Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ дар маросими ба истифода додани агрегати сеюми Нерўгоҳи Барқи Обии "Сангтўда- 1"

05.11.2008 14:00, ноҳияи Данғара

Ҳамватанони азиз!
Сохтмончиёни гиромӣ!
Ҳозирини мўҳтарам!

Дар давоми даҳ моҳи охир бори сеюм аст, ки мову шумо ба муносибати ба истифода додани агрегатҳои нерўгоҳи барқи обии «Сангтўда-1» ҷамъ омада, онро ҳамчун рўйдоди фараҳбахш арзёбӣ менамоем. Дар шароити Тоҷикистон, ки чандин сол инҷониб бо сабаби нарасидани қувваи барқ дар фаслҳои тирамоҳу зимистон ба душвориву мушкилоти зиёд рўбарў мегардад, ҳар иқдоме, ки дар роҳи таъмини ниёзҳои энергетикии кишвар сурат мегирад, воқеан хеле муҳим аст.

Боиси хурсандист, ки агрегати сеюми нерўгоҳ дар остонаи Рўзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, ҳамчун армуғони идона ба мардуми кишварамон пешниҳод мегардад.

Бо камоли қаноатмандӣ аз таҳкими муносибатҳои байнидавлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия, ки бо дарки амиқи мушкилоти энергетикии кишварамон аввалин шуда, барои бунёди нерўгоҳи «Сангтўда-1» дасти мадад дароз намуд ва ҷиҳати ҳарчи зудтар сохта ба истифода додани он ҳаматарафа кўшиш ва мусоидат карда истодааст, инчунин аз заҳмати ватандўстонаи бунёдгарони нерўгоҳ, яъне кормандони муҳандисиву техникӣ ва сохтмончиёни тоҷику рус мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани агрегати сеюми нерўгоҳро ба ҳамаи шумо ва кулли мардуми Тоҷикистон муборакбод мегўям.

Бояд зикр кард, ки сохтмони нерўгоҳи «Сангтўда-1» ҳанўз дар замони собиқ шўравӣ оғоз гардида, бинобар сабабҳои ба ҳама маълум якчанд сол қатъ гашта буд.

Хушбахтона, баъди ба имзо расидани Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия оид ба тартиб ва қоидаҳои саҳмгузорӣ дар сохтмони нерўгоҳи барқи обии «Сангтўда-1» бунёди он аз нав шурўъ гардид. Тавре ки қаблан ҳам таъкид карда будам, сохтмони нерўгоҳи барқи обии «Сангтўда-1» дар ҳудуди Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бузургтарин лоиҳаи инвеститсионӣ мебошад, ки бо иштироки Федератсияи Россия ва ширкатҳои он амалӣ мешавад. Ин далели ҳамкории густурдаи шарикони табиӣ ва воқеан стратегӣ мебошад.

Бинобар ин, бо истифода аз фурсат, ба Ҳукумати Федератсияи Россия, ба ҳамаи корхонаву ташкилотҳои пудратӣ, аз ҷумла корхонаҳои «Силовые машины», «Гидросталь», «ЧиркейГЭСстрой», «Зарубежводстрой», «Загранэнергостроймонтаж», «Трест Гидромонтаж» ва тамоми сохтмончиёни тоҷик барои иштирок ва саҳми бузургашон дар сохтмони нерўгоҳ аз номи кулли мардуми Тоҷикистон арзи сипосу миннатдорӣ менамоям.

Таъкид намудан бамаврид аст, ки маҳз бо азму талошҳои созандагии шумо – сохтмончиёни азиз, дар давраи ниҳоят мушкили Тоҷикистон, ки дар айёми сардии шадиди зимистони имсола ба бўҳрони энергетикӣ дучор гардида буд, агрегати аввалини нерўгоҳи мазкур ба истифода дода шуда буд. Аз 20 январи соли ҷорӣ то имрўз дар нерўгоҳ қариб 750 миллион киловатт-соат қувваи барқ истеҳсол гардид, ки дар натиҷа шиддати норасоии он то андозае паст шуд. Баъди мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани агрегати сеюм истифодаи бонизом ва самарабахши захираҳои обӣ ва таъмини эътимоднокии системаи энергетикии кишвари мо боз ҳам беҳтар хоҳад гашт.

