Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба истифода додани Маркази ташхисию табобатии «Ҳоким» дар шаҳри Ваҳдат

10.11.2022 09:30, шаҳри Ваҳдат
Ба истифода додани Маркази ташхисию табобатии «Ҳоким» дар шаҳри Ваҳдат  10.11.2022

10 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат бинои Маркази ташхисию табобатии "Ҳоким"-ро мавриди истифода қарор доданд.

Иншооти нави соҳаи тандурустӣ дорои 4 ошёна буда, аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Эмомалӣ Азимов бунёд гардидааст.

Бо бунёди бинои нави маркази ташхисию табобатии муосир 40 ҷойи нави корӣ муҳайё гардид.

Корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур моҳи апрели соли 2015 оғоз шуда, бо ҷалби бинокорони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Интер - сириус" мутобиқ ба талаботи замон ба анҷом расонида шуд.

Барои ташхису табобат таҷҳизоти соҳавии замонавӣ аз хориҷи мамлакат дастрас ва насбу васл гардидааст.

Иттилоъ дода шуд, ки дар маркази мазкур 13 ҳуҷра барои бистарӣ кардани беморон бо 40 кат мавҷуд буда, имкон аст, ки дар як вақт то 100 нафар ба табобати амбулаторӣ фаро гирифта шавад.

Инчунин марказ дорои озмоишгоҳи замонавӣ мебошад, ки дар он таҳлилҳои гуногун гузаронда мешавад.

Дар ошёнаи якуми бинои мазкур толори варзишӣ, ҳавзи шиноварӣ, ҳамоми буғӣ ва хушк, ошхона, ҳуҷраи гиёҳдармонӣ ҷойгир аст.

Дар ошёнаи дуюм ҳуҷраҳои ташхиси рентгенӣ, ултрасадо, табобати дандон, сабти барқии дил, физиотерапевтӣ, озмоишгоҳи биохимиявӣ ва вирусологӣ ва ҳуҷраи кории табибон сохта шудааст.

Дар ошёнаи сеюм шуъбаи муолиҷавӣ бо 24 кати хоб, шуъбаи ҷарроҳии умумӣ, эҳёгарӣ бо 8 кати хоб ва 2 ҳуҷраи табобати баъдиҷарроҳӣ бо 8 кати хоб мавҷуд аст. 

16 хонаи якҳуҷрагии истиқоматӣ барои табибону кормандон бошад, дар ошёнаи 4 - уми бино ҷойгир мебошад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароитҳои фароҳамшуда дар маркази ташхисию табобатӣ ба корҳои анҷомёфта баҳои хуб дода, ба табибон маслиҳат доданд, ки бо истифодаи васеъ аз имкониятҳои ин марказ ба сокинон хизматрасониҳои босифату саривақтии тиббӣ расонанд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520