Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

29.10.2008 18:30, шаҳри Душанбе

Таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат Эмомалӣ Раҳмон, маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гашт, ки дар кори он беш аз 40 масъала баррасӣ шуд.

Дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нахуст масъалаи кадрҳо баррасӣ шуд.

Бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Хоҷамуродов Сардори Хадамоти назорати давлатии фаъолияти тиббӣ, Баҳодур Холназаров Сардори Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фармасевтӣ, Қурбон Тешаев Сардори Хадамоти назорати давлатии сохтмон ва меъморӣ таъин гардида, Озода Раҳмонова узви ҳайати мушовараи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шуд.

Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъсиси Муассисаи давлатии «Ҷаҳоннамо» тасдиқ карда шуд.

Сипас ҳисоботи марказҳои идораи лоиҳаҳои инвеститсионии соҳаи нақлиёт ва роҳсозӣ шунида шуд.

Зикр гардид, ки айни ҳол дар соҳаи нақлиёт ва роҳсозӣ 9 лоиҳаи инвеститсионӣ бо маблағи умумии 1,73 млрд. сомонӣ амалӣ мегардад, ки ин қариб 34 дар сади ҳамаи лоиҳаҳои инвеститсионии кишварро ташкил медиҳад.

Аз аввали татбиқи лоиҳаҳои соҳаи мазкур ба ҳолати 1 октябри соли ҷорӣ 1,1 млрд. сомонӣ аз худ карда шудааст.

Дар татбиқи ин лоиҳаҳо наздики 3100 нафар бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин гаштаанд, ки қариб 1,5 ҳазораш шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд.

Дар чаҳорчӯби ин лоиҳаҳо сохтмони қитъаи Шоҳон-Зиғари роҳи мошингарди Кӯлоб – Қалъаи Хумб, нақби Истиқлол, азнавсозии роҳҳои Душанбе-Хуҷанд-Бӯстон-Чанок бо нақби Шаҳристон, Душанбе-Рашт-Ҷиргатол- сарҳади Қирғизистон, Қурғонтеппа-Дӯстӣ-Панҷи Поён ва ҳамчунин беҳтарнамоии ҳолат ва нигаҳдории роҳҳои маҳаллии шаҳру ноҳияҳо ва деҳоти кишвар анҷом дода мешавад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти Вазорати нақлиёт ва коммуникатсия ва марказҳои идораи лоиҳаҳои инвеститсионии соҳаи роҳсозӣ оид ба тезондани сохтмону азнавсозӣ ва дар мӯҳлатҳои муайяншуда бо сифати баланд анҷом додани корҳо супоришҳои мушаххас дод. Онҳо вазифадор карда шуданд, ки оид ба рафти корҳо ҳар семоҳа ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот пешниҳод намоянд.

Сипас Раиси ноҳияи Дарвоз оид ба ҷараёни иҷрои нишондодҳои Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар давраи то соли 2015, ки соли 2006 қабул шуда буд, ҳисобот дод.

Ба иттилои ӯ маҷмӯи умумии маҳсулоти дохилии ноҳия дар 9 моҳи соли равон ба 34,4 миллион сомонӣ баробар шуд, ки ин нисбат ба нишондоди солонаи соли 2007 2,5 миллион сомонӣ зиёд аст.

Зикр гардид, ки дар 9 моҳи соли равон дар ноҳия 121 гектар заминҳои нав аз худ карда шудааст ва то соли 2012 боз 800 гектари дигар бояд шодоб гардад.

Дар 9 моҳи соли равон ба соҳибкорони ноҳия 4,5 миллион сомонӣ қарзҳои хурди бонкӣ ҷудо шудааст, ки нисбат ба соли 2007 1,1 миллион сомонӣ зиёд аст. Дар ҳамин давра дар ноҳия 506 ҷойҳои нави корӣ муҳайё гаштааст.