Мувофиқи лоиҳа иқтидори истеҳсолии нерўгоҳи барқи обии «Сангтўда-1» ба 670 мегаватт баробар аст. Баъди ба кор дароварда шудани агрегати чорум, ки дар охири соли ҷорӣ ба нақша гирифта шудааст, истеҳсоли солонаи барқ дар нерўгоҳ ба 2 миллиарду 700 миллион киловатт-соат расонида хоҳад шуд.Дар баробари ин, мехоҳам ба таваҷҷўҳи мардуми шарифи Тоҷикистон расонам, ки моҳи ноябри соли ҷорӣ нерўи барқ ба аҳолӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта дар як шабонарўз сесоатӣ ва дар се моҳи зимистон – яъне декабр, январ ва феврал чорсоатӣ зиёд дода мешавад.

Илова бар ин, нерўи барқ ба пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе, маркази вилоятҳо ва дигар шаҳрҳое, ки хонаҳои баландошёнаи истиқоматӣ доранд, бе маҳдудият дода хоҳад шуд.

Ҳамчунин ба мардуми Тоҷикистон муроҷиат менамоям, ки онҳо истифодаи оқилона ва сарфакоронаи нерўи барқу газро ба одати ҳаррўзаи худ табдил дода, ҳаққи истифодаи газу барқро сари вақт пардохт намоянд. Зеро чунон ки ҳама медонанд, мо танҳо дар моҳи ноябри соли ҷорӣ ҳар шабонарўз аз Ҷумҳурии Туркманистон 8 миллион киловатт ва аз Ҷумҳурии Ўзбекистон як миллион киловатт - соат нерўи барқ мехарем.

Инчунин газ низ барои мо асосан маҳсулоти воридотӣ мебошад. Дар сурати пурра мавриди истифода қарор додани иқтидори нерўгоҳ дар фаслҳои тирамоҳу зимистон мо имкон пайдо менамоем, ки зиёда аз як миллиард киловатт-соат нерўи барқ истеҳсол кунем ва вазъи таъминоти барқро дар кишвар беҳтар сохта, аз се як ҳиссаи норасоии онро бартараф созем.

Илова бар ин, татбиқи лоиҳаи мазкур собит менамояд, ки сармоягузории иншооти бузурги энергетикӣ дар Тоҷикистон бартарӣ ва афзалияти бештар дорад. Зеро манфиати иқтисодии иншооти гидроэнергетикӣ хеле бузург аст ва ҳамзамон бо ин, Ҳукумати кишвар барои сармоягузории ватаниву хориҷӣ фазои мусоидро фароҳам овардааст.

Бо дарназардошти торафт коҳиш ёфтани захираҳои ҷаҳонии нафту газ ва пешгўии коршиносони ҷаҳон, ки то соли 2025-ум аз се ду ҳиссаи аҳолии ҷаҳон дучори камобӣ мегардад, мехоҳам зикр намоям, ки кишвари мо бо роҳи амалӣ сохтани лоиҳаҳо дар соҳаи энергетика метавонад давлатҳои ҳамсояро бо нерўи барқи аз лиҳози экологӣ бехатар ва нисбатан арзон таъмин намуда, истифодаи бонизому самарабахши захираҳои обро ба манфиати онҳо низ ба роҳ монад.

Нигаронӣ дар хусуси он, ки бунёди иншооти гидроэнергетикӣ дар Тоҷикистон ба бадшавии системаи экологӣ ва камшавии ҷараёни об дар дарёҳо мерасонад, беасос мебошад, чунки нерӯгоҳҳои барқии обӣ обро аз маҷрои асосӣ намегиранд, бар хилофи обёрикунӣ, ки 80-85 фоизи захираҳои обиро ба таври бебозгашт истеъмол мекунад.

