Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар маросими тантанавии ба кор даровардани агрегати сеюми нерӯгоҳи обии Сангтӯда-1

05.11.2008 14:00, ноҳияи Данғара

Худи ҳамин рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими тантанавии ба кор даровардани агрегати сеюми нерӯгоҳи обии Сангтӯда-1 иштирок намуд.

Нерӯгоҳи обии Сангтӯда-1 нахустин иншооти гидроэнергетикӣ ва калонтарин сармоягузории хориҷии Федератсияи Россия аст, ки аз замони пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ дар ҳудуди Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба назар мерасад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва намояндагони воломақоми Федератсияи Россия лентаи рамзиро бурида, бо пахши тугма агрегати сеюми нерӯгоҳи обии Сангтӯда-1 - ро дар фазои тантанавӣ расман ба кор дароварданд.

Хотиррасон мекунем, ки нерӯгоҳи мазкур тибқи лоиҳа аз 4 агрегат иборат хоҳад буд, ки иқтидори ҳар яки он 167,5 мегават аст. Иқтидори умумии лоиҳавии нерӯгоҳ 670 мегават аст. Зимни боздид аз маркази идораи нерӯгоҳ зикр гардид, ки ин иншооти гидроэнергетикӣ бо техникаю технологияи навтарини сохти Россия, ки биною иншоот ва ҷойҳои зиёдро ишғол намекунад, муҷаҳҳаз гашта, кори босамари онро таъмин менамояд. Чунонки маълум шуд, кори тамоми нерӯгоҳ аз ҳамин толори хурдакак тавассути якчанд кампютер ва дигар таҷҳизоти хурдҷусса идора карда мешавад.

Ба гуфти мутахассисон бо иқтидори лоиҳавӣ нерӯи барқ истеҳсол кардани агрегатҳои нерӯгоҳ пеш аз ҳама ба баландии сарбанд ва сатҳи оби обанбор вобаста аст. Аз ин хотир агрегатҳои нерӯгоҳ айни ҳол аз иқтидори лоиҳавии худ камтар нерӯи барқ истеҳсол мекунанд, вале бо ҳамин иқтидор ҳам ҳиссаи нерӯгоҳи обии Сангтӯда -1 дар таъмини эҳтиёҷоти энергетикии кишвар басо намоён аст.

Зимни суханронии табрикии худ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба кор шурӯъ намудани агрегети сеюми нерӯгоҳи обии барқии Сангтӯда-1-ро армуғони накӯ дар остонаи Рӯзи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ карда, ба мардуми кишвар мужда расонд, ки тавассути кори босамари ин нерӯгоҳ дар моҳи ноябр 3 -соатӣ ва дар се моҳи зимистон 4 - соатӣ ҳаҷми барқтаъминкунӣ ба аҳолӣ нисбат ба ҳамин моҳҳои солҳои 2007 ва 2008 зиёд карда мешавад. Тибқи иттилои Сарвари давлат ба мардуми деҳот дар моҳи ноябр 7 – соатӣ ва дар се моҳи оянда 8 - соатӣ барқ дода мешавад. «Дар биноҳои баланошёнаи истиқоматии шаҳрҳои ҷумҳурӣ бошад, барқ умуман хомӯш карда намешавад», - таъкид намуд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин изҳор дошт, ки баҳри бо сифати баланд анҷом додани корҳои боқимонда агрегати 4-уми нерӯгоҳ охирҳои моҳи январ ё феврали соли оянда бояд ба кор шурӯъ намояд.

Ҷамъомадагон ва умуман ҳамаи мардуми кишварро бо ин рӯйдоди фараҳбахш ҳамчунин Муовини раиси ширкати Интер РАО ЕЭС – Федератсияи Россия Юрий Шаров шодбош гуфта, бо боварӣ изҳор дошт, ки дар ояндаи наздик Тоҷикистон ба кишвари бузурги гидроэнергетикӣ табдил хоҳад ёфт.

Бо истифода аз фурсати муносиб Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо рафти корҳои сохтмонӣ дар нерӯгоҳи обии Сангтӯда-2 низ, ки поёнтар аз нерӯгоҳи Сангтӯда-1 бунёд меёбад, шинос шуд.

Хотиррасон мекунем, ки нерӯгоҳи обии Сангтӯда-2 бо саҳмгузории муштараки Тоҷикистону Эрон аз ҷониби мутахассисони ҳарду кишвар сохта мешавад. Иқтидори лоиҳавии он 220 мегават аст. Аз маблағи умумии 255 миллион доллари амрикоӣ, ки барои бунёди ин нерӯгоҳ пешбинӣ гаштааст, то имрӯз 84 миллионаш аз худ карда шудааст.

Бо ин маблағҳо техникаю таҷҳизоти зарурӣ ворид карда шуда, ҳамчунин шаҳраки иқоматии сохтмончиён, ду корхонаи бетоншӯрӣ, анборҳо, лаборотория ва дигар иншооти ёрирасон бунёд ёфтаанд. Тибқи иттилои масъулин сохтмони бинои асосии нерӯгоҳ низ бо суръати бештар аз пештара идома дорад.

Бо вуҷуди ин Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз суръати сохтмони нерӯгоҳи Сангтӯда-2 изҳори норозигӣ карда, ба роҳбарони вазорату идораҳои дахлдори Тоҷикистон супориш дод ва аз масъулини ҷониби Эрон талабу дархост намуд, ки бунёди нерӯгоҳ то охири соли 2010 – ум пурра ба анҷом расонда шавад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520