноҳияи Деваштич  14.11.2022

14 ноябр дар доираи сафари кории худ ба вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Ҳазорчашмаи ҷамоати деҳоти Муҷуни ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 5-ро мавриди истифода қарор доданд.

Бинои лоиҳавии муассиса дар масоҳати 2,14 гектар бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд шудааст. Фармоишгари ин муассисаи таълимӣ “Маркази татбиқи Лоиҳаи сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии мактабҳо” буда, корҳои сохтмонӣ аз ҷониби коргарону мутахассисони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Строй-рем” ба анҷом расонида шудааст.

Бинои хуштарҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 5-и ноҳияи Деваштич дар доираи сиёсати маорифпарваронаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёд гардида, дар ду баст 1240 нафар хонанда ба таълиму тарбия фаро гирифта мешаванд. Дар муассиса 60 нафар омӯзгорон ба таълиму тарбияи фарзандон машғуланд.

Иттилоъ дода шуд, ки бинои муассисаи таълимӣ аз 4 ошёна ва 26 синфхона,ҳамчунин кабинетҳои фаннию, утоқҳои корӣ иборат мебошад. Дар бинои нави муасисаи таълимӣ китобхона, маҷлисгоҳ, ошхона, синфхонаҳои таълими меҳнат мавҷуд аст.

Барои омӯзиши касбу ҳунар дар мактаб шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Хонандагон дар маҳфилҳои таълими меҳнат барои писарон ва дӯзандагӣ барои духтарон касбу ҳунар меомӯзанд.

Бо мақсади ҷалби бештари наврасону ҷавонон ба варзишу тарбияи ҷисмонӣ дар муассисаи нав толори замонавии варзишӣ ва синфхонаи шоҳмот бунёду муҷаҳҳаз гардидааст. Хонандагон бо истифода аз ин шароитҳои муосир ба намудҳои гуногуни варзиш, аз ҷумла волейболу баскетбол, шашкаву шоҳмот, тенниси рӯйи миз ва ғайра машғул мешаванд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз кабинетҳои фаннӣ ва толори варзишӣ боздид ба амал оварда, бо омӯзгорону хонандагони муассиса суҳбати озоду самимӣ намуданд. Хонандагонро ҳидоят намуданд, ки аз шароити мусоиди фароҳамгардида самаранок истифода бурда, дониши амиқ омӯзанд ва мунтазам ба варзишу тарбияи ҷисмонӣ машғул шаванд,

Тибқи лоиҳа бинои муассиса пурра мутобиқ ба талаботу стандарти соҳаи маориф бунёд гардида, ҳамчунин дорои ҳамаи инфрасохтору иншооти ёрирасон, аз қабили зеристгоҳи мустақили барқӣ, манораи об, анборҳо, нуқтаҳои санитариву гигиенӣ мебошад. Бино пурра тавассути маркази гармидиҳии мустақили худӣ бо гармӣ таъмин карда шуда, дар он системаи ҳавокашӣ васлу насб шудааст.

Дар саҳн ва гирду атрофи бинои муассисаи таълимӣ дарахтони ороишӣ ва гулҳои рангоранг шинонида шудааст, ки ба намои бино ҳусни хоса зам мекунанд. Дар саҳни мактаб ҳамчунин майдончаи замонавии варзишӣ барои машқу тамрини хонандагон ба намуди футбол бунёд шудааст.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520