Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар маросими баистифодадиҳии телевизиони шаборӯзии иттилоотии Ҷаҳоннамо

05.11.2008 11:00, шаҳри Душанбе

Дар мамлакат ду рӯйдоди фараҳбахши умумиҷумҳуриявӣ ба вуқӯъ пайваст. Бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон телевизиони шаборӯзии иттилоотии Ҷаҳоннамо ба фаъолият шурӯъ намуд ва агрегати сеюми нерӯгоҳи обии Сангтӯда - 1 ба кор дароварда шуд.

Ба фаъолият шурӯъ намудани телевизиони иттилоотӣ таҳти унвони Муассисаи давлатии Ҷаҳоннамо, ки шабакаи чаҳоруми телевизионии умумиҷумҳуриявӣ буда, шаборӯз мардумро бо хабарҳои наву тоза аз дохил ва хориҷи кишвар бо се забон – тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ошно месозад, рӯйдоди навбатии дорои аҳамияти таърихӣ дар фазои иттилоотию маънавӣ ва фарҳангии Тоҷикистони соҳибистиқлол аст. Чунонки маълум шуд, баъд аз чанд муддат пахши барномаҳои хабарӣ бо забони арабӣ низ ба роҳ монда мешавад.

Дар давоми се соли охир бо ташаббус ва дастгирию пуштибонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва кори босамари Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари шабакаи аввал боз се шабакаи умумиҷумҳуриявии телевизионӣ ба кор дароварда шуд, ки ин бешубҳа аз рушди бонизоми иҷтимоию иқтисодии кишвар ва кӯшишҳои пайвастаи роҳбарияти давлати Тоҷикистон баҳри ғанигардонии фазои иттилоотӣ, демократикунонии ҷомеа ва таъмини гуногунандешию рангорангӣ дар он гувоҳӣ медиҳад.

Фаъолияти озодонаю босамари Симои мустақили Тоҷикистон, ки шабакаи соҳибихтиёри телевизионӣ аст ва даҳҳо шабакаҳои радиоию телевизионии минтақавӣ низ шаҳодат аз фазои пурғановату гуногунранги иттилоотии кишвар аст.

Зимни шиносоии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо шароити кору эҷод дар телевизиони Ҷаҳоннамо иттилоъ дода шуд, ки бинои он дар муддати ҳамагӣ 4-5 моҳи охир сохта ва бо техникаю таҷҳизоти рақамӣ муҷаҳҳаз гардонда шудааст. Таъкид гардид, ки шабакаи навтаъсиси Ҷаҳоннамо бо 6 танзимгоҳи компютерию магнитофонӣ ва маркази ҳозиразамони пахши барномаҳои телевизионӣ таҷҳизонида шуда, бо ҳайати кордону корозмудаи эҷодию техникӣ таъмин гаштааст. 40 адад компютер барои таъмини кори фаврии хабарнигорони телевизионӣ ворид гардидааст, ки ҳамаи онҳо бо шабакаи ҷаҳонии Интернет пайваст мебошанд. «Ба кори ин шабака, ки телевизиони иттилоотии шаборӯзӣ аст, пеш аз ҳама кормандони соҳибтаҷрибаю хушсалиқа ва дар баробари онҳо бештар ҷавони чолоку боистеъдод ҷалб карда мешаванд», - зикр гардид, зимни сӯҳбатҳо.

Бояд таъкид намуд, ки дар ин шабака барои 150 нафар ҷойҳои нави корӣ муҳайё гаштааст.

Зимни сӯҳбат бо ҳайати эҷодии телевизиони Ҷаҳоннамо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон онҳоро ба васеъ намудани донишу малакаи касбӣ ва сайқал додани маҳорати худ ҳидоят намуда, таъкид кард, ки ин телевизион бояд ба мардум зуд – зуд ва шабу рӯз хабарҳои тозаю фаврӣ пешкаш намоянд.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо зер кардани тугма нахустин барномаи шабакаи телевизионии Ҷаҳоннаморо дар фазои кишвар пахш намуд.

Баъд аз чанд лаҳза аз тариқи мавҷҳои шабакаи телевизионии Ҷаҳоннамо паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати солгарди 14 - уми қабули Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон пахш гардид.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520