Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3 дар шаҳри Ваҳдат

10.11.2022 08:55, шаҳри Ваҳдат
Ифтитоҳи бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3 дар шаҳри Ваҳдат  10.11.2022

10 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 3-ро ба истифода супориданд.

Бинои нави таълимӣ аз 3 ошёна иборат буда, бо ҷонибдорӣ аз сиёсати маорифпарваронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби соҳибкори ватанӣ, собиқ хатмкардаи ин муассиса Евгений Мулоқандов сохта шудааст.

Дар муассисаи тозабунёд 720 нафар хонанда дар ду баст ба таҳсил фаро гирифта мешавад. Даргоҳи нави маърифат дорои 13 синфхонаи барҳаво, аз ҷумла технологияи иттилоотӣ, таълими меҳнат, ҳуҷраи омӯзгорон ва дигар иншооти ёрирасон буда, бо дастгоҳу аёниятҳои таълимӣ маҷаҳҳаз аст.

Бо ифтитоҳи бинои нави таълимӣ шумораи синфхонаҳои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3 дар шаҳри Ваҳдат ба 55 адад расид ва мушкили норасоии ҷойи нишасти хонандагон ҳалли худро пайдо намуд.

Иншоот дар масоҳати 1500 метри мураббаъ аз рӯи лоиҳаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Архиком” бо ҷалби мутахассисони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Шарора” дар муҳлати муайянгардида бо сатҳу сифати баланд ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои муосир сохта шудааст.

Дар рафти корҳои сохтмонӣ 150 нафар бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин гардиданд.

Раванди омӯзиш дар муассисаи таълимӣ бо забонҳои тоҷикиву русӣ ба роҳ монда шуда, дар бинои нави он 26 нафар ва дар маҷмӯъ дар мактаб 80 омӯзгори ботаҷриба ба таълиму тарбияи насли наврас машғуланд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоӣ бо шароити муосири таълиму тарбияи хонандагон дар даргоҳи нави маърифат бо лоиҳаи иншооти нави ёрирасони Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3 дар шаҳри Ваҳдат шинос гардиданд.

Иттилоъ дода шуд, ки соҳибкори ватанӣ иқдом гирифтааст дар назди ин муасссаи таълимӣ барои хонандагон китобхона, ошхона, майдончаи варзишӣ ва қасри варзишӣ сохта ба истифода диҳад.

Дар асоси лоиҳа китобхонаю ошхонаи муассисаи таълимӣ дар масоҳати 400 метри мураббаъ ҳар кадоме бо 200 ҷойи нишаст сохта мешавад.

Президенти мамлакат муҳатарм Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносоӣ бо лоиҳаи иншооти нави бунёдшаванда ба соҳибкори ватанӣ барои ҷонибдорӣ аз сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва саҳмгузорӣ дар рушди соҳаи илму маорифи мамлакат бо мақсади фароҳам овардани шароити замонавии таълиму тарбияи насли наврасу ҷавон изҳори сипос намуданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520