Дар ин робита бори дигар таъкид месозам, ки бунёди иншооти обию энергетикӣ болои дарёҳои Тоҷикистон, пеш аз ҳама ба таъмини тавозун байни масъалаҳои обӣ ва энергетикӣ равона шуда, дар ояндаи наздик ба ягона роҳи паст кардани зарар ва камобу обхезҳои эҳтироми дар ҷараёни миёна ва поёнобӣ Амударё муҳтамал табдил хоҳад ёфт. Иншооти мазкур имкон медиҳанд, ки обёрии саҳроҳои аллакай истифодашаванда ва азхудкунии заминҳои нав таъмин карда шавад. Далели гуфтаҳои боло ташхисҳои аз ҷониби коршиносони Бонки умумиҷаҳонӣ ва олимони аврупоии машҳур анҷомдода мебошанд. Аз ин рӯ бояд зикр кард, ки Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги гидроэнергетикӣ буда, иқтидори захираҳои он зиёда аз 527 миллиард киловатт–соат мебошад, ки ба 70 фоизи нерўи гидроэнергетикии Осиёи Миёна баробар аст.

Аммо чунон ки ҳамаи шумо медонед, имрўз танҳо 3-4 фоизи он истифода мегардад. Ба манфиати ҳамаи мардуми минтақа мавриди истифода қарор додани чунин захираи бузурги табиӣ ва имконияти мусоид амали савоб аст. Аз ин рў, Ҳукумати Тоҷикистон бунёди нерўгоҳҳои хурду бузурги барқи обиро самти муҳими фаъолияти худ медонад. Дар ин замина ҳоло дар кишвар сохтмони нерўгоҳҳои дигар, аз ҷумла «Роғун» ва «Сангтўда-2» низ идома дорад.

Ҳоло барои бунёди онҳо баъзе корхонаву ташкилотҳои ватаниву хориҷие, ки дар сохтмони нерўгоҳи барқи обии «Сангтўда-1» иштирок доштанд, сафарбар гардидаанд. Гузашта аз ин, имрўзҳо аз ҷониби мутахассисони ватаниву хориҷӣ лоиҳаи бунёди якчанд нерўгоҳи барқи обӣ дар минтақаҳои кўҳистони кишвар мавриди омўзиш қарор доранд, ки дар ояндаи наздик барои ба бунёди онҳо низ шурўъ хоҳем кард.

Сохтмончиёни гиромӣ! Меҳнати фидокоронаи шумо – сохтмончиён аз ҳар ҷиҳат намунаи ибрат аст, зеро шумо дар баробари бунёди нерўгоҳ ва ҳалли мушкилоти энергетикии Тоҷикистон, инчунин дар таҳкими робитаҳои ду кишвари ба ҳам дўсту бародар саҳми бузург мегузоред. Итминони комил дорам, ки суръати баланди сохтмони нерўгоҳ минбаъд низ идома ёфта, агрегати чоруми он ҳам пеш аз мўҳлат ба истифода дода хоҳад шуд.

Имрўз аз фурсат истифода бурда, ҳамаи шумо – бунёдгарони нерўгоҳи «Сангтўда-1»-ро баъди пурра анҷом ёфтани коратон ба сохтмони иншоотҳои дигари энергетикии мамлакат даъват менамоям.

Дар охир бори дигар ҳамаи шуморо ба муносибати ба истифода додани агрегати сеюми нерўгоҳи «Сангтўда-1», ки намунаи ибратбахши ҳамкориҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия буда, дар таърихи муносибатҳои мутақобилан судманди ду кишвар саҳифаи наверо оғоз намуд, табрику таҳният мегўям.Дар ин самт ба ҳамаи шумо барори кор, тандурустӣ, сарбаландӣ ва рўзгори хушу осуда орзумандам.

Ташаккур!

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520