Дар ду соли охир 2 нерӯгоҳи хурди обӣ дар деҳаҳои Шкев ва Ёгед бунёд ёфта, дар деҳаи Ширг як нерӯгоҳи дигар бо иқтидори 1260 киловат рӯзҳои наздик ба истифода дода мешавад. Бо мавриди истифода қарор гирифтани ин нерӯгоҳ талаботи аҳолии ноҳия бо нерӯи барқ то 80 дар сад аз нерӯгоҳҳои маҳаллӣ қонеъ гардонда мешавад. Ғайр аз ин сохтмони 4 нерӯгоҳи хурди обии дигар бо иқтидори 2,5 мегават дар назар аст, ки то соли 2015 бояд ба истифода дода шаванд.

Раиси ноҳия ба Президенти мамлакат баҳри кӯмаку ғамхории доимиаш ба аҳолии деҳоти кӯҳистон бори дигар сипосу миннатдории мардуми заҳматкаши Дарвозро арза дошта, таъкид намуд, ки онҳо баҳри иҷрои ҳамаи супоришҳо ва маслиҳату ҳидоятҳои сарвару раҳнамои Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон камар мустаҳкам бастаанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рафти татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авфи шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар қонунигардонии молу мулк» ташвишовар маънидод карда, баҳри иҷрои бечунучарои онҳо ба шахсони дахлдор супоришҳои қатъӣ дод.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, аз ҷумла таъкид дошт, ки татбиқи он дар шароити болоравии нархи озуқаворӣ манфиатҳои аҳолиро ҳифз намуда, ба амалӣ гаштани Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ мусоидат намуд.

Ба иттилои расмӣ дар 9 моҳи соли равон дар баргузории 4 маъракаи асосӣ дар муқоиса ба 9-моҳаи то қабули қонуни мазкур ба ҳисоби миёна беш аз 35 ҳазор сар чорвои калон кам кушта шуд ва маъракаҳо бинобар камшавии хароҷот дар онҳо 12 ҳазор зиёдтар баргузор гашт. Дар натиҷаи амали қонун сатҳи камбизоатӣ аз 83 то ба 56 дар сад коҳиш ёфт. Дар ҳамин мӯҳлат беш аз 1 миллиард сомонӣ ба манфиати мардум сарфа гардид.

Дар баробари ин Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз вуҷуди камбудию норасогиҳои ҷиддӣ дар татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» изҳори нигаронӣ карда, риояи бечунучарои онро аз тамоми табақаҳои аҳолӣ, пеш аз ҳама мансабдорону соҳибкорон талаб намуд.

Дар мавриди Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авфи шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар қонунигардонии молу мулк» зикр гардид, ки аз аввали соли равон ба комиссияҳои шаҳру ноҳияҳо ва ноҳияҳои шаҳри Душанбе 14504 ариза аз ҷониби шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқӣ оид ба қонунигардонии молу мулкашон ворид гардида, аз он 6172 тоаш баррасӣ шуд ва 5300 нафар шаҳодатномаи соҳибмулк гирифтанд. Арзиши молу мулки қонуникардашуда тибқи маълумоти пешакӣ 2,2 миллиард сомониро ташкил дод.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо қотеият хотиррасон намуд, ки то анҷоми мӯҳлати татбиқи қонуни мазкур ду моҳи дигар боқӣ мондааст ва таъкид намуд, ки соҳибмулкон аз ин имкони мусоид бе тарсу ҳарос хуб истифода баранд, зеро чунин тадбир танҳо як бор амалӣ мегардад.

Ба тамоми мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва назоратӣ бори дигар дастур дода шуд, ки ба ин раванд ҳеҷ дахолат накунанд, то ки махфияти раванди қонунигардонии молу мулк пурра риоя карда шавад.

Хотиррасон мекунем, ки мӯҳлати татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авфи шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар қонунигардонии молу мулк» аз 1-уми январ то 31 декабри соли 2008-ум аст, яъне расо як сол.

Дар маҷлис ҳамчунин лоиҳаҳои қонунҳо ва пешниҳодҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба як қатор қонунҳои амалкунандаи кишвар маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд.

Бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи декабри соли равон 100 – солагии академик Бобоҷон Ғафуров таҷлил карда мешавад, дар заминаи мақбараи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ ва иншооту ёдгориҳои атрофи он «Маҷмааи ҷумҳуриявии таърихию фарҳангии Панҷрӯд» таъсис ёфт, Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов гузошта шуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2018
Тел/Факс.: (+992 37)2212520